Баргузор гардидани Раёсати суди шаҳри Душанбе

Рӯзи 30 декабри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе – Гиёзода М.Қ., муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода С.С., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода З.Н., муовини якум, муовинон ва судяҳои суди шаҳри Душанбе, ҳамчунин раисон, муовинон ва судяҳои ноҳияиҳои  шаҳри Душанбе, маҷлиси Раёсати суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.    

Дар маҷлис масъалаи ҷамъбастии фаъолияти судҳои ноҳияҳои  шаҳри Душанбе  ва суди шаҳри Душанбе дар соли 2021 муҳокима гардид. Маҷлиси Раёсатро Раиси Раёсат, Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ.  кушода эълон намуд. Баъдан маърӯзаҳои муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Саидзода М. оид ба ҳисоботи солонаи коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе, муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Холиқмуродзода Д.А. оид ба ҳисоботи солонаи коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе, муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А. оид ба ҳисоботи солонаи коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии суди шаҳри Душанбе, шунида шуд. Пасон раисони судҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо музокираҳо баромад намуданд.

Аз натиҷаи масъалаҳои дар маҷлиси Раёсат муҳокимагардида қарор қабул гардид.

Суратгузоришҳо аз ҷараёни баргузории маҷлиси Раёсати Суди шаҳри Душанбе

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе 

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ