МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ 25 СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Санаи 20 июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе мизи мудаввар бахшида ба ҷашни бисту панҷумин солгарди Ваҳдати миллӣ бо иштироки муовинони Раиси суд Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар аввалан  мувоини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин ҳозиринро бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, вобаста ба ин воқеаи муқаддаси таърихӣ суханронӣ намуда  изҳор намуданд, ки «маҳз ҷонбозиҳо ва идроки баланди фарзанди сарсупурдаи миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин рӯзгори ором ва зиндагии осоишта созгор гардид ва мардуми шарафмандамон ҳар сол ин санаи таърихиро, яъне Рӯзи Ваҳдати миллиро бо тантана ҷашн гирифта, ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки ваҳдат ва истиқлол ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд».

Сипас, дар идомаи суханронӣ  судяҳо Сафарзода Қ., Насруллозода С. ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Самандари Қ. ва Наҷмиддинзода О. дар мавзӯъҳои «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушду инкишофи ҳокимияти судӣ», «Ғояҳои Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ» ва «Аҳмияти таърихии Ваҳдати миллӣ», суханронӣ намуданд.

 

Суратгузориш аз раванди чорабинӣ

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Давлатқадамов Саидқоим