Ариза дар бораи аз нав дида баромадани ҳалнома, таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида ва тартиба баррасии он (муҳлати пешниҳоди ариза)

 

  1. Ариза дар бораи аз нав дида баромадани ҳалнома, таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида ва тартиба барраси он.

Муқаррароти боби 41 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои навошкорградида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамударо танзим мекунад, ки ин дарбаргирандаи моддаҳои 381 то 386 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Падидаи мазкур мисли падидаи мурофиаи назоратӣ яке аз василаҳои таъмини санҷиши қонунӣ будани ҳалнома ё таъиноти ба эътибори қонунӣ даромада мебошад. Тафовут ё худ хусусияти хоси институти мазкур дар он аст, ки дар инҷо саҳви судӣ ҷой надорад. Суде, ки ҳалнома ё таъиноти ба эътибори қонунӣ даромадаро қабул намудааст, дар бораи ҳолате, ки асос барои аз нав баррасӣ намудани онҳо шудааст, намедонист ва донистан ҳам наметавонист.

Дар Кодекси мурофиавии гарждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда танҳо бо ду санади судӣ яъне ҳалнома ва таъинот пешбинӣ шуда нисбати қарор ва фармонҳои судӣ чунин тартиби аз нав баррасӣ намудан пешбинӣ нашудааст. Вале баъзе аз муҳақиқони илми ҳуқуқшиносӣ (Т.Қ. Қодиров) чунин мешуморанд, ки аз нав баррасӣ намудани қарорҳои раёсати суди марҳилаи назоратӣ имконпазир аст.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи қисми 1 моддаи 213 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ду санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома мавҷуд аст: а) баъди гузаштани муҳлати шикоят ва эътирози касатсионӣ (яъне баъи гузаштани як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо); б) агар нисбат ба ҳалнома шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод шуда бошад, аз рӯзи қабули қарори марҳилаи кассатсионӣ, агар он ҳалнома ва ё таътнот бо қарори марҳилаи кассатсионӣ бекор карда нашуда бошад.

Инчунин мувофиқи моддаи 361 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти хусусӣ ва эътироз мумкин аст дар муҳлати 10 руз аз рӯзи қабул кардани таъиноти суди марҳилаи якум пешниҳод карда шавад. Пас аз гузаштани ин муҳлат таъинот ба эътибор медарояд.

Қисми 1-и моддаи 381 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ки ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамударо вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудан мумкин аст.

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 381 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида инҳо мебошанд.

  1. ҳолатҳои барои парванда ҷиддие, ки барои аризадиҳанда маълум набуданд ва маълум буда наметавонистанд;

Барои дар асоси ин мафҳум аз нав баррасӣ намудани парванда зарур аст, ки ҳолати навошкоршуда ҷиддӣ бошад. Ҷидияти ҳолат аз рӯйи он муайян карда мешавад, ки тавонад ба қабули ҳалнома ё таъиноти дигар вобаста ба ҳолати кор таъсири баръало расонад. Чунин ҳолатҳо бояд пеш аз баровардани ҳалнома ва ё таъинот ҷой дошта бошанд. Агар ҳолатҳои мазкур баъд аз қабули ҳалнома ва ё таъинот ба вуҷуд омада бошанд, сарфи назар аз ҷидияташон барои аз нав баррасӣ кардани ҳалнома ва ё таъинот асос шуда наметавонанд. Номаълумии чунин ҳолат ба аризадиҳанда ба назар гирифта мешавад на ба дигар шахсон, ки ҳолати мазкур бояд дар ариза ба пуррагӣ нишон дода шуда бошад. Вале дар баъзе аз адабиётҳои ҳуқуқӣ ақида оид ба номаълумии чунин ҳолат ба суд низ чун асоси аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ва таъинотҳо иброз шудааст.

  1. нишондоди баръало бардурӯғи шоҳид, хулосаи баръало бардурӯғи коршиноси судӣ, тарҷумаи баръало бардурӯғи тарҷумон, сохтакории далелҳо, ки боиси баровардани ҳалнома ё таъиноти ғайриқонунӣ ё беасос гардидааст ва мутобиқи ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муайян карда шудааст;

Бо ин асос аз нав баррсӣ намудани парвандаҳо аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда танҳо дар сурати ҷой доштани ҷиноят ва бо ҳукми эътибордаромадаи суд тасдиқ шудани он имконпазир аст. Дар адабётҳои ҳуқуқӣ (аз ҷумла тафсири кодекси мурофиавии гарждании Ф. Россия  Под. Ред. Г.А. Жилина М., 2009. С. 748-749) ва банди 11-и  Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №72 аз 16 июни соли 2015 “Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби судҳо баррасӣ кардани аризаҳо вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда” ақидае мавҷуд аст, ки натанҳо ҳукми суд балки дигар санад низ асос барои аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ва ё таъиноти ба эътибор даромадаи судӣ мебошад (масалан, қарор дар бораи қатъи баррасии парванда дар асоси татбиқи қонуни авф, таъиноти суд ё қарори судя, қарори муфаттиш ё таҳқиқбаранда дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ бинобар гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, фавти айбдоршаванда ё нарасидани шахс ба сину соле, ки аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро мерасад ).

Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуди таркиби ҷиноят дар иртибот бо сархаттӣ мазкур пешбинӣ шудааст: моддаи 351 (Гувоҳии бардуруғ) ва моддаи 359 (Сохтакории далелҳо). Дар сурати бо ҳамин асоси зикршуда пешниҳод намудани ариза ҳукми суд бояд дар ариза замима карда шавад.

  1. ҷинояти тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ё намояндагони онҳо ё судяҳо, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли ҳамин парванда содир гардидааст ва мутобиқи ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муайян карда шудааст;

Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан дар асоси моддаи 359 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ва ё дигар санади судӣ) мисоли банди мазкур шуда метавонад.

  1. бекор кардани ҳалнома, ҳукм ё таъинот ё қарори дигар мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки боиси баровардани ҳамин ҳалнома ё таъинот гардидааст.

Агар ҳалнома ё таъиноти судӣ ба санадҳои дигар мақомот ва шахсони мансабдор асос ёфта бошад, дар сурати бекор шудани онҳо бинобар аз байн рафтани ҳуҷҷати заминавӣ худи ҳалнома ва ё таъинот низ муаллақ мемонад. Аз ин ру ин асос барои аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ва ё таъиноти мазкур мегардад.

Дар моддаи 383 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи суде муайян карда шудаанд, ки салоҳияти баррасӣ намудани ариза дар бораи аз нав дида баромадани ҳалнома, таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардидаро доранд. Тибқи талаботи моддаи мазкур:

Ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи суди марҳилаи якум вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардидаро суде, ки ин ҳалнома ё таъинотро баровардааст, аз нав баррасӣ менамояд. Аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти марҳилаи кассатсионӣ ё назоратиро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргадида, ки дар асоси онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, суде анҷом медиҳад, ки ҳалномаро тағйир додааст ё ҳалномаи нав баровардааст.

Ин яке аз фарқиятҳои ҷиддии падидаи аз нав баррасӣ кардани ҳалнома ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокарда аз аз падидаи баррасии санадҳои судӣ дар марҳилаи назоратӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин хусусияташ падидаи мазкурро падидаи истисноӣ дар қонунгузории мурофиавии гражданӣ меноманд.

Инчунин дар моддаи 383 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон субектоне, ки ҳуқуқи пешниҳод намудани ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои навошкоргардидаро доранд муайян карда шудааст, ки инҳо мебошанд: Ариза дар бораи аз нав дида баромадани ҳалнома, таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз ҷониби тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда ба суде пешниҳод мегардад, ки ин ҳалнома ё таъинотро баровардааст. Чунин ариза метавонад дар мӯҳлати се моҳ аз рӯзи муқарраргардидаи асосҳо барои аз нав дида баромадани ҳалнома ё таъинот пешниҳод шавад.

Доираи шахсоне, ки пешниҳоди чунин аризаро доранд ба тариқи мушаххас дар қонун нишон дода шудааст. Ба онҳо тарафҳо (даъвогар ва ҷавобгар-моддаи 40 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон), прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда (яъне шахсони сеюм, шахсоне, ки ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсон муроҷиат намудаанд ё дар мурофиа бо мақсади додани хулоса баромад мекунанд, аризадиҳандагон ва шахсони манфиатдор оид ба парвандаҳои мурофиаи махсус-моддаи 36 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Бояд қайд намуд, ки маҳдудияти доираи шахсони мазкур ворисияти ҳуқуқии мурофиавиро, ки дар моддаи 46 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, инкор намекунад. Прокурор танҳо дар ҳолате бо ариза ба мазмуни мазкур ба суд муроҷиат карда метавонад, ки агар ӯ мавқеи мурофиавии иштирокчии парвандаро дошта бошад.

Вобаста ба тартиби баррасии ин категоряҳои парвандаҳо ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси моддаи 385 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №72 аз 16 июни соли 2015 “Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби судҳо баррасӣ кардани аризаҳо вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда”- суд аризаро дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии ариза монеа намегардад. Суд бошад дар маҷлиси судӣ баёноти шахсони дар прванда иштирокдоштаро мешунавад, далелҳои оид ба тасдиқи мавҷудияти ҳолатҳои нав ошкоргардида пешниҳодшударо таҳқиқ менамояд, дигар амалҳои мурофиавии заруриро иҷро менамояд, ки онҳо бояд дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда шаванд.

  1. Муҳлати пешниҳоди ариза

Қисмати дуюми мавзӯи ба ман вобасташуда ин муҳлати пешниҳоди ариза вобаста ба ин категорияҳои парвандаҳо мебошад. Дар моддаи 383 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати пешниҳоди ариза бораи аз нав дида баромадани ҳалнома, таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардидаро муайян кардааст, ки ариза бояд дар муҳлати се моҳ аз рӯзи муқаррар гардидани асосҳо барои аз нав дида баромадани ҳалнома ё таъинот пешниҳод шавад. Муҳлати мазкурро барқарор намудан мумкин аст (моддаи 114 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Дар асоси моддаи 384 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №72 аз 16 июни соли 2015 “Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби судҳо баррасӣ кардани аризаҳо вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда”-мӯҳлати пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот дар робита бо асосҳои аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида муайян карда шудааст, ки чунин мебошанд:

— Агар ариза бо асоси дар сархати якуми қисми 2 моддаи 381 КМГ зикргардида (яъне ҳолатҳои барои парванда ҷиддие, ки барои аризадиҳанда маълум набуданд ва маълум буда наметавонистанд) пешниҳод шуда бошад, муҳлати муроҷиат ба суд аз рӯзи дигари рӯзе аризадиҳанда дар бораи мавҷуд будани ин ҳолатҳо огоҳ гардидааст ё мебоист огоҳӣ меёфт ба ҳисоб гирифта мешавад.

— мутобиқи сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 381 ҳамин Кодекс — аз рӯзи дигари эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм оид ба парвандаи ҷиноятӣ;

— мутобиқи сархати чоруми қисми 2 моддаи 381 ҳамин Кодекс — аз рӯзи дигари эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, ҳукм ё таъинот, ки ҳалнома, ҳукм ё таъиноти қаблан баровардаро бекор мекунад ё қарори мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки ҳалнома ё таъиноти аз нав баррасишаванда ба он асос ёфтааст ё аз рӯзи қабули қарори нав аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки ҳалнома ё таъиноти аз нав баррасишавандаи суд ба онҳо асос ёфтааст.

Дар ариза оиди аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ва ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда вобаста ба ҳолатҳои навошкоршуда бояд асосҳои зерин дарҷ ва ҳуҷҷатҳои мазкур замима карда шаванд:

-Маълумоти кофӣ дар бораи суде, ки ҳалнома ё таъинотро қабул кардааст;

-Муҳтавои мухтасари он ( яъне дар он қисме, ки ба асосҳои аз нав баррасӣ кардан дахл дорад)

-Асосе, ки боиси аз нав баррасӣ кардани ҳалнома ё таъинот мегардад (қисми 2 моддаи 381 КМГ ҶТ)

-Маълумот дар бораи муҳлати огоҳ шудан дар бораи ин асосҳо

-Мавқеи мурофиавии аризадиҳанда ва ғайра

Инчунин:

Дар асоси Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №72 аз 16 июни соли 2015 “Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби судҳо баррасӣ кардани аризаҳо вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда” – ба аризае, ки ба суди марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ пешниҳод мегардад, нусхаи тасдиқгардидаи санадҳои судии нисбат ба парванда қабулнамудаи суди дахлдор ҳамроҳ карда мешавад. Инчунин ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз аризаи даъвогӣ (ариза), ки дар асоси он парвандаи гражданӣ ё оилавӣ оғоз мегардад, хусусияти фарқкунанда дорад. Суд дар асоси ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида парвандаи гражданӣ ё оилавӣ оғоз накарда, ҳамон парвандаеро, ки аз рӯи он санади судӣ қабул карда шудааст талаб намуда, ҳамаи маводи ба аризаи баррасишаванда вобаста бударо ба ҳамин парванда якҷоя менамояд.

Гузаронидани муҳлати се моҳаи муроҷиат ба суд барои бар гардонидан ва ё рад намудани қабули ариза асос шуда наметавонад. Зеро ин муҳлатро суд дар асоси аризаи тарафҳо метавонад барқарор намояд, агар суд эътироф намояд, ки ин муҳлат бо сабабҳои узрнок гузаронида шудааст. Бояд дар назар дошт, ки бе сабабҳои узрнок гузаронидани муҳлати муроҷиат ба суд барои рад намудани аризаи пешниҳодшуда асос гардида, суд дар таъинот танҳо ин ҳолатро дарҷ менамояд.

Оид ба натиҷаи баррасии ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокарда вобаста ба ҳолати нав ошкоргардида, суд ё аризаро қонеъ гардонида, санади судиро бекор мекунад, ё аз нав баррасӣ намудани онро рад мекунад. Нусхаи таъинот дар бораи қонеъ намудани ариза ба мақомоте, ки иҷрои санади судии бекоршуда ба зимаи он гуҳошта шудааст, ирсол карда мешавад.

Ба таъинот дар хусуси қонеъ гардонидани ариза ҷиҳати аз нав баррасӣ намудани ҳалном ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида пешниҳоди шикоят манъ аст (қисми 2 моддаи 386 КМГ ҶТ).

Муҳлат ва тартиби пешниҳоди шикояти хусусӣ ё эътироз нисбат ба таъиноти суд дар бора рад кардани аз нав баррасӣ намудани санади судӣ аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи боби 39 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби пешниҳоди шикоят ё эътирози назоратӣ бошад тибқи муқаррароти боби 40 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

 

Корманди дастгоҳи

Суди шаҳри Душанбе                                                              Ҳукумзода А. А.