Дар суди ш. Душанбе шикояти кассатсионӣ аз ҳукми суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати Нуров М.Р. баррасӣ карда шуд.
Дар суди шаҳри Душанбе 03 июли соли 2019 аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати Раисикунанда судя Азизматзода Х., судяҳо Ҳафиззода Т. ва Шўҳратзода У., бо иштироки прокурор Садуллозода Ю., ҳимоятгар Холзода Ҷ. ва маҳкумшуда Нуров М.Р. дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаи ҷиноятиро аз рўи шикояти кассатсионии маҳкумшуда Нуров М.Р. нисбат ба ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 апрели соли 2019, ки бо он нисбати Нуров Маҳмасаид Раҷабович, 20 ноябри 1962 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Темурмалик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби 7 фарзанд, муваққатан бекор, беҳизб, қаблан суд шудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст, баррасӣ карда шуд.
Коллегияи судӣ муайян кард, ки суди марҳилаи якум Нуров М.Р-ро барои он гунаҳгор дониста маҳкум кардааст, ки ў тахминан миёнаҳои сентябри соли 2017 бинои ҳамоми дар ҳудуди корхонаи ҶСП “Торгмаш” воқеъ дар кӯчаи Наврӯз, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо барои аз рӯи фаъолият кардан ба иҷора гирифта, дар он кору фаъолият кардааст.
Дар ҳамоми мазкур кор карда истода Нуров М.Р., қасдан бо мақсади ғаразноки фоидаи муфти пулӣ ба даст овардан дар ҳамом фоҳишахона ташкил карда, қасдан тамоми шароитҳои барои анҷоми ин кор мусоидаткунанда махфият, катҳои чубин, сачоқҳои калону майда, рифола (презерватив) ва ғайраро омода намуда, ҳамомро ба сифати фоҳишхона истифода карда, барои дар ҳуҷраҳои ҳамом ба шаҳрвандон алоқаи ҷинсӣ карда, қонеъ намудани нафши шаҳвониашон шароит фароҳам оварда, бар ивазаш аз онҳо маблағӣ пулӣ ва даромади муфт ба даст овардааст.
Рӯзи 09 январи соли 2019 тахминан соати 21:30 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафаи кормандони РМЗҶМТ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ҳуҷраи ҳамом ҷуфти марду зани ба ҳам бегона Сафаров С.А. ва Мамазокирова Ш.М. дар ҷои ҳодиса ошкор карда шуданд, ки Нуров М.Р. қасдан дидаву дониста бо гирифтани маблағи 50 сомонӣ онҳоро барои як соат дар ҳамом бо мақсади қонеъ кардани нафси шаҳвониашон шароит фароҳам оварда, ҷой намудааст.
Дар як вақт Нуров М.Р. бо ин ҳаракатҳояш ба Мамадзокирова Ш.М. имконияти ба танфуруши машғул шуданро фароҳам овардааст, ки охирон барои қонеъ кардани нафси шаҳвонии Сафаров С.А., аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 290 сомонӣ гирифтааст, ки ин маблағ ҳамчун далели шайъӣ аз Мамазокирова Ш.М. ёфта гирифта шудаанд.
Таърихи 24 январи соли 2019 тахминан соати 21:30 дақиқа Нуров М.Р. фаъолияти ҳамом нигоҳдошти фоҳишахонаи ташкилкардаашро давом додааст, ки зимни санҷиш аз тарафи кормандони РМЗҶМТ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоми номбурда ҷуфти дигари марду зани ба ҳам бегона Неъматов М.И. ва Бодурова З.Х. ошкор ва боздошт шудаанд, ки Нуров М.Р. бо гирифтани 50 сомонӣ онҳоро барои алоқаи ҷинсӣ кардан, ҷой додааст.
Ҳамин тариқ, Нуров М.Р. қасдан бо мақсади ғаразноки даромади муфт аз гирифтани ҳаққи хизмати шароитҳои фароҳамоварда, аз пешниҳоди ҷой дар ҳуҷраи ҳамом, сачоқ, рифола (презерватив), нӯшокӣ ва дигар фармоишҳои мизоҷон, фоҳишахона ташкил намуда барои нигоҳдошти он тамоми шароитҳои барои қонеъ кардани нафси шаҳвонии марду занҳо, ҳамзамон имконият ва шароити ба танфурушӣ машғул шудани занон, дар ин фоҳишахона фаъолият кардааст.
Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 03 июли соли 2019 сол ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 апрели соли 2019 нисбати Нуров Маҳмасаид Раҷабович бетағйир, шикояти кассатсионии ў беқаноат мононда шудааст.
*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.
Суди шаҳри Душанбе