ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 феврали соли 2019, № 1274
қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 марти соли 2019, № 629
ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба банди 19) қисми 1 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.606; с.2012, №4, мод.252, №7, мод.686, №12, қ.1, мод.1024; с.2014, №7, қ.2, мод.400, №12, мод.824; с.2015, №11, мод.957, №12, қ.1, мод.1113; с.2016, №5, мод.364, №7, мод.618) сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар шаҳри Душанбе;».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1590