Қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе нисбат ба шикояти кассатсионии Садыров О.У.

Имрӯз, дар толори судии суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии Садыров О.У. нисбат ба ҳалномаи суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе баррасӣ карда шуд.

Даъвогар Филилали №77 Бонки давлати амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо даъво дар бораи рӯёнидани қарзи бонкӣ ва фоизҳои ҳисобшуда аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда ба суди марҳилаи якум муроҷиат намуда даъвояшро бо он асоснок кардааст, ки ҷавобгар Садыров О.У. дар асоси шартномаи қарзии таҳти №290116/0003 аз 29 январи соли 2016 маблағи қарзӣ дар ҳаҷми 100 000 сомонӣ ба муҳлати 2 сол бо 26 фоизи солона қарз гирифта, барои таъмини баргардонидани маблағи қарзиаш манзили истиқоматии шахсиашро воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Заҳматобод, хонаи 29 ба гарав гузоштааст. Тибқи талаботи қонун барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатгузорӣ вобаста ба амволи гарав, шартномаи гарав дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз таърихи 29 январи соли 2016 таҳти №3ШГ-16 ба расмият дароварда шуда, аз таърихи 29 январи соли 2016 таҳти иқтибоси №72 китоби 31 саҳифаи 2 дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст. Ҷавобгар тибқи уҳдадории муҳлатноки қарзӣ аз 29 январи соли 2016 гирифтааш оид ба сари вақт баргардонидани маблағи қарз уҳдадорӣ гирифтааст. Муҳлати ниҳоии баргардонидани қарз 29 январи соли 2018 ба охир расидааст, вале то имрӯз ҷавобгар ҳамагӣ 16 133,35 сомонӣ фоизҳои ҳисобкардашудаи қарзро пардохта, 100 000 қарзи асосӣ ва 54 861,09 сомонӣ  фоизҳои ҳисобкардашуда ва пардохтнашуда, ҷамъ 154 861,09 сомониро пардохт накардааст. Вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби роҳбарияти бонк ба таври хаттӣ ва шифоӣ чандин маротиба огоҳ карда шудааст.

Бо ҳалномаи суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз 10 январи соли 2019 даъвои Филилали №77 Бонки давлати амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар бораи рӯёнидани қарзи бонкӣ ва фоизҳои ҳисобшуда аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда, манзили истиқоматии ҷавобгар Садыров О.У. воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Заҳматобод, хонаи 29 қонеъ карда шудааст.

Коллегияи судӣ, маводҳои парвандаи гражданиро омўхта, ваҷҳҳои дар шикояти кассатсионӣ овардашударо муҳокима намуда, ба хулоса омадааст, ки ҳалномаи суди марҳилаи якум, бетағйир мононда шавад.

Ҳамин тариқ, коллегияи судӣ муайян кард, ки асосҳои бекор кардани ҳалномаи судӣ, ки дар моддаи 351 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ҷой надоранд ва суди марҳилаи якум ба ҳолатҳои воқеъии кор баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода, аризаи даъвогиро асоснок қонеъ намуда, ҳалномаи қонунӣ қабул кардааст.

Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионии ҷавобгар беқаноат мононда шудааст.

Ҳамзамон бо парвандаи мазкур аз ҷониби коллегияи судӣ таъиноти хусусӣ нисбати экспертони қарзии Филилали №77 Бонки давлати амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оиди ба таври дахлдор қобилияти пардохтпардозии муштариро насанҷида шартномаи қарзӣ ба имзо расониданашон,  ки дар натиҷа боиси бавуҷудоии баҳси судӣ гардидааст, бароварда шуд.

 

Хабари Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе