БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 6 майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе маҷлис тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-умин солгарди Рӯзи ғалаба бо иштироки  Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. муовни раиси суд  Саидзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ.  ҳозиринро бахшида ба Рӯзи ғалаба  табрик намуда, вобаста ба ин воқеаи муҳими таърихӣ, вобаста ба қаҳрамониҳои фарзандони шуҷову далери миллати тоҷик суханронӣ намуда  изҳор намуданд, ки «Майдони набарди зидди фашистон ва хатти ҷабҳаи ҷанг аз Тоҷикистони мо ҳазорҳо километр дур буданд. Вале садҳо ҳазор фарзандони бо ору номуси тоҷик бо амри дилу виҷдон ба ҳимояи Ватан рафтанд, ба даст яроқ гирифта паҳлу ба паҳлуи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ зидди фашистон ҷангиданд ва ғалабаи оламшумули моро бар душмани ғаддор таъмин намуданд

Сипас, дар идомаи суханронӣ  судяҳо Сафарзода Қ., Абдулғанизода А. ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д., Муҳамади С. ва Юсуфзода Қ. дар мавзӯъҳои гуногун баромад намуда, вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ин ғалабаи таърихӣ,  суханронӣ намуданд.

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ
КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ