Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Роҳбарияти суди шаҳри Душанбе.

Имрӯз, 8 августи соли 2020 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23 июли соли 2016, рӯзи шанбе дар бинои суди шаҳри Душанбе, чун ҳарҳафтаина рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Роҳбарияти суди шаҳри Душанбе, раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., муовини якуми раис Холиқмуродзода Д.А., муовинони раис Бобохонзода А. ва Саидзода М.  дар толори бинои суди шаҳри Душанбе 3 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, арзу шикоятҳои шаҳрвандонро шунида, ба масъулин баҳри дар доираи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра, ҳаматарафа ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳо доданд.

Инчунин, баҳри пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар асоси тадбирҳои тавсиянамудаи  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ворид гардидан ба бинои суд шаҳрвандон аз ҷониби масъулин ҳароратсанҷӣ ва амалиётҳои безараркунӣ гузаронида шуда, баъдан бо ниқобҳои тиббӣ вориди бино карда шуданд.

Ғайр аз ин, баҳри сари вақт, пурра ва ҳамаҷониба таъмин намудани талаботи қонуни мазкур ва баррасии арзу дархостҳои шаҳрвандон рӯзҳои қабули Раис, муовини якум ва муовинони Раиси суди шаҳри Душанбе муқаррар гардидааст, ки шаҳрвандон бо тартиби муқарраргардида метавонанд муроҷиат намоянд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе