ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО УСТОДОН ВА ХОНАДАГОНИ ЛИТСЕЙ БАРОИ ХОНАДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 5 майи соли ҷорӣ  намояндагони суди шаҳри Душанбе аз ҷумла сардори шуъбаи умумии Назирмадзода Д., котибони маҷлиси судӣ Юсуфзода Қубод ва Муҳамади Сафарзод, бо иштироки сиёсташинос Абуллоҳи Раҳнамо дар Муассисиаи таълимии литсей барои хонадагони болаёқати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тибқи нақша-чорабиниҳое, ки аз ҷониби суди шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст, бо устодон ва хонандагони муассисаи мазкур вохӯрданд.

Дар вохӯрии мазкур кормандони суди шаҳри Душанбе  вобаста ба мавзуҳои мубориза зидди терроизму экстремизм, ватандӯстиву ватандорӣ ибрози ақида намуданд.

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ
КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ