Консепсия ва асосҳои супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм
Супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм (экстрадитсия), яке аз институтҳои қадима ва муҳими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Вале, новобаста аз таърихи қадима доштанаш, то кунун дар адабиёти илмӣ ва қонунгузорӣ мафҳуми ягонаи он оварда нашудааст. Мафҳуми байналмилалии экстрадитсия муродифи “супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм” аз рӯи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.
Дар вақтҳои охир дар самти татқиқи институти истирдод ё экстрадитсия бисёри муҳақиқон мароқ зоҳир намуда истодаанд ва дар ин ҷода биёр мақолаву китобҳо ба нашр расидаанд. Новобаста ба ҳамаи ин иқдомҳо, на дар илм ва на дар сатҳи қонунгузорӣ доир ба мафҳум ва моҳияти он ба як мақсади муайян наомадаанд.
Экстрадитсия аз калимаи лотинии Ekstraditio гирифта шуда маънояш супоридани шахсе мебошад, ки дар ҳудуди як давлат ҷиноят содир карда, дар ҳудуди дигар давлат қарор дорад. Дар асоси ин институт мақсаду равия “Ё супорида диҳед”, “ё худатон ҷазо диҳед” мебошад ва оиди шахсе, ки дар ин ё он мамлакат ҷиноят содир кардааст, ё дар малакате мебошад, ки дастгир шудааст, ё мамлакате, ки аз ин ҷиноят зарари калон дидааст.
Аз нуқтаи назари қонунгузорӣ ҷарраёни супоридан- ин ҷарраёни супоридани шахсе, ки ҷиноят содир кардааст ё гунаҳгор ҳисобида мешавад, аз як давлат ба давлати дигар барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм мебошад. Мақсадҳои асосии экстрадтисия дар замони муосир аз инҳо иборат мебошад: таъқиби шахсе, ки ҷиноят содир кардааст ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, бояд на камтар аз як сол ҷазо дода шавад; ба амал баровардани адолати судӣ; пешгирии ҷинояткорӣ ва татбиқи принсипи ногузирии ҷазо. Иҷроиши ҳукми суд дар он маврид ба роҳ монда мешавад, ки агар ҷинояткор на камтар аз шаш моҳ ҷазо мегирад, агар ҷиноят вазнинтар бошад ва ин ҳукм то ҳол иҷро нашуда бошад, бояд ҳатман иҷро шавад.
Дар таҷрибаи муносибатҳои байналхалқӣ оиди мубориза бо ҷинояткорӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ, истирдоди ҷинояткор, ки дар як мамлакат ҷиноят содир карда дар дигар мамлакат мебошад аҳамияти калон дорад.
Истирдоди ҷинояткор – ин истирдоди шахсе, ки дар як мамлакат ҷиноят содир кардааст, вале дар дигар мамлакат пинҳон шудааст, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм мебошад.
Масъалаҳои асосии истирдоди ҷинояткор, ҳатман ба масъалаи паногоҳи сиёси вобастагӣ дорад. Масъалаи интиқоли ҷинояткор ва ба ӯ додани паногоҳ ҳанӯз аз давраҳои қадим чандин маротиба ҳалли худро ёфтааст. Махсусан ин масъала дар давраи ҷанги сард миёни ду системаи ҷаҳонӣ бисёр тезу тунд буд.
Дар замони муосир қоидаи умумиэътирофшудае мавҷуд мебошад, ки мувофиқи он паногоҳ танҳо ба шахсоне дода мешавад, ки ҷиноятҳои сиёсӣ содир кардаанд. Вале, то ҳанӯз фаҳмиши ягонаи ҷинояткории сиёсӣ коргузорӣ нашудааст. Аз ин рӯ, масъалаи таҷрибавӣ оиди интиқоли шахс ва ба ӯ додани паногоҳи стиёсӣ аз рӯи баҳои сиёсӣ додан ба кирдори ӯ ва қонунҳои ҳамон давлате, ки ҷинояткор дар ҳудуди он мебошад ҳал карда мешавад.
Конститутсияи аксари давлатҳо мавқеи ҳолати интиқоли ҷинояткорон ва додани паногоҳӣ сиёсиро муайян кардаанд. Масалан, дар моддаи 16 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррарот мавҷуд аст, ки мувофиқи он “Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супоридан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад”. Дар асоси меъёрҳои Конститутсия дар қисми 1 моддаи 16 КҶ ҶТ омадааст, ки “шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар ҷиноят содир кардааст, ба он давлат супорида намешавад, агар дар шартномаи тарафайн тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад”.
Бояд зикр намуд, ки аксари кишварҳои ҷаҳон доир ба насупоридани шаҳрвандони хеш дар як хел мавқеъ қарор доранд. Супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм дар амалияи байналхалқӣ одатан дар асоси шартнома ва бо роҳи гуфтушуниди дипломатӣ ҳал карда мешавад.
Масъалаи истирдоди ҷинояткорон аҳамияти худро аз сабаби тез ҷой иваз намудани ҷинояткорон аз як давлат ба давлати дигар, зиёд шудани амалҳои терористӣ, инкишофи роҳу воситаҳои нақлиёт, гирифтани гаравгонҳо, хариду фурӯши занҳо, яроқ, маводи мухаддир дар ҳудуди давлатҳои гуногун нақши зиёдеро ба худ касб мекунад. Зарурати пурзур намудани мубориза бо ҷинояткорони хавфнок давлатҳоро водор менамояд, ки қувваҳои худ ва ёрии байниҳамдигариро муттаҳид намоянд.
Масъалаи супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм он вақт ба вуҷуд меояд, ки шаҳрванди давлати алоҳида дар дигар давлат ҷиноят содир кардааст ё дар ҳудуди давлат ҷиноят содир кардаасту дар давлати дигар мебошад ё бар зидди ин давлат ҷиноят содир шудааст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ раванди истирдод дар маридҳои зерин ба вуҷуд меояд.
1. Вақте ки ҷиноят дар ҳудуди он содир шудааст;
2. Вақте ки ҷинояткор шаҳрванди ҳамин давлат аст;
3. Вақте ки ҷиноят ба муқобили ин давлат равона шудааст ва ба он хисорот овардааст.
Таҳлили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар мавридҳои зерин истирдоди ҷинояткорон ба амал омада метавонад.
А) ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, идома ёфтааст ва ё ба итмом расонида шудааст;
Б) берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят дар ҳудуди он фаро расидааст;
Г) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят берун аз ҳудуди он фаро расидааст;
Д) дар шарикӣ бо шахсоне содир шудааст, ки фаъолияти ҷинояткоронаи худро дар ҳудуди давлати дигар ба амал баровардаанд.
Вақте ки ҷинояткор дар ҳудуди якчанд давлат ҷиноят содир кардааст, интиқоли ӯ бо роҳи дипломатӣ дар асоси шартномаҳои байналхалқӣ гузаронида мешавад. Дар ин ҳолат новобаста аз он, ки ҷинояткор дар кадом давлат ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, вай бояд дар назди дигар давлатҳо барои кирдорҳои содиркардааш ҷавоб диҳад. Масалан, додгоҳи Германия парвандаҳои ҷиноятие, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳудуди Полша, Белоруссия ва дигар давлатҳо шаҳрвандонаш содир карда буданд, дида баромад.
Истирдоди ҷинояткорон пеш аз ҳама бо мақсади ҷазо додани шахсони ҷиноятсодиркарда ба амал бароварда мешавад. Дар ин маврид нақши асосиро ҳукми суд иҷро мекунад, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст. Истирдоди ҷинояткоре, ки шаҳрванди он давлат несту дар онҷо ҷазоро адо мекунад, барои иҷрои муҳлати минбаъдаи ҷазо ба ватанаш мумкин аст.
Ҳамин тавр мақомоти салоҳиятдоре, ки супоридани ҷинояткор ба салоҳияти он гузошта шудааст, ҳангоми истирдоди ҷинояткорон, бояд ҳадди кирдоре, ки ҷинояткор содир намуддаст, пурра ва ҳаматарафа омӯхта, исбот карда ҷарраёни истирдодро баъдан ба роҳ монад, зеро он барои супоридан аҳамияти калон дорад.
Дар баробари ин дар Конститутсияи аксари кишварҳои дунё мавридҳои додани паногоҳи сиёсӣ омадааст, ки он асосан тибқи қонунҳои дохилии давлате, ки ҷинояткор дар ҳудуди он қарор дорад сурат мегирад. Мувофиқи моддаи 16 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд давлат метавонад паногоҳи сиёсӣ диҳад”.
Зимни супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм консепсияҳое (равияҳое) мавҷуд мебошад, ки дар доираи шартномаҳои байналхалқӣ оиди интиқол ва талаботҳои он дар амал бояд ба инобат гирифта шаванд.
Консепсияи супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм –ин маҷмӯи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асоси меъёрҳо ва шартномаҳои байналхалқӣ оиди батанзимдарорӣ ва рафти интиқол мебошад, ки дар шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дарҷ ёфтааст ва тавассути он ҷарраёни истирдод ба роҳ монда мешавад.
Ю.В.Минкова чунин консепсияҳои интиқолро ҷудо намудааст: консепсияи истирдоди ҷинояткор, консепсияи дугонаи судӣ; консепсияи махсус; консепсияи ҳамкорӣ; консепсияи умумӣ; консепсияи маҳдуд кардани озодӣ бо ягон сабаб ва консепсияҳое, ки боси монеаи истирдоди ҷинояткорон мегардад .
Консепсияҳои супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонунҳои алоҳида ё шартномаҳои байналхалқии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд дарҷ гардидааст. Аз ин лиҳоз ҷарраёни истирдод дар Тоҷикистон новобаста аз дахолати дигар давлатҳо дар асоси қонунҳои кишвар сурат мегирад.
Консепсияи истирдоди шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандро аз мазмуни қисми 2 моддаи 16 КҶ ҶТ дарк намудан мумкин аст, ки мувофиқи он “шаҳрвандӣ хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намуда, дар ҳудуди он қарор дорад, мутобиқи шартномаи байналмилалӣ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё адо намудани ҷазо ба давалати хориҷӣ супурда шавад”.
Ҳамзамон меъёри зикршуда низ дар моддаи 13 КҶ ФР дарҷ шудааст, ки мувофиқи он “шаҳрвандони федератсия, ки дар ҳудуди дигар мамлакат ҷиноят содир кардаанд ба он давлат истирдод карда намешаванд. Шахсони хориҷие, ки берун аз ФР ҷиноят содир кардаанд ва дар ҳудуди он мебошанд, мумкин барои адои ҷазо мувофиқи шартномаи байналхалқӣ истирдод карда шаванд”.
Ин қоида метавонад бо мақсади муҳофизати шаҳрвандони давлат аз имконияти таъқиб дар дигар давлат равона гардад. Барои муҳофизати чунин мавқеъ омӯзиши ҳуқуқии чунин асосоҳо коркад шудааст: 1) давлат мақсади шахсии худро маҳдуд кардааст, барои вай дар назди дигар давлат ҳеҷ вобастагие ё уҳдадорие мавҷуд нест; 2) ҳар як шаҳрванд бояд танҳо аз рӯи қонунҳои кишвари худ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад; 3) барои ҷиноятҳое, ки берун аз ҳудуди ин давлат шудааст, вай ин ҷинояткорро ҷазо намедиҳад, чунки қонунҳои ин давлат вайрон нашудааст; 4) бар зиммаи давлат уҳдадории муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони худ гузошта шудааст. Истирдоди шаҳрванди худ, кафолати муҳофизати шаҳрванди худро гум мекунад; 5) ҳангоми истирдоди шаҳрванди худ давлат сустшавии сиёсӣ-ҳуқуқии соҳибистиқлолии худро ҳис мекунад. Мувофиқи моддаи 6 Конвенсияи Аврупоӣ оиди истирдод аз соли 1957 тарафҳои шартномабаста метавонанд аз супоридани шаҳрвандони худ даст кашанд. Дар асоси муқаррароти як қатор шартномаҳои байналмилалӣ, он вақт аз супоридани ҷинояткор даст мекашанд, ки ҷинояткор шаҳрванди мамлакати пурсидашуда бошад, вале тарафи пурсидашуда нисбати ҷинояткор павандаи ҷиноӣ кушода бошад.
Дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ оиди супоридани ишахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм агар давлатҳои шартномабаста оиди супоридани ҷинояткорон ба мувофиқа нарасанд, онгоҳ онҳо метавонанд, маводҳои ҷамъовардашударо барои барассии парвандаи ҷиноятӣ пешниҳод кунанд. Барои анҷом додани ин кор тарафи талабкунанда нусхаи ин ҳуҷҷатҳоро бояд омода намояд. Маводҳои парванда, ки ба тарафи дархостшаванда супорида шудааст , дар он маврид истифода мегардад, ки агар он ба таври асоснок исбот карда шаванд. Тарафи дархостшаванда оиди натиҷаи истифодаи ин ҳуҷҷатҳо бояд тарафи дархосткунандаро огоҳ намояд. Ба ақидаи Ю.В. Минковой супоридани ҳуҷҷатҳоро оиди пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар амал ҳамчун ҳуҷҷатҳои ҳамдигарфаҳмӣ ҳисобидан номумкин мебошад, чунки нуқтаи назари бисёр мамлакатҳо оиди ин масъала мухолиф мебошад ва онро эътироф намекунанд (Масалан, Австралия, Британияи Кабир, Исроил, ИМА, Ҳиндустон, Канада ва ғ.).
Қоидаи дуҷониба ё Консепсияи гунаҳгории дуҷониба дар адабиёт ҳамчун эътироф шудани кирдори содиршуда дар ҳарду кишвар ба сифати ҷиноят фаҳмида мешавад. Дар таълимоти институти экстрадитсия ин консепсия дар ягон вақт мавриди баҳс қарор нагирифтааст, чунки он ба қоидаи “ҷиноят нест-бе нишондоди он наметавон истирдод кард” ба иҷро расонидани онро дар соҳаи супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм пайваст менамояд. Мазмуни ин консепсияро аз муқаррароти қонунҳои алоҳидаи кишварҳо дарк намудан мумкин аст. Агар талаботи ин консепсия риоя нагардад, онгоҳ супоридани ҷинояткор рад карда мешавад. Масалан, дар сархати дуюми моддаи 479 КМҶ ҶТ яке аз ҳолатҳое, ки боиси рад кардани супоридани шахс мегардад ин “кирдоре, ки асоси талабнома доир ба супоридан қарор дода шудааст, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят эътироф нагардидан” мебошад. Интиқоли шахс дар он вақт сурат мегирад, ки ин ҷиноят дар қонунгузории ҳарду мамлакат ҷойгир бошад. Барои қабули ин консепсия ё қоида бисёр саволҳо пайдо мешавад: оё амали ҷинояткор дар қонунгузории ҳарду тараф вуҷуд дорад ё не, ки ба қонунҳои ҳарду тараф мувофиқат кунад. Ҳамин тавр, асосан он чи ба инобат гирифта мешавад, ки ин ҷиноятро ҳарду тараф эътироф намоянд.
Қоидаи “муҳлати камтарини ҷазо” ё Консепсияи “интиқоли ҷиноятӣ” нишон медиҳад, ки тарафҳо уҳдадоранд шахси ҷиноятсодирнамударо барои тамоми амлҳояш ба муҳлати муайяншуда ҷазо диҳанд. Истифодаи ин тарз дар сархати 2 қисми 2 моддаи 476 КМҶ ҶТ муқаррар шудааст, ки мувофиқи он “баёни ҳолатҳои воқеии ҷинояти содиршуда бо зикри матни қонуне, ки барои ин ҷиноят ҷавобгариро пешбинӣ мекунад ва зикри ҳатмии ҷазо” дар талабнома дарҷ карда шавад.
Консепсияи “интиқоли ҷиноятӣ” қариб дар тамоми ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дар ин самт мустаҳкам шудаст. Мувофиқи қисми 1 моддаи 2 Конвенсияи Аврупои оиди истирдод аз соли 1957 “истирдоди ҷинояткорон дар асоси талабномаи тарафҳо ва дар сурати мавҷуд будани ҳадди баландтари ҷазо барои ҷиноятӣ содиршуда на камтар аз як сол ё аз он зиёдтар сурат мегирад”[17]. Ин қоида ҳамзамон дар Конвенсияи Минск аз соли 1993 ва Конвенсияи Кишинёв қ. 2 м.66 зикр гардидааст.
Дар моддаи 2 шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод аз 30.03.2016 №377. омадааст, ки истирдод тибқи шартномаи мазкур дар ҳолати зерин амалӣ карда мешавад:
А) агар аз тарафи айбдоршаванда ҷиноят содир шуда бошад, ки қонунгузории тарафҳо барои содир кардани чунин ҷиноят на камтар аз як сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ намояд;
Б) агар суди салоҳиятдори тарафи дархосткунанда чӣ дар ҳузури судшаванда ва чӣ бе ҳузури он ҳукмро бо таъин намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати на камтар аз шаш моҳ нисбати судшаванда бароварда бошад.
Консепсияи махсус ва консепсия оиди истирдод нишон медиҳад, ки шахси ҷиноятсодиркарда бо кадом тарзу воситаҳо ва кадом намуди ҷиноятро содир намудааст, ки ин бояд дар қонунгузории трафҳои дархосткунанда ва дархостшаванда муқаррар шуда бошанд. Бе мувофиқаи ҳар ду тараф, ки супоридани шахс талаб карда мешавад, шахси истирдодшуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад, чунки дар ин мавриди ба соҳибистиқлолии давлат поймол мешавад. Ин консепсия дар бисёр мамлакат ва шартномаҳои байналхалқӣ оиди экстрадитсия дида мешавад: “шахси ҷиноятсодирнамуда, ки аз тарафи дархостшуда супорида шудааст бе ризои давлате, ки ӯро супоридааст, барои ҷинояти дигаре, ки ба супоридани ӯ вобаста нест, наметавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад, ҷазо дода шавад, ҳамчунин ба давлати сеюм супорида шавад”. Розигии тарафи дархостшаванда талаб карда намешавад: агар,
1) Шахси истирдодшуда дар давоми 44 шабонарӯз аз рӯзи супорида шудан мувофиқан ҷазо дода ё сафед карда нашавад. Дар ин қоида муҳлати вақти аз ин давлат бурдан ба инобат гирифта намешавад;
2) Шахси истирдодшуда ҳудуди давлатеро, ки ба он супорида шуда буд, тарк намудааст, вале баъдтар ба хоҳиши худ ба давлати дархостшуда баргаштааст. Ин консепсия роҳ надодани татқиқоти умумиҷиноятии сиёсӣ, ки ҷинояткор ба сифати истирдодшуда ҳисобида мешавад, дар бар мегирад;
Вале, аз ин қоида инҳо истисно мебошанд:
1) Вақте ки тарафи дархостшуда ба ин розӣ бошад. Розигӣ он вақт дода мешавад, ки ҷиноят бо қонунҳои тарафи дархосткунанда барои истирдод дуруст бошанд ва аз рӯи қоидаҳои Конвенсияҳои байналмилалӣ дар ин самт ҷавобгӯ бошанд ;
2) Вақте ки ҷинояткор имконият дошт, аз мамлакати истирдодшуда гурезад, вале онро дар муддати 45 шабонарӯз баъди озодшавии пурра ё баъди тарки он боз баргашта омадааст.
Розигии тарафи шартномабаста талаб карда намешавад, агар шахси истирдодшуда дар давоми 15 шабонарӯз баъди тамом шудани татқиқоти ҷиноӣ, иҷрои ҷазо, озодӣ дар ассоси қонунҳои давлати шартномабаста мамлакатро тарк карда буду боз бо хоҳиши худуаш баргашта омадааст. Дар ин маврид вақти оиди тарк кардани мамлакат ба ҳисоб гирифта намешавад.
Ҳамин тавр, истисно аз қонунҳо ва шартномаҳои махсус, ки шахси истирдодшуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад, инчунин ба мамлакати сеюм истирдод карда намешавад
Истирдод он вақт ба иҷро расонида мешавад, ки барои супоридани ҷинояткор тамоми маводҳои ҷамъовардашуда шаҳодат медиҳанд ё ин ки шахс баъди адои ҷазо дар давоми муҳлати додашуда, ҳудуди мамлакати пурсидашударо тарк накардааст.
Консепсияи истисноӣ аз асосҳои истирдоди ҷиноятҳои сиёсӣ дар бисёр конвенсияҳои байналхалқӣ ва шартномаҳои дутарафа оиди супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм дарҷ гардидааст. Мувофиқи қ. 1 м.3 Конвенсияи Аврупоӣ дар бораи истирдод аз соли 1957 “Истирдод он вақт шуда наметавонад, ки тарафи дархостшуда ин ҷиноятро ҷиноятӣ сиёсӣ ҳисоб намояд”. Ин консепсия нишон медиҳад, ки шакли ягонаи муайянкунандаи ҷиноятӣ сиёсӣ вуҷуд надорад. Ҳуқуқи муайян кардани ҷинояти сиёсиро танҳо мамлакати пурсидашуда дар давоми ҷарраёни истирдод муайян мекунад. Конвенсияи Аврупоӣ оиди истирдод аз соли 1957 ва протоколо иловагӣ ба он ҷиноятҳое, ки ҷиноятҳои сиёсӣ ҳисобида намешавад муайян намудааст:
1) Куштор ё кӯшиши куштори роҳбари давлат ва аъзои оилаи он (қ.3 м.3 Конвенсия);
2) Ҷиноятҳое, ки хусусияти нажодпарастӣ доранд;
3) Вайрон кардани нишондоди моддаи 50 Конвесияи Женева оиди дар ҷанг иштирок кадани сарбозони маҷруҳ, сарбозони дар фалокатҳои баҳрӣ маҷруҳшуда, асирони ҳарбӣ ва оиди муҳорибаи шаҳрвандон ҳангоми ҷанг (моддаи 147 Конвенсияи Женева аз 12.08.1949);
4) Вайрон кардани тамоми қоидаву қонунҳои ҷанг, ки то ин замон дар дар декларатсия қайди худро ёфтааст (моддаи 1 Конвенсияи Аврупоӣ);
Дар фарқият аз Конвенсияи Аврупоӣ оиди истирдод дар Конвенсияи Минск аз соли 1993 ва Конвенсияи Кишинёв чунин меъёр оиди истирдоди шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм муқаррар нагардидааст.
Дар қисми 2 моддаи 3 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод аз 16.02.2017 № 694 меъёри зерин ҷой дорад, ки ҳангоми истифодаи ин созишнома инҳо таҳти мафҳуми ҷинояти сиёсӣ қарор намегиранд:
1) Суиқасд ба ҳаёти Президент ё раиси ҳукумати тарафҳо ё аъзои оилаи онҳо, аъзои Парламенти тарафҳо ё аъзои оилаи онҳо;
2) Амалҳои терористӣ:
3) Ҳамагуна ҷинояткорӣ, дар созишномаҳои байналмилалӣ нишондодашуда, ки иштирокчиёнаш тарафҳо мебошанд. Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки қонунро риоя намоянд ё шахсро барои ин ҷиноятҳо истирдод намоянд.
Аз як тараф чунин асосҳоро бояд эътироф кард, дар мадди аввал он мамлакатҳое, ки ба Иттиҳоди Аврупо дохил шудаанд ё барои иҷро шудани он кӯшиш мекунанд. Аз тарафи дигар мебояд санадҳои ИДМ-ро оиди истирдоди шахсон аз сари нав коркард намуд, чунки дар онҳо на мафҳуми ҷиноятҳои сиёсӣ ва на намудҳои онҳо зикр гардидааст.
Дар адабиёти илмӣ ақидае вуҷуд дорад, ки новобаста аз ҳолатҳои дар боло зикргашта “ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатиро” ҳамчун ҷиноятҳои дорои хислати сиёсӣ эътироф намуд: хиёнат ба давлат, ҷосусӣ, суиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ, бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, исёни мусаллаҳона, даъвати оммавӣ оиди сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, нажодпарастӣ ва зиддиятҳои динӣ. Ҳамин тавр онҳо аз ду сар аз Конститутсияҳои аксари кишварҳо сарчашма мегиранд, ки онҳо метавонанд моҳияти сиёсӣ дошта бошанд.
Ба андешаи Абдуллоев П.С. розӣ шудан ба маврид аст, ки муайян кардани аниқие оиди ҷиноятҳои сиёсӣ шинохта шудааст вуҷуд надорад ва дар таҷрибаи байналхалқи низ муайян кардани он мушкил мебошад. Дар таълимоти институти супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданё иҷрои ҳукм кӯшише ба харҷ дода шудааст, ки ҷиноятро ҳамчун ҷиноятӣ сиёсӣ онгоҳ ҳисобидан мумкин аст, ки ба таври сиёсӣ ё мақсади сиёсӣ ба муқобили давлат равона шудааст.
Ҳатман ба ҳисоб гирифтан даркор аст, ки асоси аз истирдод даст кашидан ҳамчун ҷинояти сиёсӣ бо ҳуқуқи паногоҳи сиёсӣ сахт робита дорад. Дар ҳоли ҳозир ягона фаҳмиши ҷинояте, ки ҳамчун ҷинояти сиёсӣ эътироф шавад ҷой надорад.
Ба ақидаи Ю.Г.Васильев институти супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм ва институти паногоҳи сиёсӣ ҳама вақт ба як самт равонанд, чунки ҳамаи амалҳои оиди пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳатман ба нақшаи имконияти додани паногоҳи сиёсӣ мувофиқат мекунад. Дохил ва ҳалли ҳаққонии тартиби додани паногоҳи сиёсӣ ба таври механикӣ тамоми масъалаҳоро оиди истирдоди ҷинояткор аз байн мебарад.
Ба андешаи А.И.Бойцова бошад “институти экстрадитсия ва паногоҳи сиёсӣ ҳарду аз равиши як шоҳраг буда, ки мундариҷаи дохилии онҳо тағйир наёфта, танҳо мундариҷаи яке аз онҳо кам шуда аз дигараш зиёд мешавад ё баръакс”.
Экстрадитсия раванди ба асос ва шароит вобастае мебошад, ки доир ба он фикри ягона вуҷуд надошта онро аз нигоҳҳои гуногун баррасӣ мекунанд.
Дар замони муосир консепсияиҳои нави супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм, ки ба шароити кунунии ҳёти ҷомеа мувофиқ бошад коркард шуда истодааст. Яке аз ин консепсияҳо- Консепсияи нави зарурати қабул намудани қонунҳои истирдод дар давлатҳои алоҳида, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он бояд тамоми қоида ва талаботҳои истирдодро дар бар гирад. Раванди истирдоди шахсон талаб менамояд, ки зимни ташкил кардани консепсияи нави экстрадитсия, кафолати ҳуқуқу озодиҳои гумонбаршуда айбдоршаванда ва судшаванда боз ҳам пурра ва хубтар коркард шавад. Ин консепсияи ҳозиразамони супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм талаботи умумибашарӣ буда, он бояд ба тамоми талаботҳои он ҷавобгӯ бошад.
Сардори шуъбаи умумии суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д.Н.