ҶИНОЯТҲОИ ХУСУСИЯТИ ИҚТИСОДИДОШТА, САБАБИ СОДИРШАВӢ, АФЗОИШ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОНҲО

 

ҶИНОЯТҲОИ ХУСУСИЯТИ ИҚТИСОДИДОШТА, САБАБИ СОДИРШАВӢ, АФЗОИШ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОНҲО

Мубрамияти мавзуи мазкур дар он аст, ки ҷиноятҳои иқтисодӣ дар ҳолати афзоиш қарор доранд ва онҳо ҳамеша ба амнияти миллӣ ва иқтисодии кишвар таҳдиди воқеӣ дошта, дар тӯли солҳои охир бо таъсири ислоҳоти молиявӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, рушди босуръати иқтисодии мамлакат ва қонунгузории ҷиноятӣ, шакли худро тағир медиҳанд.

Ҷиноятҳои иқтисодӣ кирдори ба ҷамъият хавфнок ва ғайриқонунӣ мебошанд, ки ҳангоми содир гардидани онҳо ба манфиати шаҳрвандон, корхона, муассиса, ташкилот ва давлат зарари моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Имрӯзҳо, аз маълумотҳои омории фаъолияти судҳои мамлакат бармеояд, ки қисми зиёди ҷиноятҳои содиршударо, ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду навъи ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт ҷудо карда шудааст, ки ин ҷиноятҳо ба муқобили моликият ва ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ мебошанд. Аз он ҷумла, бештари ҷиноятҳои содиршударо ҷиноятҳо ба муқобили моликият ба монанди дуздӣ, азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ ташкил медиҳанд, ки нисбат ба дигар ҷиноятҳо зиёдтар содир мегарданд.

Инчунин дар раванди фаъолияти мақомоти давлатӣ ду самти мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ҷой дорад.

Аввалан, фаъолияти иқтисодӣ баҳри бехатариаш ниёз ба ҳимояи давлат дорад. Мақомоти давлатӣ дар самти фаъолияташон бояд пешгирии ҷиноятҳои иқтисодиро ба роҳ монда, бахши соҳибкории мамлакатро зеҳри ҳимоя қарор диҳад.

Инчунин, шаҳрвандон, корхона муассиса, ташкилот ва давлат низ дар навбати худ ниёз ба ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои қонунӣ худ аз фаъолияти соҳибибкории ғайриқонуниро доранд. Зеро соҳибкории ғайриқонунӣ дар раванди фаъолияташ ба буҷаи давлат, корхона, муассиса, ташкилот ва шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида, молҳои пастсифату зарароварро истеҳсол карда ба амнияти милливу саломатии аҳоли зарари ҷиддӣ мерасонад.

Тибқи маълумотҳои ҳисоботи солонаи фаъолияти Суди шаҳри Душанбе дар соли 2021, аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 31 адад (40%) онҳоро парвандаҳои ҷиноятӣ дар соҳаи иқтисодиёт ташкил медиҳанд, ки бештари онҳо ҷиноятҳо ба муқобили моликият мебошанд. На кам аз се яки парвандаҳои баррасишударо ҷинояти дуздӣ, азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, қаллобӣ, қочоқ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта ташкил медиҳанд.

Сабаби содиршавии ҷиноятҳои мазкур, ин ташаккул ёфтани бахши соҳибкории мамлакат, ки бо рушд ёфтани он корхона, муассиса ва ташкилотҳои зиёд фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Дар ин замина шумораи ҷиноятҳо ба монанди азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, соҳибкори ғайриқонунӣ, саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз, фиреби истеъмолкунандагон ва ғайраҳо зиёд гардидаанд.

Инчунин, баланд будани сатҳи камбизоатӣ ва бекории аҳолӣ, баланд будани нархи молу маҳсулот ба афзоиш ёфтани ҷиноятҳои дуздӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ оварда мерасонад, ки бештар шахсоне, ки даст ба содир намудани ҷиноятҳои зикргардида мезананд, аз оилаҳои камбизоат ва бекор мебошанд.

Афзоиш ёфтани ҷиноятҳои иқтисодӣ бештар бо сабабҳои вазъи моддиву молиявии шаҳрвандон робитаи зич дошта, онҳо баҳри ба даст овардани даромади муфт содир мегарданд.

Дар самти пешгирии содиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ тамоми мақомотҳои давлатиро зарурат аст, ки дар ҳамкорӣ бо якдигар баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Зеро, ки ҷиноятҳои иқтисодӣ ба иқтидори иқтисодии давлат, буҷаи ташкилотҳо ва шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида, вазъи давлатро дар ҳолати ногувори иқтисодӣ қарор дода,  буҳронҳои иқтисодӣ ва молиявиро ба бор меорад.

Баҳри пешгирӣ ва ба сатҳи паст бурдани содиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ мақомотҳои давлатиро зарур аст, ки амалҳои зайлро анҷом диҳанд:

  • Баланд бардоштани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон
  • Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи фаъолияти кормандони мақомоти гумрук, андоз ва молия
  • Азхудкарданаи методҳои ошкорсозии объектҳо, ки бояд андозбандӣ карда шаванд
  • Бурдани ташвиқоту тарғибот оид ба риояи қонунҳои ҷорӣ байни соҳибкорон, шаҳрвандон ва дигар субъектоне, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ сару кор доранд
  • Бо шахсоне, ки пештар ҷиноятҳои иқтисодиро содир кардаанд, гузаронидани корҳои фардӣ-фаҳмондадиҳӣ
  • Дар воситаи ахбори омма пахш ва интишор намудани маълумотҳо оид ба содиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ

 

Хулоса, мавзӯи номбурда доғи рӯз ба шумор рафта, содиршавии ҷиноятҳои мазкур тибқи маълумотҳои оморӣ солҳои охир зиёд гардида, ҳамарӯза аз содир гардидани онҳо  ба манфиати даҳҳо шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлат зарари ҷиддии модиву молиявӣ расонида мешавад. Мақомоти давлатиро зарураст, ки назоратро дар ин самт ҷиддитар намуда, содиршавии ҷиноятҳои мазкурро ба сатҳи пасттар расонанд. Зеро, ки ҷиноятҳои мазкур пайомадҳои сахту сангинро ба иқтидори иқтисодии мамлакат оварда, давлатро дар вазъияти буҳронӣ қарор медиҳанд.

 

Муовини раиси Суди шаҳри Душанбе

Бобохонзода Асомуддин

 

Корманди дастгоҳи шаҳри Душанбе

Давлатқадамов Саидқоим