Иштироки кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нимаи дуюми 31 майи соли ҷорӣ дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо  барои кормандони дастгоҳи судҳои суди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар давраи нимсолаи якуми соли 2019 семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Семинари омӯзишии мазкур бо роҳбарии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Додозода Абдуманон гузаронида шуд.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии мазкур ҳар ҷумъаи охири моҳ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандони дастгоҳи суд ба роҳ монда мешавад.

Дар семинари мазкур мавзӯъҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд:

  1. Амал ва қарори суди марҳилаи якум оид ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда — маърузачӣ Исматуллозода Меҳриддин, котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Рӯдакӣ;
  2. Иштироки прокурор дар мурофиаи гражданӣ — маърузачӣ Сафаров Сайдалӣ, Ёрдамчии Раиси суди шаҳри Ҳисор;
  3. Танзими ҷашну маросимҳои расмӣ ва оилавӣ — маърузачӣ Кенҷазода Обид, котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

Ҳамзамон дар рафти семинари омӯзишии мазкур Фармони Раиси суди шаҳри Душанбе аз 06 майи соли 2019 вобаста ба бо масъулияти баланд иштирок намудан дар мусобиқаи волейбол байни бонувони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе, ба:

  1. Ҳабибуллозода Лола — котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (сардори даста);
  2. Ғафурзода Фарзона — сармутахассиси Бахши иттилоотӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Муҳиддинова Шаҳноза — котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе;
  4. Насриддинова Шоҳсанам — сардори шуъбаи умумии суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
  5. Рӯзизода Гулноз — котиби маҷлиси судии суди ноҳияи И. Сомонии суди шаҳри Душанбе;
  6. Юсуфбекзода Роҳила — котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шоҳманнсури шаҳри Душанбе;
  7. Бекзода Сайрам — Котиби судии суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе —

барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи волейбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» раҳматҳматнома эълон карда шудааст, супорида шуд.

Суди шаҳри Душанбе