ҶАЛАСАИ ВАСЕЪИ КОРИИ РАЁСАТИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
5 июли соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъи кории Раёсати Суди шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки он бо иштироки раиси раёсат Зикирзода Л.Х., аъзоёни раёсат, раисони коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода З.Н., Ҳаким Рухшона ва Тағозода А., раисон ва судяҳои судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсӣ сурат гирифт.
Дар рафти ҷаласа фаъолияти кории Суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои он дар давраи нимсолаи 1-уми соли 2024, мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода шуд.