Баргузор гардидани ҷамъомади тантанавии бахшида ба Рӯзи Модар – 8 март.
Санаи 07 марти соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди Модарон баргузор гардид.
Сараввал ҳозиринро Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. табрику муборакбод намуда, ба кулли модарон ва занон таманниётҳои некро аз номи худ ва коллективи суди шаҳри Душанбе иброз намуданд.
Ҳамзамон, муовинони Раис Холиқмуродзода Д.А. ва Бобохонзода Асомуддин, судяҳои суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А.А., , Сафарзода Қ., Юсуфзода М. ва кормандони дастгоҳи суд Назирмадзода Д.Н., Самандари Қ. ҳозиринро бо Рӯзи Модарон табрик намуданд.
Дар охир роҳбарияти суди шаҳри Душанбе ҳамаи занон ва модаронро бори дигар муборакбод намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуданд.
Аксҳо аз ҷараёни баргузории ҷамъомади тантанавӣ
ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе