Аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҷомеа

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати баландэътибори ҳуқуқӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории навини Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, заминаи муҳим ва боэътимоди ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷоме ва давлат ба ҳисоб меравад. Он натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи мардуми тоҷик ва ифодаи ҳуқуқии ормонҳои  он ба ҳисоб меравад.

Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як қатор хусусиятҳои ба худ хос мебошад, ки ифодакунандаи моҳияти ин ҳуҷҷати тақдирсоз ва барномавӣ ба ҳисоб меравад.

Моҳияти таърихии Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он дар як марҳилаи барои давлату манфиати ҷомеа ҳасос қабул шуда, дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ тавонист вазъи сиёсиро ба эътидол оварда, дурнамои минбаъдаи ҳаёти ҷомеаву давлатро  муайян намояд.

Њанўз моњи декабри соли 1993 дар арафаи муњокимаи умумихалќии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон чунин андешаро иброз карда буд, ки: «Имрўз ваќти он расидааст, ки мо дар роњи бунёди давлати њуќуќбунёду демократї ва дунявї аз сухан ба амал гузарем, ки асоси эъмори ин навъи давлатро Конститутсияи нави љумњурї мегузорад».

Баъди касб намудани истиқлолияти давлатӣ зарурати такмил ва азнав амалӣ гардонидани ислоҳоти конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ба миён омад. Љомеа ва давлати Тољикистон  ба марњалаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргунињои куллї дар њамаи соњањои њаёти љомеа оѓоз гардид. Мардуми Тољикистон марњалаи давлатдории њуќуќбунёди демократї, эъмори љомеаи шањрвандї ва ривољи муносибатњои нави иќтисодиро дар заминаи моликияти хусусї ва принсипҳои иқтисоди бозоргонӣ шурўъ намуд. Давраи мустаќили рушди иќтисодї, сиёсї, иљтимої ва фарњангї дар робита бо эњёи суннатњои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанањои миллї, мероси ѓании фарњангї ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатњои хориљї ва ташкилотњои бонуфузи байналмилалї оѓоз шуд. Дар љомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорї, низоми маќомоти нави њокимияти давлатї, таъмини арзишњои дар воќеъ олии инсон ва њуќуќу озодињои он, танзими муносибатњои нави љамъиятї ба миён омад.

Ҳамаи ин омилҳои дар њаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба вуќўъ пайваста зарурати муайян намудани асосњои њуќуќии дигаргунињои куллї ва пешрафти минбаъдаи љомеаву давлати Тоҷикистонро ба миён овард. Дар ин љода зарурат ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ, шаклу воситањои нави танзими муносибатњои љамъиятї ба миён омад. Њамзамон бо ин, маълум буд, ки бе ќабули        Конститутсияи нави љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон њалли ин ќабил вазифањо дар бахши ислоњоти њуќуќї ѓайриимкон аст. Аз ин рў,  дар солњои аввали истиќлолияти давлатї масъалаи ќабули Конститутсияи нави Љумњурии Тољикистон амри ногузир гардид.

Заминаи њуќуќии таъмини истиќлолияти давлатии Тољикистон маҳз ба қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон рабт дорад. Бинобар ин, конститутсия рисолати таърихии худро дар самти арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои фарҳангӣ ва ифодаи ҳуқуқии ормонҳои миллии халқи тоҷик ба пуррагӣ иҷро намуда, баҳри тақвияту густариши минбаъдаи муносибтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва равобити байнифарҳангӣ заминаи муосид фароҳам овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати ризоияти миллист.

Таҷрибаи таърихӣ ва низоми давлатдорӣ нишон медиҳад, ки  консттитутсияҳо одатан дар марҳилае қабул карда мешаванд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ба сатҳи дигари инкишоф мегузарад.

Табиист, ки чунин гузариш бе камбудиву нуқсон набуда, нороҳати ва норозигии  гурӯҳеро нисбат ба гурӯҳи дигар ба вуҷуд меорад. Дар чунин вазъ аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳаргуна ташануҷ, бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор будан имконпазир аст.

Пешгирии чунин ҳолат ба равиши омодагӣ ва қабули конститутсия вобастагии калон дорад ва он метавонад ба як санади ризоият ва ваҳдати миллӣ табдил ёбад.

Маҳз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз 06 ноябри соли 1994 қабулгардида ба ҳамин гуна ҳуҷҷат табдил ёфт.

Аҳамияти фавқулода бузурги Конститутсияи кишвари азизамон дар таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идеологии давлати тозабунёди тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани натанҳо шакли идоракунии давлат, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат ба таври барҷаста аён мегардад.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љумлаи дастовардњои бузурги мардуми шарифи Тољикистон буда, заминаи њуќуќии бунёди давлати тозабунёд ва соњибистиќлоли тољикон, шакли ифодаи њуќуќии ормонњои давлатдории миллї, њимояи њадафњо ва манфиатњои миллї, осори таърихї ва фарњанги миллї мебошад. Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон соњибихтиёрї, истиќлолият ва тамомияти арзии Тољикисон, дахлнопазирии њудуди кишвар, моњият ва вазифањои давлат, њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, забони давлатї, рамзњои давлатї ва шаклњои давлатдории Тољикистон, њадафњои сиёсати дохилї ва хориљии давлат, асосњои иќтисодї, сиёсї, иљтимої ва фарњангии давлат ва љомеаи Тољикистон эълон шудаанд.

Конститутсия давлати Тољикистонро чун давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр љавобгўи њадаф ва талаботи инкишофи љомеаи демократї дар љањони мутамаддин буда, њоло дар конститутсияњои њамаи давлатњои демократии дунё ифода гаштааст. Аз тариќи меъёри зикршуда Тољикистон худро аъзои љомеаи башар, муборизи арзишњои њуќуќї, ќонун ва демократия эълон мекунад. Њамзамон пуштибонї аз манфиатњои давлати миллї, пеш аз њама, соњибихтиёрї ва истоќлолияти давлатї дар назар дошта шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии ҷомеа ва давлат буда, дар он тартиби ҳаёти ҷомеа, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ба танзим дароварда шудааст. Конститутсия доррои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

Тавре, аз мундариҷаи Конститутсияи мамлакат маълум мегардад он ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ фаъолияти бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.

Муҳимтарин хусусияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он бо азму мақсади қавии халқи тоҷик, яъне “Бунёди ҷомеаи адолатпарвар, бо гузоштани масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира, оянда, муқаддас донистани ҳуқуқи шахс ва эътироф намудани баробарӣ ва дӯстии тамоми халқу миллатҳо” қабул гардида, ҳамчун ҳуҷҷати барномавии дарозмуддат дурнамои бемайлони рушди ҳамфикрии дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварро бо мамолики хориҷӣ муайян намудааст.

Дар партави арзишҳои башарии ҷаҳони мутамаддин, демократизму конститутсионализм қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзалиятҳое иборат мебошад, ки кишвари мо дар самти гиромидошти арзишҳои башарӣ аз қабили эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дастгирии сулҳ ва ёрии байниҳамдигарӣ, мусоидат дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ тамоми сайъу талоши худро ба харҷ медиҳад.

Далели равшани ин гуфтаҳо аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид баҳри даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли проблемаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, мубориза бо тероризму экстремизм, авзои сиёсии Афғонистон, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, гиромидошти фарҳангу тамаддун ва шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва бетафовут набудани Тоҷикистон дар ҳалли ҳамагуна проблемаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Хусусияти дигари муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, ба уҳдаи давлат масъулияти бахши иҷтимоиро вогузар намудааст, ки ин яке аз хусусиятҳои муҳими арзишҳои башарӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз қабилӣ иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву фварҳангӣ ва аз ҳама муҳим ҳуқуқу озодиҳои шахсиро кафолат додааст, ки барои рушди бемайлони инсоният ва дарки моҳияти инсонии ҳар як фард заминаи такондиҳанда ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дастоварди миллї буда, муќаддасоти миллї, андешаи давлатдории миллї, истифодаи васеи анъанањо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он нахустин Ќонуни асосии давлати тозабунёд ва соњибистиќлоли тољикон мебошад, ки дурнамои рушди мунояибатҳои ҷамъиятиро муайян намуда, устувории онҳоро таъмин мекунад.

Корманди суди шаҳри Душанбе

Самандари Қаландар