Ҷавони 18 сола барои куштори қасдонаи аз ҳиссиёти авбошӣ содиршуда ба 20 соли маҳруми аз озодӣ маҳкум гардид.
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Абдулғанизода А., машваратчиёни халқӣ: Қодиров М. ва Хайруллозода Р., бо котибии Мирзомуродов М.А., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Раҳимов С., ҳимоятгар Шаропов З., дар маҷлиси кушоди судӣ дар толори №1-и суди шаҳри Душанбе, 2 июли соли 2020, парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Меҳроҷиддини Саидҷаъфар, рӯзи таваллудаш 13 феврали соли 2002, зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи нопурра, пеш суд нашудааст, муҷаррад, сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, кўчаи А. Дониш, бо моддаи 104 қисми 2, банди «к»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард:
Меҳроҷиддини Саидҷаъфар қасдан куштори Муродзода Дустмуродро бо ҳолатҳои вазнинкунанда, аз ҳиссиёти авбошӣ дар ҳолатҳои зерин содир намуд.
Чунончӣ, ў 6 майи соли 2020, тахминан аз соати 1900 то 2000 дақиқа, дар дохили нуқтаи фурўши машруботи спиртӣ, воқеъ дар кўчаи Гипрозем, ки ба собиқ бозори «Сомон» тааллуқ дорад, машруботи спиртии навъи арақ ва оби ҷав истеъмол намуда, бо шаҳрванд Муродов Дустмурод Элмуродович ҷанҷол намуда, ӯро бо алфози қабеҳ дашном кард.
Сипас, Муродов Д. дигар ба суханҳои ў аҳамият надода, бо мақсади ба хона рафтан ба берун баромадааст. Меҳроҷиддини С. бошад, ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани номбурда аз ҳиссиёти авбошӣ дар назди дари даромадгоҳи нуқтаи зикршуда ба ҷабрдида Муродов Д. дарафтода, бо истифода аз корди бо худдошта ду маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ў задааст.
Тибқи хулосаи эксперизаи тиббӣ-судии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои тиббӣ-судии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2020 сол, Муродов Д. аз захми халандаи гузарандаи қафаси сина аз рост бо шикасти қабурғаи 4-5 ва осеби ҳиссаи поёнии шуши рост бо гузариш ба диафрагма ва ҳиссаи рости ҷигар бо хунравии шадиди даруна ва беруна, захми буррандаву гузарандаи меҳроби дил аз чап бо осеби каҷии калони меъда ва ғадуди зери меъда, бо хунравии дохили батни, садамаи гемороги дараҷаи 4, нисбат ба одамони зинда мансуб ба дараҷаи зарари вазнини саломатӣ, бо нишонаҳои хавфнок будан барои ҳаёт ба ҳалокат расидааст.
Пас аз баррасии парвандаи ҷиноятӣ коллегияи судӣ, бо дастрасии моддаҳои 332-339, 341-344, 347 ва 348-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин ҳукм кард:
Меҳроҷиддини Саидҷаъфар бо моддаи 104 қисми 2, банди «к»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бист сол, бо адо кардани ҷазо дар колоннияҳои ислоҳии низомашон сахт таъин карда шуд.
Нисбат ба ҳукми мазкур тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мункин аст.
*Истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.
МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе