ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН ТАҚОЗОИ ЗАМОНАСТ
Тағйиротҳое, ки дар замони муосир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амал омада истодаанд моро водор ба он месозад, ки ба чунин падидае, чун “ватандӯстӣ”аз нигоҳи тоза назар андозем ва онро дар замири хислату шуури ҳар як фард ҷойнишин намоем.
Қабл аз равшанӣ андохтан ба мавзуи ватандӯстӣ шарҳи мафҳуми ватан амри зарурист.
Ватан мафҳуми ошно ба ҳар як фард аст. Зеро баробари онро ба лафз овардан андар назар зодгоҳ дарк карда мешавад. Он ҷое, ки мо ба дунё омада бо обу нону ганҷаш ба камол расидаем, боду ҳавояш нафасҳоямонро ба имрӯзӣ ҳастӣ оварду расонид ин ҷо ҳамон Ватан аст. Пас Ватан муқаддастарин макон ва бебаҳотарин дастоварду неъмат барои мо ватандорон аст.
Дӯст доштани ватан ин нишон аз фарзанди соддиқу бовафо будан ба он аст. Ҳар як фарди бохираду оқил ва равшанфикр ҳамеша Ватанро азиз медонад. Ватан на танҳо зодгоҳи мо, балки оромогоҳи азизону бузургони мо аст, ки имрӯз онҳо сар ба хоки ватан гузоштанду ба хоки абадӣ рафтанд. Пас хоки ватан ҳам аз зар дида гарон аст. Ба қадри ватан расидан қарзи шаҳрвандиву масъулияти бузург аст.
Маҳз чаҳорчӯбаи падидаи ватандӯстӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар ин низом имкон медиҳад, ки дар замири қалб меҳр ба ватан дучанд ба вуҷуд ояд. Бе шак ҳама бунёдгароиву созандагиҳои мардуми талошварз аз хислати ватандӯстии онҳост.
Ватандӯстӣ ин танҳо меҳру муҳаббат ба Ватан доштан, шеъру сурудҳо эҷод кардану хондан, васф навиштану тасвирот намудан нест, балки хислатест, ки дар натиҷаи он бояд дар дил ишқ нисбат ба меҳан зиёд гардад, масъулияти касбӣ боло равад ва ҳар рӯзи зиндагӣ рӯзи саҳму талошгузорӣ дар роҳи пешрафти ватан бошад, ин аст ватандӯстӣ ба маънои томаш.
Дар ин ҷода қобил ба зикр аст, ки вақтҳои охир ҷомеаи мо ба як мушкилии ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст, ки дар байни насли наврасону ҷавонон майлу рағбат ба худшиносӣ ва фарҳанги миллӣ коста гаридидааст. Ин асосан аз он иборат аст, ки айни ҳол ҷаҳони муосир дар ҳоли ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, муборизаи геополитикии давлатҳои абарқудрат қарордорад.
Имрӯз бо мақсади дар байни аҳолии ҷаҳон рушд ёфтани шабакаи интернетӣ ва зиёд гардидани муштариёни он, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо ба авҷи баланди худ расидааст. Дар натиҷа дар шуури шаҳрвандон, ватандӯстӣ ва пайравӣ намудан аз фарҳанги миллии худ чизи ғайри мудӣ ва ҳатто барои шаҳрвандони муосир нолозимшуда, онҳо рӯ ба фарҳанги бегона овардаанд.
Азбаски ҷой доштани ватандӯстӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсон (муошират, фаъолияти таълимӣ, фаъолияти меҳнатӣ) зарур аст, пас набудани ватандӯстӣ таъсири худро ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсон мерасонад. Ҷой надоштани ватандӯстӣ дар шуури шаҳрвандон, мутасиффона боиси косташавии маданияти муошират ва муомила байни мардум, паст шудани маълумотнокӣ ва арзиши таълим, масъулият дар кор, набудани ҳадафҳои муҳим дар ҳаёт мегардад.
Ҳолати мазкур хатари ҷиддӣ ба ояндаи миллат ва давлат расонида, байни шаҳрвандон афзоиши содиршавии ҷиноят, зиёдшавии шумораи бекорон, нашъамандон ва паст шудани маълумотнокӣ байни ҷавонон мегардад, ки давлатро дар як ҳолати ногувор қарор медиҳад.
Ҳақиқатан мавзӯи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатӣ мавзуи муҳими раванди таълиму тарбияи шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Ватандӯстӣ ин муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифзнамудан аз душман ва ба манфиати он содиқона хизмат кардан мебошад. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ баҳри пойдории сулҳу осоиштагӣ дар Ватани азизамон бояд саҳмгузор бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон чунин иброз доштанд:
“Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад”.
Тарбияи ватандӯстӣ фаъолияти мунтазами мақомоти давлатӣ, коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма оид баташаккули шуури шаҳрвандон баҳри ватандӯстӣ, ҳисси садоқат ба Ватан, омодагӣ ба иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионии ҳифзи манфиатҳои Ватан мебошад.
Ҳадафи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрванди ватандӯст, содиқ ва омода бошад, ки бо меҳнати худ ба Ватан хизмат кунад ва манфиатҳои онро ҳифз намояд. Муҳим нест, ки шаҳрвандон ватандӯстиихудро танҳо дар ҳифзи Ватан бо силоҳ нишон диҳанд. Шаҳрвандон метавонанд ватандӯстиихудро дар хизмати содиқона ба Ватан дар фаъолияти меҳантӣ, илмиву эҷодӣ ва муаррифӣ намудани Ватан ва фарҳангу арзишҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мусбӣ ба ҷаҳониён зоҳир намоянд.
Аз ин рӯ, дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо боҳам рӯ ба рӯ шуда, бо ҳам бархӯрд мекунанд. Таъсиррасонии ҳаракату равишҳои сиёсӣ, динӣ, фарҳанги бегона ба шуурии шаҳрвандон даҳҳо маротиба афзоиш меёбад. Шаҳрвандонро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фарҳангу аризишҳои миллии худро устувор нигоҳ дошта, ба он пайравӣ намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳоро ояндабинӣ намуда, баҳри пешгирии хатарҳои он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиситон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” санаи 24 декабри соли 2022, таҳти №1920 қабул намудааст. Қонуни мазкур тақозои замон буда, бо назардошти хатарҳои ҷаҳонишавӣ қабул шудааст. Зарурати қабули қонун пеш аз ҳама, бомақсади гирифтани пеши роҳи шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ҷиноӣ, пешгирии шаҳрвандон аз пайгирї намудани фарҳанги бегона ва дар шуури шаҳрвандон тарбия намудани падидаи ватандӯстӣ мебошад.
Қонуни мазкур тадбири сари вақтӣ буда, бо фаъолияти дурусти он, мо метавонем тарбияи савривақтии шаҳрвандон, аз ҷумла насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва фарҳанги миллӣ тарбия намуда, насли ояндаи худшинос, худогоҳ, ватандӯст ва ҳаддиақал шахсе, ки арҷгузоранда ба таърих, фарҳанг, расму одатҳои миллиро тарбия намоем. Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон раванди муҳими сиёсӣ буда, дар натиҷа он мо метавонем ба тамоми ҳадафҳои милливу давлатии худ бирасем.
Бобохонзода Асомуддин
Муовини раиси Суди шаҳри Душанбе