Рӯзи ҳуқуқи инсон муборак бошад.
Ҳамдиёрони азиз!!! Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ 10-уми декабрро ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн мегиранд ва ин сана ба рӯзи қабули Эълоимияи умумии ҳуқуқи башар вобаста аст. Ин ҷашн аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта шуд. Рӯзи 10 декабри соли 1948, ин декларатсия қабул карда шуд ва аз соли 1950 ҷашнвора ҷашн гирифта шуд.
Ҷашн гирифтани ин рӯзи бузург, арҷ гузоштан ба ҳуқуқҳои инсон ва эътироф намудани ӯ ҳамчун арзиш олӣ, рабт дорад. Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ҳуқуқи инсон, ҳамасола онро ҷашн мегирад.
Роҳбарияти суди шаҳри Душанбе тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахшида ба ин ҷашни фархунда аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, ба яко яки Шумо хонаободӣ, саломатӣ, ва осмони софу беғуборро таманно дорад.