Ҷамъомади тантанавии суди шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ»

16.06.2021 сол

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» таҳти раисии раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., бо иштироки муовинони раис, судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва васоити ахбори омма баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур сараввал раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. тамоми кормандони судҳо  ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бахшида ба ин 24-солагии Ваҳдати миллӣ табрик намуда, таманниётҳои некӣ худро иброз доштанд.

Сипас, судяи суди шаҳри Душанбе — Сафарзода Қ.Ҳ., кормандони дастгоҳи суд Наҷмиддинзода О., Самандари Қ., Мирзомуродов М. ва Назирмадзода Д.Н. баромад намуда, бо ин рӯзи таърихӣ ҳозиринро табрику муборакбод намуданд.

Дар баробари ин Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. такя ба суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, даъват ба амал оварданд, ки тамоми кормандони суд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба халқ ва мардуми Тоҷикистон, риоя ва тадбиқи дурусти санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи хешро адо намуда, ин Ваҳдати миллиро пос дошта, баҳри пойдории он саҳми худро гузоранд.

Аксҳо аз ҷараёни баргузории ҷамъомад:

Суди шаҳри Душанбе