Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022». Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо 64 сомонӣ муқаррар карда шуд.

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд.

Дар Буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бартарӣ дода шуда, ба ин бахшҳо қариб нисфи маблағи Буҷети давлатӣ равона шудааст.

Чунин бартарӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз моҳияти иҷтимоии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба ҳифзи ҳамаҷонибаи иҷтимоии халқи кишвар ва беҳдошти зиндагии онҳо равона шудааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 23 Қонуни мазкур, аз 1 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 64 сомонӣ муқаррар карда шавад.