Аксҳо аз ҷараёни баррасии шикояти кассатсионӣ дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд.
Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.
Мутобиқи қисми 3 моддаи 70 Қонуни конститутсионии зикргардида дар суди шаҳри Душанбе сохторҳои зерин фаъолият менамоянд:
— Раёсати суд;
— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ;
— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ;
— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ;
— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
Дар ҳамин асос аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ дар ҳайати раисикунанда судяи суди шаҳри Душанбе — Ҳамидзода Г. ва судяҳои суди шаҳри Душанбе Абдуллозода Г. ва Нусратуллои Асадулло баррасӣ гардид.
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе