23 СОЛ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ БАРОИ ҶИНОЯТИ ОДАМКУШӢ ВА РОҲЗАНӢ

Рўзи 17 апрели соли 2023  дар маҷлиси кушодаи судӣ дар толори маҷлисгоҳи судии Суди шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноятӣ нисбати маҳкумшуда Аҳди Саидхон бо моддаҳои 104 қисми 2 банди “и” ва 249 қисми 3 банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҳкумшуда Аҳди Саидхон барои он гунаҳгор дониста шуд, ки ӯ санаи 5 феврали соли 2023, тахминан соати 23:50 дақиқа, бо мақсади шиносоӣ бо духтарони сабукпо ба назди роҳрави зеризаминии кӯчаи А.Қаҳоров, аниқтараш рў ба рўи ҶСК «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» рафта, бо шаҳрванд Саидов Бахтиёр Самадович, таваллудаш 3 майи соли 1993, зодаи ноҳияи Рўдакӣ шиносоӣ пайдо намудааст. Дар рафти суҳбат байни онҳо нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада дар натиҷа маҳкумшуда Аҳди Саидхон бо мақсади роҳзани ва  тасарруфи намудани молу мулки ҷабрдида нақшаи аз ҳаёт маҳрум намудани охиринро тарҳрезӣ намудааст.  Барои амалӣ намудани мақсади ҷинояткоронааш тахминан соатҳои 01:30 дақиқа санаи 6 феврали соли 2023, шаҳрванд Саидов Б.С.-ро бо роҳи фиреб ба канори дарёи “Душанбе”, воқеъ ба суроғаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи А.Қаҳоров 146, бурда дар онҷо аз ду қисмати сараш дошта, аввал чанд маротиба ба бетони соҳилмустаҳкамкунии дарё зада, сипас бо истифода аз 1 адад санги бетонӣ якчанд маротибаи дигар ба узвҳои ҳаётан муҳим, яъне ба қисмати рости сари Саидов Б.С. зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 26 апрели соли 2023 маҳкумшуда Аҳди Саидхон бо моддаҳои 104 қисми 2 банди “и” ва 249 қисми 3 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,  аз рўи маҷмўъи ҷиноятҳо ба номбурда  ҷазои ниҳоӣ  дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 (бисту се) сол таъин карда шудааст.

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ
КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ