Ҷамъомади тантанавии суди шаҳри Душанбе бахшида ба иди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ»
25.06.2019 11:54
Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба иди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин, судяҳои суди шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи суд ва васоити ахбори омма баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур сараввал Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. тамоми кормандони судҳо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бахшида ба ин 22-солагии Ваҳдати миллӣ табрик намуда, таманниётҳои некӣ худро иброз доштанд.
Сипас, судяи суди шаҳри Душанбе — Абдулғанизода А. ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Ҳусензода Ф. ва Назирмадзода Д.Н. баромад намуда, кормандон ва кулли мардуми Тоҷикистон бо рӯзи таърихӣ муборакбод намуданд.
Дар баробари ин Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. такя ба суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, даъват ба амал оварданд, ки тамоми кормандони суд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба халқ ва мардуми Тоҷикистон, риоя ва тадбиқи дурусти санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи хешро адо намуда, ин Ваҳдати миллиро пос дошта, баҳри пойдории он саҳми худро гузоранд.
Суди шаҳри Душанбе