ВАТАН БО МО ВА МО БО ВАТАН ЗИНДАЕМ

Ватан аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси зиндагист.

Зери мафҳуми Ватан зодгоҳ дарк мешавад. Ин маконест, ки дар он мо таваллуд ёфта роҳрав гардида бо обу нонаш ба камол расидаем, рӯзҳои ширини зиндагиро дидаему орзуву ҳавасҳоямонро баровардаем ва руи заминаш хонаву дар сохтаем. Зери хоки ватан фарзандони фарзона, аҷдодону ниёгон, хешу таборон ва ҷумла бузургон ба хоки абадӣ рафтаанд. Рафтанду ҳифзи марзу бум ва як порча хоки Ватанро болои мо қарз гузоштанд, зеро Ватан ҳамеша ба фарзандони содиқу ҳомиёни асил ниёз дорад то марзу бумаш аз чашми душман амон бошад.

Бузургон Ватан – модарро дар як радиф медонанд, зеро модар моро ба дунёи ҳастӣ меорад ва дар оғуши Ватан бо обу нонаш ба камол мерасонад. Ватан аз мо ва мо аз Ватан ҳаргиз дур буда наметавонем ва ҳар ҷое, ки равему аз Ватан дур шавем хотирамон озурдаву нороҳат ва ҳушу ёдамон ба сарзаминамон банд  мегардад, ки ин як раванди табиист. Вақте ҷон дар бадан аст руи замини Ватан ҳар су меравем, вақте, ки мемирем дар оғуши хоки ватан ба хоки абадӣ меравем. Ин аст далели гуфтаи он ки мо аз Ватан ҷудо буда наметавонем ва ҳамеша пайванди ҳамем.

Имрӯзҳо барои ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ – Тоҷикистони беназир фарзандони ватандӯсту ҳомиёни содиқ дар радифи ҳомиёни меҳан рост истода барои иҷрои қарзи шаҳрвандии худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил гардида, хизмати ҳарбиро пеш бурда истодаанд.

Қувваҳои муссаллаҳи кишвар, ки иборат аз родмардони асилу далери меҳан аст кафили тинҷиву оромӣ, сулҳу субот, пойдории  истиқлолияту ваҳдати кишвар мебошад. Натиҷаи хизмати содиқонаи ин ниҳод аст, ки имрӯз мардуми меҳан дар фазои орому осуда дар зери ливои сулҳу субот умр ба сар бурда, рӯзгори хушу файзбор доранд.

Ҷавонони меҳан, ки насли ояндасози миллат мебошанд, бояд қарзи фарзӣ, виҷдонӣ ва ҳам шаҳрвандии худ – хизмат ба Ватан — Модарро сарбаландона анҷом диҳанд. Зи ин рӯ аз ҳамаи ҷавонони ба синни даъват ба хизмати ҳарбӣ расида даъват ба амал меорам, ки бо ҳисси баланди мардонагӣ, ватандӯстдорӣ, хештаншиносӣ  ба хотири ҳифзи марзу буми  аҷдодӣ, фарҳангу тамаддуни ниёгон, ҳифзи арзишҳои миллӣ аз қабили истиқлолияту сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сафи ҳомиёни меҳан рост истода ба Ватан – Модар содиқона хизмат намоянд то рисолати шаҳрвандии худро дар назди Меҳану миллат ва рӯҳи гузаштагон сарбаландона анҷом диҳанд.

Дар поёни калом иброз медорам, ки Ватан бо мо ва мо бо Ватан зиндаем ва бо ҳастии ҳам мефахрем. Мо намегузорем, ки қадами душманони бадхоҳи миллати мо як ваҷаб ба хоку марзи меҳани аҷдодӣ наздик гардида, мақсаду мароми нопоки онҳо бар сари миллати кӯҳанбунёди мо амалӣ гардад мо ҳамеша дар шиори родмардони меҳан устуворем:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

 

Муҳаммади САФАРЗОД

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе