Баргузор гардидани Раёсати суди шаҳри Душанбе дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 3 июли соли 2020 дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода С.С., судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ., Раисон, муовинон ва судяҳои суди шаҳри Душанбе ва суди ноҳияҳои шаҳри Душанбе маҷлиси Раёсати суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар маҷлис масъалаи ҷамъбастии фаъолитяи суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2020 муҳокима гардида, маърӯзаи раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе Холиқмуродзода Д.А., муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе Саидзода М., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии суди шаҳри Душанбе Азизматзода Х. ва баромади раисони судҳои ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси суди И. Сомонии шаҳри Душанбе, Рушанзода С., Абдуллозода М.Ҷ., Саидзода Г.И. ва Нурализода С.М. оид ба фаъолияти кор ва ҷамъбастии нимсолаи якуми соли 2020 шунида шуд.

Дар охир Раёсати суди шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарор қабул намуд.

Раиси суди шаҳри Душанбе — Гиёзода М.Қ.

Муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе — Холиқмуродзода Д.А.

Муовини раиси суди шаҳри Душанбе — Саидзода М.

Муовини раиси суди шаҳри Душанбе — Бобохонзода А.

Судяи суди шаҳри Душанбе — Азизматзода Х.

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе — Рушанзода С.

Муовини раиси суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе — Нурализода С.

Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе — Саидзода Г.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе