Баргузор намудани маҷлиси фаврӣ бахшида ба пешниҳоди лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»

Дар таърихи, 16 октябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро барои баррасии ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Бахшида ба ин, имрӯз дар суди шаҳри Душанбе маҷлиси корӣ бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., муовини якуми Раиси суд Қурбониён А.Н., муовини Раис Бобохонхонзода А., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар маҷлис ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маълумот оид ба лоиҳаи қонуни авф дода шуда, ҳамзамон қайд гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.

Аз рӯи маълумоти пешакӣ Қонуни мазкур баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан нисбати зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Аз ин лиҳоз, дар асоси супориши Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз чониби Раиси суди шахри Душанбе Гиёзода М.Қ. ба судяҳо супориш дода шуд, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, риояи ҳатмии талаботи Қонуни мазкурро ба роҳ монда шавад.

Инчунин аз ҷониби Раиси суд моддаи 7-и Қонуни мазкур тафсир ва шарҳ дода шуда, ба судяхо дастурҳои мушаххас дода шуд.

Хамзамон Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А. мухтасар дар бораи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» ба хозирин маълумот дода шуд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе