САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ МЕҲАН
Тарбияи насли наврасону ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиме ба шумор меравад, ки он қисми таркибии сиёсати давлатиро дар ин самт ташкил медиҳад.
Дар яке аз паёмҳои хеш Президенти Ҷумҳурин Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.
Сиёсати давлатӣ дар бахши ҷавонон имкон медиҳад, ки онҳо ҳамчун захираҳои инсонӣ дар рушди ҷомеа нақш гузоранд.
Мусаллам аст, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар баҳри пешрафти давлату ҷомеа саҳми беназир доранд. Метавон мисол аз дастовардҳои варзишгарони наврасону ҷавонон ёдовар гардид, ки имрӯз онҳо варзиши тоҷикро ба қуллаи баланди шинохти ҷаҳон расонида, дар ҳама гуна чорабиниҳо ҷойҳои намоёнро ишғол карда, парчами давлати азизамон Тоҷикистонро баланд бардошта, бо ҳисии баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба ватан бо ифтихору сарбаландӣ ва сарафрозиву дастовардҳои нодир баргаштанд.
Ба ҷуз аз ин, ин қишри ҷомеа дар озмунҳои илмиву фарҳангӣ ширкат варзида, дониши азалӣ, ҳунару фарҳанги халқи фарҳангпарвар ва тамаддунофари тоҷикро ба чашми бинандагони олам ошно сохтанд, қадам ба ҷойҳои аввал гузошта, миллатамонро ҳамчун миллати бузургу донишманд ва тавонову соҳибфарҳанг муаррифӣ намуданд.
Ин далолат аз натиҷаи сиёсати давлатӣ дар бахши ҷавонон медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шароити арзандаву шоиста фароҳам овардан ба ҷомеа, ба хусус ба насли наврасону ҷавонон ҳамаи тадбирҳои саривақтиро андешида, онҳоро роҳандозӣ менамоянд, то ин ки наврасону ҷавонони мо дар роҳи ватанпарастӣ ба камол расида, дар пешбурди ҳаёти фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоии мамлакат мавқеи калидии хешро гузоранд.
Шукрона аз чунин ҷавонони ватандӯсту хештаншинос бояд кард, ки онҳо дар ҷаҳон номи тоҷикро ба қуллаи баланди эътибору эҳтиром мепайванданд. Боиси хурсандӣ аз он аст, ки мо тавонистем, ки насли наврасону ҷавононро дар роҳи бузурги камолоти инсонӣ, худшиносиву ватандӯстӣ ба воя расонем ва ба василаи илму ҳунари омӯхтаи онҳо миллату таърихамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Вобаста ба ин, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми ҷавонон дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии “Роғун” илму фарҳанг ёдоварӣ намуда, дар ин асно дастур доданд, ки барои боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Дар ин замина, қобил ба зикр аст, ки мо бояд дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, тезу тунд гаштани авзои сиёсии олам, бархӯрди фарҳангҳо, реша давонидани ҳар гуна зуҳуроти хатарнок, аз қабили терроризму экстремиз бо мақсади ҳифзи марзу буми давлат, фарҳангу ниёгон, ба раванди тарбияи насли наврасону ҷавнонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ, эҳтироми инсон ва ҳуқуқҳои ӯ, шинохти фарҳангу мероси ниёгон ва ҳифз сохтани онҳо, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем. Ба ин гуруҳи ҷомеа омӯзонем, ки онҳо вороисони ниёгон ва ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд. То насли наврасону ҷавонони мо боз ҳам дар чаҳорчӯбаи дурусти камолот, ахлоқу қонун ва дар роҳи муҳаббату садоқат ба ватану миллат ба камол расида, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат боз ҳам нақши хештанро гузоранд.
Нурзода Сайвалӣ
Судяи суди шаҳри Душанбе