25-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ФАРХУНДА БОД!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии кишвар дар барқарорсозии асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ташаккул ва инкишофи низоми қонунгузорӣ, таъмини қонунияту тартибот, рушди иқтисодиёти мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, муаррифии давлату миллати тоҷик ба ҷаҳониён саҳми аввалиндараҷа, таърихӣ ва басо бузург дорад.

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бешак, собитгари мавқеъ, нуфуз ва нақши баланди ин Санади олии ҳуқуқӣ буда, моро водор ба он месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар риоякунандаи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо бошем. Зеро итоат ба қонун ва риояи он кафили зиндагии осудаву шоистаи ҳар фард аст.

Бо таманнои он, ки имрӯзу рӯзҳои дигар волоияти ҳуқуқ ва қонун дар Тоҷикистони бузург то абад таъмин бошаду зиндагии арзанда, хуррамиву шодмонӣ ва хушбахтиҳои ҷовидонӣ ҳамрадифи умри ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гардад!

25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни бузурги миллӣ муборак бод!

Суди шаҳри Душанбе