Ваҳдати тоҷикон поянда бод!

Сулҳу ваҳдат пояи давлату давлатдорӣ буда, баҳри ободӣ, тинҷию осудагии кишвар чун обу ҳаво заруранд. Бесабаб набуд, ки Президенти кишвар Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзхои нахустини ба сари қудрат омаданашон, ҳанӯз дар ҷалассаи 16-уми таърихии дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузор шуда, ба ҳама намояндагони халқи тоҷик ва ҷамъи сокинони Тоҷикистон аз сулҳу оромӣ, хотимаи ҷанги бародаркӯш муроҷиат карда буданд ва хушбахтона, ин муроҷиат бо дастгирии ҳазорон ҳазор сокинони кишвар дастгирӣ ёфт. Чӣ мушкил буданд он рӯзҳо, ки дар саросари мулк ҷангу хунрезӣ мардумонро маҷбур карда буд, ки ватани аҷдодиашонро тарк карда, овораи мулкҳои бегона, аз ҷумла Афғонистон гашта буданд. Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Саросари мулкро гуруснагию нодорӣ фаро гирифта буд ва аз он рӯзҳои пурдаҳшат солҳо сипарӣ гардида бошад ҳам, вале чун хобу хаёли даҳшатбор ба ёд меоянд, хотирҳоро хаста, вуҷуди касро боз даҳшат фаро мегирад, ки чӣ мардуми гуроҳ будему моро киҳо ба ин вартаи нобудшавӣ андохта буд. Шукри ҳақ, шукри ҷавонмардони баору баномӯс, шукри Президенти кунунии кишварамон, ки бо сиёсати хирадмандона ва ақлу фаросати азалӣ миллати тоҷикро аз он вартаи ҳалокатбор раҳонида тавонистанд. Ва бубинед, ки давраи нисбатан кутоҳи таърихӣ шаҳру деҳи мо чӣ қадар обод гардид.

Имрӯз боз ҳамон шукрона ба ёд меояд, ки шабу рӯзи мо тинҷу осуда аст. Мардум дар шаҳру деҳаҳо аз пайи ризқу рӯзӣ дар фазои сулҳу осоиштагӣ думболи ободию шукуфоии диёранд. Дар ин муддат садҳо иншооту мактабу коргоҳҳои нав ба нав обод гардида, гурезаҳои ба ватан баргашта, хонаҳои сӯхтаву валонгардидаро аз нав таъмиру барқарор карданд. Хулоса  зиндагӣ аз нав ба маҷрои пештараи худ баргашт ва чӣ хурду чӣ бузург думболи таҳсилу ободию осудагӣ камар баста, хоҳони онанд, ки чунин тинҷию сулҳу ваҳдат асрҳои аср дар Тоҷикистони азизи мо давом кунад, то тавониста бошем, ки зиндагии хешро сомон бахшида, рӯзгорамонро боз ҳам ободтар гардонем.

Акнун вазифаи ҳар як фарди солимфикру боақл пойдор нигоҳ доштани ваҳдати халқи тоҷик аст. Дар чунин даврае, ки дар мамлакатҳои исломӣ ҷангу ҷидол ба авҷи аълои худ расидааст, бояд ҳар яки мо бо ақлу фаросати худ дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Тоҷикистон аҳлона ҷамъ омада, нагузорем, ки сулҳу ваҳдати халқи мо халалдор гардад, зеро тинҷию оромӣ сулҳу ваҳдати мо тоҷикон баҳри боз ҳам ободу зебо гардидаи рӯзгорамон мусоидат дорад.

Рӯзҳои наздик, ки ҷашни ваҳдати халқи тоҷик бо тантана ҷашн гирифта мешавад, ҳар як фарди ин мулкро зарур аст, барои пойдории ин ваҳдат заррае ҳам  бошад ҳиссагузорӣ кунад, зеро сулҳу осудагии мо боиси зиндагии ободи мо хоҳад шуд.

 

Корманди дастгоҳи суди ш. Душанбе

Раҳмонзода А.Р.