АРТИШИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ШУҶОАТ ВА ҶАСОРАТ

Ватан ҷойгаҳи муқаддас аст. Ҳифзи марзу буми он вазифаи ҷонӣ ва қарзии  ҳар як фарди баору  баномус ва ватанпарвар аст. Баҳри ҳифзи марзу буми меҳан Артиши милли таъсис дода шудааст.                    Қувваҳои мусаллаҳи кишвар санаи 23 феврали соли 1993 таъсис ёфта, вазифаи ин ниҳоди муҳими давлатиро ҳифзи марзу буми давлат ташкил медиҳад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи кишварро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъсис гардидааст, ташкил медиҳад.

Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар замони нобасомон ва вазъи печидаи сиёсии кишвар таъсис ёфтааст. Рӯзи 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор “Дар бораи таъсиси Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба имзо расид, ки он дар заминаи “Фронти халқӣ” ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекард, таъсис дода шуд.                                                                                         Бояд тазаккур дод, ки 23-юми феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе, бори аввал паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баҳри баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ ва инчунин барои беҳтар намудани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории  пайваста зоҳир менамояд. То солҳои 1997 ҷузъу томҳои навтаъсиси Қуваҳои Мусаллаҳи кишвар бинобар вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум ба сангарҳои оташгир сафарбар мегардиданд.

Соли 1999 аввалин машқҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Хатлон доир карда шуд. Ба ҳамин тартиб, аз ҳамон солҳо тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ, дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зидди террористӣ, ва инчунин тайёриҳои тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ , ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ  ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳарбии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани  маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чи дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва чи дар берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешавад.                                                                                                                    Дар таърихи 23-уми феврал рӯзи таъсисёбии  Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сабт гардидааст. Тӯли  30 сол аст, ки  ин рӯз бо гузашти парадҳои ҳарбӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар майдонҳои марказӣ таҷлил карда мешавад ва  аз рӯзи таъсисёбӣ, дастоварду пешравиҳои ин ниҳод ёд карда мешавад.

Аслан бояд қайд намуд, ки  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни неруҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҷрибадор аст, чун ки як ҷанги дохилиро пушти сар гузошт. Замоне, ки бо мухолифони мусаллаҳ меҷангид, басо таҷрибаи ҷангиро низ омӯхт ва имрӯз онро такмил медиҳад.

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз дар аввали солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашудаи соҳаи ҳарбӣ эътибори махсус дода, баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низоми шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи бо эътидол овардани вазъияти печида, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолаи худро ба таври шоиста адо мекарданд.

Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит онқадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи баландтарин қуллаҳо худ ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 30-соли фаъолияти сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуд ва инчунин рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи ассосии давлатдорӣ меҳисобад.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан, вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони ба орӯ номуси Ҷумҳурӣ мебошад. Ҳифзи ватан ӯҳдадорӣ муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, дар қонуни асосии давлат сабт шудааст.

Қувваҳои мусаллаҳи дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеаи мутамаддин мебошад.

Мо аскари сомонем,

Шерони хуросонем.

Ин хоки ниёгонро,

Пайваста нигоҳ дорем.

Ҳадаф аз ифшои чунин мисраҳо дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найрангҳои душманони хунхор муҳофизат намоем.

Бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаб дарси шуҷоату мардонагӣ омӯзем.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо ҷавонон тамоми сайъӯ кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқи монад.

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ  — рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Имрӯз  маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии  Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши милли Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқуват гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносонӣ байналмилаливу минтақавии соҳа Артиши Миллии Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан аз қудратмантарин Қувваҳои Мусаллаҳи минтақа ҳисобида мешавад .

Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки воқеату таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва мақсад доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем, ва ин албата амали воқеист . Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи падарону модарон, пирону ҷавонон  ва инчунин кӯдакони хурсоли кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Роҳбари хирадманду бо масъулияти  давлати тозабунёди мо дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки, ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст. Маврид ба зикр аст, ки ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди  Ватан дар иҷрои вазифаҳоги хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Халқи Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбии худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзҳандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Мо ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоем, талош бар он мекунем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат намоем. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи давлату милат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

Бо ҳисси баланди Ватандӯсти, пас аз хатми  Донишгоҳи Милли Тоҷикистон  ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурӣ пайваст шуда, қарзи шаҳрвандии  худро дар назди  Ватани азизам дар қисми низомии 5453 Қушунҳои Дохилаи Вазорати Корҳои Дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудам, ҳамагон хуб огоҳ ҳастем, давлатҳои абарқудрати дунё дар чӣ вазъ қарор доранд аз ин рӯ, вобаста ба вазъи ноороми сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ нигоҳ карда ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода дар пайи ҳифзи марзу буми хеш бошем. Дар асоси гуфтаҳои болозикр  қайд намуданиям, ки  хизмати ҳарбӣ аз нигоҳи ман ин мактаби матонату мардонагӣ рамзи шуҷоат ва ҳиси ватандустӣ буда, ва инчунин мо  ҷавононро зарур мебояд сиёсатҳои суботкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро дастгири намуда баҳри ҳимояи ин марзу бум ҷони худро дареғ надорем.

Юсуфзода Қубод Юсуф

Корманди дасгоҳи суди шаҳри Душанбе