ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШИОР НЕ, ШУУР БОЯД БОШАД

Бисту шаш сол қабл,  бисту ҳафтуми июни соли 1997, баъд аз  музокироти тӯлонӣ бо кӯшишу талош ва ҷонфидоии  Абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати таърихӣ — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон гардид.  Ин ҷашн пурмоҳият аст. Ҷашни ба ҳам омаданҳо. Ҷашни бастани паймону ба ҳам бовар карданҳо. Ҷашни бахшиши гуноҳҳо ва қатъи хунрезӣ. Ҷашне, ки ба душмании падару писар ва қотилии бародар бо бародар хотима дод. Ҷашни эҳёи хиради миллат.

Бегуфтугӯ, ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.

Аз ин баъд адоват ҷои худро ба муҳаббат дод ва рафоқат ҷойгузини хусумат гардид. Ба ҷойи бӯйи бади борут накҳати гулу райҳон ба машом расид ва ба ҷойи садои ваҳшатноки тиру тўп, овози хуши мутрибу муғаннӣ гӯшҳоро навозиш кард. Бародарони ҳамхун, ки то он рӯз дар муқобили якдигар сангар гирифта буданд, ба оғӯши ҳам омада, дар ҷабҳаи муштарак-дифоъ аз марзу бум ва иззату номусу шарафи миллат сангар гирифтанд. Муҳимтар аз ҳама ин раванд дигар ба ақиб барнагашт ва инак, сол то сол дарахти ваҳдати тоҷикон решадор ва паймони ҳамдиливу бародарӣ миёни онҳо мустаҳкамтар мегардад.Албатта, ин ҳама дастовард, ки мо дар чанд калом хулоса кардем, ба осонӣ ҳосил нашудааст. Он натиҷаи ранҷу машаққатҳо, азхудгузаштанҳо, шабзиндадориҳо буда, месазад аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин шоҳкорӣ сипосгузор бошем.

Қобили зикр аст, ки дар ин раванд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардум такя карданд, зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазилатҳо дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд.

Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳар чӣ зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Хусусияти аз ҳама муҳиму асосӣ он аст, ки мо тавонистем дар як давраи хеле кӯтоҳ  сулҳро ба даст орем. Ҳарчанд он душвор ва ба андешаи баъзе тангназарон амре буд иҷроношуданӣ. Хушбахтона ин нияти нек амалӣ шуд.

Аз шиносоӣ бо масъалаҳои мавриди баррасӣ қарордоштаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум маълум мегардад, ки хишти аввалро дар эъмори бинои сулҳу Ваҳдати миллӣ маҳз Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуданд: «Мавзӯи асосии ҳамаи масъалаҳои Шӯрои Олӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ мебошад». Ин фарзанди фарзонаи миллат  аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гаштан барои татбиқи ин маром, яъне ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ, кӯшиши зиёд намуданд.

Баргардонидани гурезаҳо ба Ватан аз вазифаҳои муҳим буд, ки дар он  вазъияти мураккаб бояд амалӣ мешуд. Нахуст дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» (24 ноябри соли 1992) қабул гардид. Далелу рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои 1992-1993 сокинони зиёди кишвар хонаю кошонаи худро тарк намуда ё дар дохили мамлакат ҷои зисташонро тағйир доданд ва ё ҷумҳуриро тарк карданд. Тавре аз маълумоти ба ин масъала рабтдошта бармеояд, 1 июли соли 1992 шумораи фирориён 83000 кас буд. Минбаъд ин раванд тамоюли афзоишро касб намуда, 24 июл  ба 133000 нафар расида, дар ибтидои соли 1993 ба таври расмӣ 1 млн. нафар гуреза ба қайд гирифта шуда буд.

Вилояти Хатлон, бахусус водии Вахш, дар маркази талошҳои сиёсӣ ва даргириҳои хунин қарор гирифт. Дар муддати начандон тўлонӣ, ки бенизомӣ, бесарусомонӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ҳукмрон буд, бар асари ҷангу ҷидол ва задухўрдҳои бемаънӣ ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ чунон хисороте расид, ки мислашро мардум надида буд. Рустоҳои мо он қадар хароб нашуда буданд, ки таи ин чанд моҳ шуданд. Гуфтан кофист, ки дар натиҷаи муноқиша ва амалиётҳои ҷангӣ ҳазорҳо хонаҳои истиқоматӣ, иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ, муассисаю корхонаҳо хароб, валангор, ба хок яксон, ғорат ва талаю тороҷ шуданд.

Теъдоди онҳое, ки барои наҷот додани ҷони хеш аз Ватан фирорӣ гаштанд, ба садҳо ҳазор нафар расид. Водии Вахш, ки ҳафтод — ҳаштод сол муқаддам бо заҳмати миёншикан, бо устуворию матонати ҳайратовари намояндагони тамоми маҳаллу манотиқи ҷумҳурӣ ободу корам ва шукуфон шуда, бо номи «водии тиллоӣ», «водии меҳру муҳаббат» шуҳрати хоса касб карда буд, ба саҳрои ваҳшоният ва маъвои бераҳмию бешафқатӣ табдил ёфт. Ҳодисаҳое, ки ба амал меомаданд, барои воситаҳои ахбори оммаи бархе аз кишварҳои хориҷӣ барои паҳн намудани ҳама гуна дурўғ, буҳтон, овозаҳои беасос ҷиҳати бадном ва ҳамчун як қавми маҳалгарою миллаткуш «машҳур» намудани тоҷикон «ғизо» медоданд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо: «Бар асари ҷанги бародаркуш дар ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ 17000 хона хароб шуда буд. Масалан, дар ноҳияи Бохтар (ҳоло Кўшониён) аз 45 деҳа 32 деҳа пурра аз байн рафта, зиёда аз 6400 хона ба коми оташ кашида шуд. Бар асари ин фоҷиа китобхонаҳо, клубу мағозаҳо, кўдакистону хонаҳо, хизматрасонии маишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳо ва ғайра осеби ҷиддӣ диданд».  Ин воқеияти мураккабу мудҳиши замони ҷанг буд, ки ҳалли фаврии масъаларо тақозо менамуд.

Дар чунин шароити мушкил мақсади асосии интихоби Сарвари нави давлат дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он буд, ки мебоист нахуст гурезаҳоро баргардонида, сохторҳои  фалаҷгардидаи давлатиро барқарор, волоияти қонунро таъмин ва ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад.

Дар нахустин савганде, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат ёд карданд, гуфтанд: «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем.…То он даме ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бознагардонам, ман осуда буда наметавонам». Барои расидан ба яке аз ҳадафҳо – баргардонидани гурезаҳо таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин раванд зарур буданд. Дар навбати аввал моҳи июли соли 1992 Департамент оид ба гурезагон дар назди Вазорати меҳнат ташкил шуда, соли 1993 ба Сарраёсати кор бо гурезагон ва муҳоҷирони дохилӣ табдил дода шуд. Бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», фармонҳои Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда ва мехоҳанд ба Ватан баргарданд» идомаи мантиқии ин раванд мебошад. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» ва қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат соли 1993 барои интиқоли хонаводаҳои муҳоҷирони иҷборӣ ба маҳали зисти доимӣ ва пардохти кумакпулӣ ба онҳо 1,8 млрд. рубл харҷ гардид.

Рўйдоди муҳим  Муроҷиатномаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳамаи ҳамватанони бурун аз марзи кишвар ба ҳисоб меравад, ки   16-уми январи соли 1994 ироа гардид. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрўз ё фардо хоҳед баргашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард… Азизон, тоҷикон як Ватан доранд, вазифаи ҳамаи мост, ки онро азиз дорем ва ободаш кунем». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгардонидани гурезаҳоро дар музокироти сулҳи тоҷикон ҳам яке аз масъалаҳои афзалиятнок дониста, ба ҳайати ҳукуматӣ супориш дода буданд, ки ин масъаларо дар маркази диққат қарор диҳанд. Ин аст, ки дар даври якуми музокироти тоҷикон, ки аз 5 то 19-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Москва доир гардид, масъалаи мазкур авлавият буд. Далели ин гуфта дар интиҳои марҳилаи якуми музокироти байни тоҷикон дар шаҳри Москва ба имзо расидани «Протокол дар бораи ташкили Комиссияи муштарак оид ба масъалаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ аз Тоҷикистон»  мебошад.

Ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба ин масъала дар давраҳои дуюм, чорум ва шашуми музокирот вобаста ба зудтар баргардонидани ҳамватанони мо аз хориҷи кишвар санадҳои дахлдор қабул шуданд.  Саъю кӯшиши роҳбарияти давлат дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа нек амалӣ мешуданд. Нахустин фирориён аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар истгоҳи роҳи оҳани Хушодии ноҳияи Шаҳритус 2 сентябри соли 1994 онҳоро истиқбол гирифтанд. Ҳодисаҳои охири ҷаҳони муосир бори дигар собит намуданд, ки баргардонидани беш аз 1 млн. гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо ҷои зист кори осон нест. Қобилияти бахшида тавонистан яке аз фазилатҳои дигари Пешвои миллат мебошад. Хеле кам воқеъ мешавад, ки Роҳбари давлат ҳатто гуноҳи онҳоеро, ки душмани сохти конститутсионӣ буданд, бахшад. Ҳамватанонамон шоҳиданд, ки барои авфи гуноҳи шахсоне, ки ҷиноят содир карда, зиндонӣ шуданд, даҳҳо қонуни авфро ба имзо расониданд.

Кору пайкори номбурда, аз ҷумла ибтикори беназир дар мавриди баргардонидан гурезаҳо, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ таҳрик бахшида, кишварро аз ҳолати беҳокимиятӣ, номуайянӣ баровард. Ҳарчанд ки ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди бисёр вазнину сангин ва тўлониву пурмашаққат буд, хушбахтона, бо ҷаҳду талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ комёбем.

Дар ҷодаи сулҳу ваҳдат қавлу амали Сарвари давлат як буд. Дар шароити душвор ба  минтақаҳое сафар  карданд, ки муқовиматҳои мусаллаҳона идома доштанд. Муҳтавои асосии ин мулоқот сулҳу ваҳдат буд. Ба мардум муроҷиат намуданд, ки мо бояд дар атрофи як ҳадафи сарнавиштсоз  — бунёд кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ба ин васила, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ муттаҳид шавем.

Хуб дар хотир дорам, ки дар Иҷлосияи XX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (7 сентябри соли 1994) иброз намуданд: «Шояд ду сол ба меҳнати сахт,  ба шиками нимгурусна, бо тани нимбараҳна тан диҳем, зеро моро ба ин ҳол бегонагон не, худамон овардем. Ман ба дили реш — реш ба либосу пойафзоли фарсудаи деҳқонони Ёвон, Исфараю Ӯротеппа менигаристам, ман  намедонистам, чӣ кор кунам, вақте ки мактаббачаҳои Шаҳритусу Қӯрғонтеппаро пойлучу нимбараҳна медидам. Онҳо ба ҷойи мактаб то ба имрӯз дар зери дарахтон хонда истодаанд».

Бо неруҳои мухолиф гуфтушунидҳо идома доштанд. Осон набуд ин гуфтушунид ва суҳбату мулоқот. Аммо бо маслиҳат ва пешниҳоди Сарвари давлат он идома меёфту ҳар гуфтушунид якдигарро бо ҳам наздик мекард. Бо кӯшиши зиёд роҳ ба сӯйи сулҳу Ваҳдат кушода мешуд. Ба Хостдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (10 — 11 декабри соли 1996) қадами  қатъӣ ва устуворе дар ҷодаи ба имзо расидани  Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва  ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд. Он рӯзҳо  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гирифтори ҷанги шадиди дохилӣ буд. Дар Тоҷикистон низ садои тиру туфанг  гӯшҳоро мехарошид ва дилҳоро тазйиқ медод. Касе маслиҳат намедод, ки дар чунин шароити номусоид Роҳбари давлат ба ин гуфтушунид озим шавад. Кормандони амният муқобили сафари ӯ ақида изҳор карданд. Вале Президенти ташнаи сулҳ аз раъйи ҷиддии хеш барнагашта, посух доданд: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ  барнамегардам!…». Воқеан ҳам, роҳ душвор, пур аз хатар ва ноҳамвор буд. Аммо ирода ва мавқеи  Президент дар ин ҷода қавию устувортар буд. Сулҳу Ваҳдати миллӣ бо чунин заҳмат ва талошҳо насиби мо гаштааст.

Умуман, то рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳашт даври музокирот, ки қариб чор сол идома ёфт, бо намояндагони собиқ мухолифин бисту як вохӯрии  расмӣ ва   даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир гардид. Қобили зикр аст, ки маҳз дар  вохӯриҳое, ки  бо иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуданд, қарорҳои муҳиму ниҳоӣ қабул шуданд.

Бахусус барои ба имзо расидани созишномаи мазкур вохӯрии иштирокчиёни музокирот, ки моҳи декабри соли 1996 дар Хостдеҳи вилояти Толиқони Афғонистон баргузор шуд, заминаи воқеӣ гузошт.Тавре шоҳидони ҳол гуфтанд, суҳбат хеле одӣ ва хоксорона ҷараён дошт. Бо сарулибоси пур аз чанг рӯйи  кӯрпача нишаста, пиёлаи чойи сард дар даст  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат доштанд, ором, ботамкин, қотеъонаву  боварибахш. Маҳз дар он ҷо дар дили ҳама  шуълаи умед бедор  шуд, ки ояндаи ин музокирот бо ҳама  ихтилофу нофаҳмиҳояш,  сулҳу Ваҳдат аст.  Баробари бозгашт аз  Хостдеҳ ба  Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии рӯзи 11 декабри соли 1996 супориш доданд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сулҳ» омода шавад. Ҳамон шаби 11-ум ба 12 декабри соли 1996, соати 2330 дақиқа фармони мазкур аз тариқи телевизион пахш шуд. Дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин Фармонро бори дигар ба самъи иштирокдорон расонданд.

Месазад аз иқдоми дигар – таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ёдовар шавем. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи таъсиси Комиссияи  оштии  миллӣ» ва аъзои ном ба номи он 4 июли соли 1997 имзо шуд. Хусусияти Комиссияи оштии миллӣ аз он иборат буд, ки қарорҳои он тавассути салоҳияти Президент ва Парлумони ҷумҳурӣ амалӣ мешуд. Бо ин тарзи фаъолияти якҷоя ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин механизм, яъне Комиссияи оштии миллӣ,  Президент ва Парлумон сохтори пурсамар, мувофиқ ва дуруст дар давраи гузариш дониста шуд. Комиссияи оштии миллӣ 998 рӯз фаъолият кард ва дар хусуси қатъ гаштани фаъолият Комиссияи оштии миллӣ  31 марти соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд.

Рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз назокатҳои хос доранд, ки бо мурури солҳо рӯзафзун  шудани моҳияташон аз ҳамон ҷумла аст.  Ҳоло бо таҳлили ҳаводиси онвақтаву кунунӣ  ва қиёс намудани ҳаводиси ҷаҳони муосир бояд амиқ андешем, ки агар ҷонфидоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуданд, имрӯз мо чӣ рӯзгоре медоштем?

Эътироф бояд кард, ки ҷанги бародаркушро душманон дар хориҷ ба хотири дастёбӣ ба аҳдофи нопокашон тарҳрезӣ ва таҳмил карда буданд, аммо миллати мо бо каме таъхир бошад ҳам, исбот кард, ки қудрати дарки масъаларо дорад ва тақдирашро бо даст худ навишта метавонад. Дар асри XXI, ки аксар кишварҳои даргир аз нооромиҳои дохилӣ борҳо сулҳ баставу зиёд аҳд  шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на танҳо тоҷикон, балки ҷомеаи башарӣ эътироф шудааст.

Мутаассифона,  ҳастанд нотавонбиноне, ки моҳияти ин ваҳдати миллиро  таҳриф намуда, мехоҳанд бори дигар мардумро гумроҳ созанд. Ин афрод чизи аз ҳама муҳимро нодида мегиранд, ки ҳадафи аслии сулҳ фаротар аз чизе онон мепиндоранд, мебошад. Шоҳид ҳастем, ки ҳоло ҳам нотавонбинон кӯшиши зери суол қарор додани Ваҳдати моро доштанду доранд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки мардуми ба ваҳдатрасида ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунанд, зеро барои ин зумра инсонҳо барҳақ Ваҳдат ин суботи ҷомеа, сарҷамъии мардум ва амнияти сарзамини аҷдодист.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ҷонфидоӣ карданд, ки модарон осуда фарзандонашонро бузург кунанду ба онҳо итминон бахшанд, ки ин сарзамин чун модар барояшон муқаддас аст. Дар айёми бениҳоят ҳассос тамоми ҷаҳду талошҳои ин шахсияти ваҳдатофар ба он равона шуда буд, ки қатли бародар бо дасти бародар хотима ёбад. Ибтикор барои комёб шудан дар ин самт на танҳо ба хотири раҳоӣ аз гушнагиву қашшоқӣ, балки обод сохтани вайронаҳои ҷанг, малҳам шудан ба реши дили модарони фарзандшаҳид буду ҳаст. Ваҳдат ин на танҳо хони пурнон, ҳамчунин осудагии виҷдон ва пойдории имон аст. Ваҳдат кафолат ва замина аст, ки мо ба фардои худу насли оянда эътимод дорем.

Барои расидан ба он Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гузаштҳои зиёде кардаанд. Роҳе, ки ба Ваҳдат мерасонад, азхудгузаштанҳо, қурбонии мансабу қудрат ва ҳатто фидои ҷонро металабид. Пешвои миллат  ба сари баланд ин роҳро тай карданд.

Ваҳдати миллӣ моҳиятан кохи бегазанд аст, ки ба шарофати ҷасорату садоқат ва завқу салиқаи меъмори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъмор гардидааст. Ягон нафаре ё гурӯҳи алоҳидае ҳуқуқи онро надорад, ки ба он сояи шубҳа андозад. Баръакс, ҳар инсони худогоҳро мебояд барои пойдории сулҳу Ваҳдат, ки ҷумлаи комёбию муваффақиятҳои мо дар пояи он қарор дорад, эҳсоси масъулият дошта бошад, зеро ҳамин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд, ки миллати моро аз шармандагии бародаркушӣ наҷот дода, ҷомеаро сӯйи ободонию пирӯзиҳо роҳнамо аст.

Бегуфтугў, ҳар нафаре, ки барои давлату миллат хизмат кардааст, масъулияти давлату миллатро дар қадршиносии худ пайдо менамояд. Ин қадршиносӣ  аз эътирофи ғалабаи некӣ ба бадӣ дар кори ватандории мост, аз оғози сулҳ ва ваҳдати миллии мардуми кишвар,  аз таҳкими низоми идорӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва аз оғози роҳи таърихии давлат ба сўи давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ Давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуда, ҷиҳати қадршиносии қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам оварданд.

Дар шароити имрӯза, ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар муаррифӣ намоем. Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳар чӣ бештар густариш пайдо намояд. Зарур аст, ки мардуми мо ва алалхусус насли ҷавони кишвар, андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳар чӣ бештари он саъю талош варзанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб рафта, бояд дастури рӯимизӣ ва сармашқи кор бошад.

Лозим ба ёдоварист, ки қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод. Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад. Бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ, бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.

Мо шоҳиди ҳаводиси Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар ҳастем. Ин ҳодисаҳо ҳар яки моро водор месозанд ба хотир орем, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буданд. Ҳоло ифротгаройӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

Ҷавонони кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, дарк намоянд. Муҳимтар аз ҳама, дарку арҷгузорӣ намоем, ки ваҳдати миллӣ на шиор, балки шуур аст. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан — Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. Хусусан, мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хиёнаткоронаи баъзе гурӯҳҳову шахсонеро, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ватани аҷдодии моро ба хоку хун кашиданд ва кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ тела доданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Пешвои миллат бо иқдомҳои то ба ҳол татбиқгардида  иктифо накарда, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал беҳтар намудани шароити соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушду тараққиёти Ватани азизамон талошҳои ҷиддии худро идома дода истодаанд.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки дар ин марҳила Пешвои миллат бо ҷасорати хос ва беназир, бо вуҷуди фузун будани садду камбудиҳо  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафҳои стратегӣ эълон намуданд. Муболиға нахоҳад буд, агар гўем, ки дастовардҳои минбаъда аз ин ибтикор маншаъ гирифтаанд. Ба ибораи дигар, ҳадафҳои стратегии эълоннамудаи Президент барои ҳалли душвортарин проблемаҳои ҳаёти халқамон нақши бориз гузоштанд.

Дар робита ба ин овардани чанд далелро бамаврид медонам: Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷои кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.Бамаврид аст ёдовар шавем, ки дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.Инчунин, агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар  25 соли охир  2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта шудааст.

Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷои корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардид.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада эъмор   шуданд.

Ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбнамое барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад.Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид карданд: «Ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад».

Маҳз дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд.

Умуман, то рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳашт даври музокирот, ки қариб чор сол идома ёфт, бо намояндагони собиқ мухолифин бисту як вохӯрии  расмӣ ва   даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир гардид. Қобили зикр аст, ки маҳз дар  вохӯриҳое, ки  бо иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуданд, қарорҳои муҳиму ниҳоӣ қабул шуданд.

Бахусус барои ба имзо расидани созишномаи мазкур вохӯрии иштирокчиёни музокирот, ки моҳи декабри соли 1996 дар Хостдеҳи вилояти Толиқони Афғонистон баргузор шуд, заминаи воқеӣ гузошт.Тавре шоҳидони ҳол гуфтанд, суҳбат хеле одӣ ва хоксорона ҷараён дошт. Бо сарулибоси пур аз чанг рӯйи  кӯрпача нишаста, пиёлаи чойи сард дар даст  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат доштанд, ором, ботамкин, қотеъонаву  боварибахш. Маҳз дар он ҷо дар дили ҳама  шуълаи умед бедор  шуд, ки ояндаи ин музокирот бо ҳама  ихтилофу нофаҳмиҳояш,  сулҳу Ваҳдат аст.  Баробари бозгашт аз  Хостдеҳ ба  Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии рӯзи 11 декабри соли 1996 супориш доданд, ки Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сулҳ» омода шавад. Ҳамон шаби 11-ум ба 12 декабри соли 1996, соати 2330 дақиқа фармони мазкур аз тариқи телевизион пахш шуд. Дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин Фармонро бори дигар ба самъи иштирокдорон расонданд.

Месазад аз иқдоми дигар – таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ёдовар шавем. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи таъсиси Комиссияи  оштии  миллӣ» ва аъзои ном ба номи он 4 июли соли 1997 имзо шуд. Хусусияти Комиссияи оштии миллӣ аз он иборат буд, ки қарорҳои он тавассути салоҳияти Президент ва Парлумони ҷумҳурӣ амалӣ мешуд. Бо ин тарзи фаъолияти якҷоя ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин механизм, яъне Комиссияи оштии миллӣ,  Президент ва Парлумон сохтори пурсамар, мувофиқ ва дуруст дар давраи гузариш дониста шуд. Комиссияи оштии миллӣ 998 рӯз фаъолият кард ва дар хусуси қатъ гаштани фаъолият Комиссияи оштии миллӣ  31 марти соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд.

Рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз назокатҳои хос доранд, ки бо мурури солҳо рӯзафзун  шудани моҳияташон аз ҳамон ҷумла аст.  Ҳоло бо таҳлили ҳаводиси онвақтаву кунунӣ  ва қиёс намудани ҳаводиси ҷаҳони муосир бояд амиқ андешем, ки агар ҷонфидоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуданд, имрӯз мо чӣ рӯзгоре медоштем?

Эътироф бояд кард, ки ҷанги бародаркушро душманон дар хориҷ ба хотири дастёбӣ ба аҳдофи нопокашон тарҳрезӣ ва таҳмил карда буданд, аммо миллати мо бо каме таъхир бошад њам, исбот кард, ки қудрати дарки масъаларо дорад ва тақдирашро бо даст худ навишта метавонад. Дар асри XXI, ки аксар кишварҳои даргир аз нооромиҳои дохилӣ борҳо сулҳ баставу зиёд аҳд  шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на танҳо тоҷикон, балки ҷомеаи башарӣ эътироф шудааст.

Мутаассифона,  ҳастанд нотавонбиноне, ки моҳияти ин ваҳдати миллиро  таҳриф намуда, мехоҳанд бори дигар мардумро гумроҳ созанд. Ин афрод чизи аз ҳама муҳимро нодида мегиранд, ки ҳадафи аслии сулҳ фаротар аз чизе онон мепиндоранд, мебошад. Шоҳид ҳастем, ки ҳоло ҳам нотавонбинон кӯшиши зери суол қарор додани Ваҳдати моро доштанду доранд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки мардуми ба ваҳдатрасида ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунанд, зеро барои ин зумра инсонҳо барҳақ Ваҳдат ин суботи ҷомеа, сарҷамъии мардум ва амнияти сарзамини аҷдодист.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ҷонфидоӣ карданд, ки модарон осуда фарзандонашонро бузург кунанду ба онҳо итминон бахшанд, ки ин сарзамин чун модар барояшон муқаддас аст. Дар айёми бениҳоят ҳассос тамоми ҷаҳду талошҳои ин шахсияти ваҳдатофар ба он равона шуда буд, ки қатли бародар бо дасти бародар хотима ёбад. Ибтикор барои комёб шудан дар ин самт на танҳо ба хотири раҳоӣ аз гушнагиву қашшоқӣ, балки обод сохтани вайронаҳои ҷанг, малҳам шудан ба реши дили модарони фарзандшаҳид буду ҳаст. Ваҳдат ин на танҳо хони пурнон, ҳамчунин осудагии виҷдон ва пойдории имон аст. Ваҳдат кафолат ва замина аст, ки мо ба фардои худу насли оянда эътимод дорем.

Барои расидан ба он Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гузаштҳои зиёде кардаанд. Роҳе, ки ба Ваҳдат мерасонад, азхудгузаштанҳо, қурбонии мансабу қудрат ва ҳатто фидои ҷонро металабид. Пешвои миллат  ба сари баланд ин роҳро тай карданд.

Ваҳдати миллӣ моҳиятан кохи бегазанд аст, ки ба шарофати ҷасорату садоқат ва завқу салиқаи меъмори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъмор гардидааст. Ягон нафаре ё гурӯҳи алоҳидае ҳуқуқи онро надорад, ки ба он сояи шубҳа андозад. Баръакс, ҳар инсони худогоҳро мебояд барои пойдории сулҳу Ваҳдат, ки ҷумлаи комёбию муваффақиятҳои мо дар пояи он қарор дорад, эҳсоси масъулият дошта бошад, зеро ҳамин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тољикистон буд, ки миллати моро аз шармандагии бародаркушӣ наҷот дода, ҷомеаро сӯйи ободонию пирӯзиҳо роҳнамо аст.

Бегуфтугў, њар нафаре, ки барои давлату миллат хизмат кардааст, масъулияти давлату миллатро дар ќадршиносии худ пайдо менамояд. Ин ќадршиносї  аз эътирофи ѓалабаи некї ба бадї дар кори ватандории мост, аз оѓози сулњ ва вањдати миллии мардуми кишвар,  аз тањкими низоми идорї, њифзи истиќлоли давлатї ва аз оѓози роњи таърихии давлат ба сўи давлати демократї ва љомеаи шањрвандї ва эътирофи сиёсї ва њуќуќии давлати Тољикистон шањодат медињад.

Муњтарам Эмомалї Рањмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагї рањо, кохи муњташами сулњи тољиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халќро асос гузошта, ќобилияти њуќуќии давлатдории халќро эњё намуда, њаќќи таърихии миллатро ба давлати мустаќил эълон ва татбиќ сохта, тољиконро њамчун миллати дорои Ватан, забон, фарњанг ва таърихи ќадима ба љањониён муаррифї ва дар навбати худ Давлати Тољикистонро њамчун давлати мустаќил, дунявї, демократї ва њуќуќбунёд дар радифи халќу миллатњои соњибдавлат љойгузин намуда, љињати ќадршиносии ќањрамонони миллат шароити мусоид фароњам оварданд.

Дар шароити имрӯза, ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар муаррифӣ намоем. Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳар чӣ бештар густариш пайдо намояд. Зарур аст, ки мардуми мо ва алалхусус насли ҷавони кишвар, андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳар чӣ бештари он саъю талош варзанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб рафта, бояд дастури рӯимизӣ ва сармашқи кор бошад.

Лозим ба ёдоварист, ки қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод. Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад. Бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ, бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.

Мо шоҳиди ҳаводиси Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар ҳастем. Ин ҳодисаҳо ҳар яки моро водор месозанд ба хотир орем, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буданд. Ҳоло ифротгаройӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

Ҷавонони кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, дарк намоянд. Муҳимтар аз ҳама, дарку арҷгузорӣ намоем, ки ваҳдати миллӣ на шиор, балки шуур аст. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан — Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. Хусусан, мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хиёнаткоронаи баъзе гурӯҳҳову шахсонеро, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ватани аҷдодии моро ба хоку хун кашиданд ва кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ тела доданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Пешвои миллат бо иқдомҳои то ба ҳол татбиқгардида  иктифо накарда, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал беҳтар намудани шароити соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушду тараққиёти Ватани азизамон талошҳои ҷиддии худро идома дода истодаанд.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки дар ин марњила Пешвои миллат бо љасорати хос ва беназир, бо вуљуди фузун будани садду камбудињо  расидан ба истиќлолияти энергетикї, рањої аз бунбасти коммуникатсионї, таъмини амнияти озуќавории кишвар ва саноатикунонии босуръати мамлакатро њадафњои стратегї эълон намуданд. Муболиѓа нахоњад буд, агар гўем, ки дастовардњои минбаъда аз ин ибтикор маншаъ гирифтаанд. Ба ибораи дигар, ҳадафњои стратегии эълоннамудаи Президент барои њалли душвортарин проблемањои њаёти халќамон наќши бориз гузоштанд.

Дар робита ба ин овардани чанд далелро бамаврид медонам: Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷои кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.Бамаврид аст ёдовар шавем, ки дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.Инчунин, агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар  25 соли охир  2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта шудааст.

Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷои корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардид.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада эъмор   шуданд.

Ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбнамое барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад.Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид карданд: «Ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад».

Маҳз дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд.

Амиршо Миралиев,

Ходими давлативу ҷамъиятӣ