БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ ШАНБЕГӢ ДАР БИНОИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рӯзи 28 январи соли 2023 ҷиҳати амалигардонии супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри ободу зебо нигоҳ доштани гулгашту хиёбонҳои шаҳри Душанбе, дар бино Суди шаҳри Душанбе бо иштироки Роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе, судяҳо ва кормандони дасгоҳи Суди шаҳри Душанбе шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегии мазкур кормандон суд ҳавлии суди шаҳри Душанбе ва гирду атрофи биноро аз барф ва яхпораҳо тоза намуда, баҳри бехатарии шаҳрвандон шифти бинои Суди шаҳри Душанберо аз яхпораҳо тоза намуданд.

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ