ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 19 декабри соли 2022 дар бинои суди шаҳри Душанбе Раёсати суди шаҳри Душанбе таҳти раисии Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., аъзоёни Раёсат: мувоини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Давлатзода С., муовинон Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А. ва Саидзода М., судяҳо  Абдулғанизода А., Амонзода Н. ва Ҳамидзода Г. Бо иштироки раисон, муовинон ва судяҳои суди ноҳияи Фирдавсӣ ва И. Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа вобаста ба фаъолияти судҳои ноҳияи Фирдавсӣ ва И. Сомонии шаҳри Душанбе дар давраи нимсолаи дуюми соли 2021 ва нуҳ моҳи соли 2022 ва расонидани ёрии амалӣ ба судҳои мазкур мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

Аввалан ҷаласаи мазкурро Раиси Раёсат муҳтарам Гиёзода М.Қ. кушода эълон намуда, баъдан дар судяҳои суди шаҳри Душанбе Амонзода Н., Вализода Т., Нарзуллозода Ш. вобаста ба санҷиши фаъолияти судҳои шаҳри Душанбе бо маърузаҳо баромад намуданд.

Дар охири ҷаласа, вобаста ба 13 масъалаи муҳим қарор қабул карда шуд ва иҷроиши он ба зиммаи раисон, муовинони якум ва муовинони раис ва судяҳои судҳои ноҳияи Фирдавсӣ ва И. Сомонии шаҳри Душанбе  вогузор карда шуд.

 

Давлатқадамов Саидқоим

Корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе