Баргузории машғулияти идоравӣ вобаста ба риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Санаи 19 апрели соли 2019 соати 15:00 дақиқа дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе, ҷиҳати иҷрои банди 3 нақшаи кории Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар суди шаҳри Душанбе, машғулияти идоравӣ дар байни кормандони суди шаҳри Душанбе вобаста ба риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузор гардид.
Машғулияти мазкур аз ҷониби Муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин роҳбарӣ гардида, оид ба риояи бечунучарои талаботҳои қонуни мазкур даъват ба амал оварда шуд.
Дар рафти машғулият кормандони суди шаҳри Душанбе, аз ҷумла Раҳмонзода М. ва Назирмадзода Д.Н. оид ба манфиатҳои самараноки қонуни мазкур ва аҳамияти он ба мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд.

Акс аз ҷараёни барузории машғулият дар суди шаҳри Душанбе

Акс аз ҷараёни барузории машғулият дар суди шаҳри Душанбе
МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе