10 соли маҳруми аз озодӣ барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон

Суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Нарзуллозода Ш.Н. бо котибии Мирзомуродов М., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Саъдуллозода С.С., ҳимоятгарон Вакилов М.Д., Убайдуллоев Ф., Юнусов С., бо иштироки Маликзода Н. дар маҷлиси кушодаи судӣ дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе рўзи 10 июли соли 2020 парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда:  М.Н.С., таваллудаш 29 июли соли 1978, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии иқтисодӣ, оиладор соҳиби як фарзанд, ҷойи кораш Агентии обуҳавошиносӣ,  қаблан суд нашудааст,

дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, баррасӣ намуда суд, муайян кард:

М.Н.С. бо мақсади ба даст овардани маблағи калони пулӣ, бо роҳи фиреб ва сўиистифода аз боварӣ, ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ, даст задааст.

Чунончӣ; Ў, соли 2008 бо Масалиева Наргис Сайумаровна шиносои пайдо намуда, бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, яъне таҳрифи ҳолати воқеии ҳақиқат, хабар додани маълумоти нодуруст ва нагуфтани ҳақиқати воқеӣ, бо мақсади он ки Масалиева Н.С.-ро ба гумроҳӣ водор сохта, иштибоҳи қаблан дар номбурда пайдошударо барои ноил шудан ба мақсадҳои муайяни худ, тасарруфи амволи ғайр истифода бурда, ҷабрдидаро моили бо хоҳиши худ додани амволаш ва дар шуури ў чунин додани амволро қонунӣ, зарурӣ ва манфиатнок ҳисобиданро ба вуҷуд овардааст.

М.Н.С. 28 июли соли 2010 бо Атаев Далер Мирзохуршедович, ки собиқ ҳамкораш дар ҶСП “Вавилон-Мобайл” буда, дар якҷоягӣ кору фаъолият мекардаанд, бо додани маълумоти бардуруғ оиди ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси шартномаи қарзӣ 20000 доллари ИМА-ро ҳамчун қарз бо додани фоиз ба муҳлати 6 моҳ гирифта, бар ивази он манзили истиқоматии худро воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Муҳаммадиев, бинои 34, ҳуҷраи 110 ба гарав мегузорад. Бо ин роҳ маблағи мазкурро азонихуд намуда, ягон фаъолияти соҳибкориро ба роҳ намонда, ба манфиати шахсияш сарф намудааст.

Ба ғайр аз ин, М.Н.С. дар асоси хатти никоҳ АА №0037916 бо шаҳрванд Салимова Маҳина Нуриддиновна 17 июли соли 2004 ақди никоҳ баста, дар ин бора дар дафтари сабти ақди никоҳ таҳти №491 сабт шуда, аз ҳаёти муштарак соҳиби як фарзанд бошанд ҳам, Масалиев Н.С.-ро фиреб дода, бо роҳи додани маълумоти бардуруғ ба номбурда худро ҳамчун марди муҷаррад муаррифи намуда, ба ў муносибати наздикро ба роҳ монда, ҳамзистӣ намудаанд. Ҳамин тарз дар вуҷуди Масалиева Н.С. меҳру муҳаббатро нисбати худ ба вуҷуд оварда, бо роҳи фиреби фаъол маълумоти бардурўғро дар бораи он, ки гӯё ў дар ҳудуди ВМБК маблағҳои идоравии ҶСП «Вавилон-Мобайл»-ро ба андозаи 50000 доллари ИМА гум карда, барои аз кор пеш нашуданаш ва барқарор намудани ин маблағ номбурдаро дидаю дониста гумроҳ карда, дар ў тасаввуроти нодуруст доир ба зарурати ба гарав мондани амвол — манзили истиқоматиаш воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи А.Дониш, бинои 16, ҳуҷраи №27 бо мақсади гирифтани қарз ба вуҷуд овардааст. М.Н. бори аввал 28 июли соли 2010, аз Атаев Д.М. маблағи 20000 доллари ИМА гирифта ба ў ваъда медиҳад, ки тиҷорати кошонаи ҳуснро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба роҳ мемонад ва аз маблағҳои гирифтааш ба Атаев Д.М. фоиз медиҳад. Барои гирифтани қарз хонаи истиқоматиашро дар кўчаи Муҳаммадиев, бинои 34, хонаи №110-ро ба гарав мегузорад. Масалиева Н.С. манзили истиқоматиашро дар кўчаи А. Дониш, бинои 16, хонаи №27-ро 15 феврали соли 2011, аз шаҳрванд Турдибоева Саходат Ахмаджоновна аз маблағҳои пасандози худ ба миқдори 36000 доллари ИМА харидорӣ намуда, шартномаи хариду фурўшро дар номи Масалиева Н.С. дар Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Шоҳмансур ба қайд гирифта, баъди таъмири хона ва хариди амволҳои рўзгор Масалиева Н.С. бо духтараш Масалиева Шаҳризода дар моҳи августи соли 2011 вориди манзили истиқоматиашон гашта то имрўз истиқомат карда истодаанд. Мираков Н.С. моҳи ноябри соли 2011 боз бо шаҳрванд Атаев Д.М. вохӯрда, пешниҳод мекунад, ки барои хариди таҷҳизотҳои кошонаи ҳусн маблағи пулӣ ба миқдори 25000 доллари ИМА лозим мебошад ва ба муҳлати 6 моҳ бо фоиз богарави манзили истиқоматии ҳамсари дуюмаш Масалиева Н.С. воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш, бинои 16, ҳуҷраи №27 барояш қарз диҳад. Атаев Д.М. бо мақсади фоидаи муфт ба даст овардан аз фоизҳои гирифтааш, ба пешниҳоди М.Н.С. рози мешавад. Ҳолати мазкурро гўфтугўи сабти телефонии Масалиева Н. бо Атаев Д.М. ва Атаев Б.М. ва хулосаи экспертизаи судӣ-фоноскопии РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №129 аз 22.02.2020 сол, оиди гирифти фоизҳо аз тарафи Атаев Д.М. тасдиқ мекунад. М.Н.С. бо мақсади фиреб ба Масалиева Н.С. мегўяд, ки хонаашро ба Атаев Д.М. ба гарав гузошта маблағи пули гирифта қарзҳои ҷои корашро пардохт мекунад ва дар давоми 4 моҳ маблағи Атаев Д.М.ро баргардонида, хонаро аз гарав озод мекунад. Баъди бовар кунонидани Масалиева Н.С., М.Н.С. дар асоси шартномаи гарав аз 16 ноябри соли 2011 бар ивази манзили истиқоматии Масалиева Н.С. аз Атаев Д.М. 25000 доллари ИМА-ро ҳамчун қарз гирифта, азонихуд намуда, ба манфиатҳои шахсии худ сарф намудааст.

Ба ғайр аз ин, М.Н.С. аз моҳи декабри соли 2011 то моҳи апрели соли 2013 барои гӯё пардохти маблағи қарз ба Атаев Д.М. аз Масалиева Н.С. дар якчанд ҳолат ҷамъ ба маблағи 24800 доллари ИМА-ро гирифта ваъда медиҳад, ки маблағҳоро ба Атаев Д.М. дода хонаи ўро аз гарав озод мекунад. М.Н.С. маблағҳои мазкурро гирифта хонаи Масалиева Н.С.ро аз гарав озод намекунад. М.Н.С. бо мақсади ғаразнок кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, бо роҳи додани дастхат ба Атаев Д.М. аз 1 январи соли 2011, оиди тасдиқи гирифтани қарз ба маблағи 25000 доллари ИМА, додани забонхат ба Атаев Д.М. аз 20 марти соли 2013 оиди тасдиқи гирифтани қарз ба маблағи умумии 46250 доллари ИМА бо кафолати манзили истиқоматии худ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Муҳаммадиев, бинои 34, ҳуҷраи №110 ба муҳлати 6 моҳ ва пардохти пурраи ин маблағ баъди фурўши амвол ба боварии номбурда даромада, оиди аз гарав озод намудани ин манзили истиқоматӣ маслиҳат менамоянд.

Таърихи 15 апрели соли 2013 гӯё дар бораи иҷро шудани уҳдадорӣ аз рўи шартномаи қарз аз 28 июли соли 2010 ва аз гарав озод намудани манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Муҳаммадиев, бинои 34, ҳуҷраи №110, Атаев Д.М. ва М.Н.С. ба Идораи нотариалии ноҳияи Сино ариза пешниҳод намуда, онро аз гарав озод менамоянд. М.Н.С. манзили истиқоматии худро аз гарав озод намуда, то ба имрўз онро ба фурўш нагузошта маблағи қарзи Атаев Д.-ро оиди аз гарав озод кардани хонаи истиқоматии Масалиева Н.С., ки дар зимааш мебошад, напардохтааст. Баъдан Мираков Н.С. бо мақсади пешгирӣ намудани Масалиева Н.С. барои кирдорҳои ҷинояткоронааш ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накардан ва ба бовариаш даромадан, 16 декабри соли 2014 М.Н.С. бо аризаи тариқи нотариалӣ тасдиқ гардида ҳолати барои ба АтаевД.М. додан аз Масалиева Н.С. гирифтани 24800 доллари ИМА-ро тасдиқ кардааст. М.Н.С. ба Идораи нотариали давлатии ноҳияи Сино ариза пешниҳод намуда, дар он маълумоти бардуруғро дар бораи ҳамсари даъвогар надоштанаш пешниҳод менамояд. Дар ин асно 31 августи соли 2017 оиди ба маблағи 440000 сомонӣ хариду фурўш намудани манзили истиқоматии М.Н.С. воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Муҳаммадиев, бинои 34, ҳуҷраи №110 байни ў ва Масалиева Н.С. шартнома ба имзо расонида мешавад. Масалиева Н.С. аз соли 2016 то соли 2019 қарзҳои комуналии хонаи М.Н-ро аз ҳисоби худаш пардохт намудааст.

Таърихи 31 октябри соли 2018 аз ҷониби М.Н.С. тариқи нотариалӣ ба Масалиева Н.С. уҳдадори дода шуда, дар он М.Н.С. ҳолати ба боварии Масалиева Н.С. даромада бо гарави манзили истиқоматиаш гирифтани қарзро ба маблағи 25000 доллари ИМА ва минбаъд бинобар имкони пардохти ин қарзро надоштанаш боз аз номбурда гирифтани 24800 доллари ИМА-ро тасдиқ намудааст. Ба ғайр аз ин бо ҳамин ҳуҷҷат М.Н.С. ба маблағи 49800 доллари ИМА ба Масалиева Н.С. фурўхтани хонаи истиқоматиашро тасдиқ намуда, уҳдадорӣ гирифтааст, ки дар сурати то моҳи феврали соли 2019 пардохт накардани ин маблағ, барои бозпас гирифтани хонаи истиқоматиаш дар кўчаи Муҳаммадиев, бинои 34, хонаи №27, ки аз гарави Атаев Д.М. озод карда бо зану фарзандаш истиқомат карда истодааст, даъво намекунад.

Бо ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суди ноҳияи Сино аз 25 сентябри соли 2019, муайян карда шудааст, ки шартномаи М.Н.С. бо Маслиева Н.С. баста, оиди манзили истиқоматиаш рўякӣ буда, М.Н.С. бо ҳамсараш Салимова М.С. аз 17 июли соли 2004 ба ҳамдигар ақди никоҳ баста аз зиндагонии якҷоя соҳиби як фарзанд мебошанд, дар қайди манзили истиқоматӣ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев бинои 34, ҳуҷраи №110 гузошта шуда, то ба имрӯз дар ин манзили истиқоматӣ якҷо зиндагӣ доранд.

Бо ҳама далелҳои ҷамъовардашуда муайян гардид, ки М.Н.С. бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, хонаи истиқоматии Масалиева Н.С.ро ба гарав гузошта маблағи 25000 доллари ИМА, баробар бо қурби асъори милли 118932 (яксаду ҳаждаҳ ҳазору нуҳсаду сивуду) сомониро аз Атаев Д.М. ва маблағи 24800 доллари ИМА, баробар бо қурби асъори милли 118172 (яксаду ҳаждаҳ ҳазору яксаду ҳафтоду) сомониро аз худи Масалиева Н.С. гирифта, дар умум маблағи 49800 доллари ИМА, бо қурби асъори милли 237104 (ду саду сивуҳафт ҳазору яксаду чор) сомониро тасарруф намуда, ба Масалиева Н.С. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Бо дастрасии моддаҳои 332-335, 337-339, 341-344, 347-348-и КМҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон суд чунин ҳукм кард:

М.Н.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин қисми модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 (даҳ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои бо муносибатҳои моливу пулӣ алоқаманд дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба муҳлати 3 сол, таъин карда шуд.

Дар асоси талаботи сархати 3 моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25-уми октябри соли 2019, таҳти №1648 муҳлати ҷазои адонагардидаи М.Н.С. аз се як ҳисса кам карда шуд.

Аз ҳисоби М.Н.С. ба фоидаи Масалиева Наргис Сайумаровна маблағи зарари расонидашуда ба миқдори 49800 (чилунуҳ ҳазору ҳаштсад) доллари ИМА, бо қурби асъори миллӣ 237104 (дусаду сивуҳафт ҳазору яксаду чор) сомонӣ рўёнида шуд.

Нисбат ба ҳукм мункин аст дар доираи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ оварда шавад.

Лаҳзаи эълон намудани ҳукм аз ҷониби судя — Нарзуллозода Ш.Н.

Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе — Мирзомуродов М.А.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе