Ҷамъомади тантанавии суди шаҳри Душанбе бахшида ба 28-солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди шаҳри Душанбе, муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Қурбониён А.Н., судяҳои суди шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи суд ва васоити ахбори омма баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур сараввал иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди шаҳри Душанбе  — Қурбониён А.Н. тамоми кормандони суд ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз аризиши олии ин ҷашни бузург барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таманниётҳои некӣ худро иброз доштанд.

Сипас, судяи суди шаҳри Душанбе – Шӯҳратзода У. ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Абдулхайрзода Ҷ. ва Ҳусензода Ф. баромад намуда, кормандон ва кулли мардуми Тоҷикистон бо рӯзи таърихӣ муборакбод намуданд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе