Рушди ҳокимияти судӣ дар даврони 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди бузург ва муқаддас тамоми соҳаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Ин воқеаи бузурги таърихӣ, ки ҳанӯз 30 сол пеш, санаи 9 сентябри соли 1991 барои миллати бузургу тамаддунофари тоҷик ба даст оварда шуда буд, баҳри  рушд ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоиди бунёдкориву созандагиро муҳайё намуд. Миллати мо баҳри ба даст овардани соҳибистиқлолии мамлакат аз бисёр озмоишҳои душвору сангини таърихӣ гузашта, тамоми арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, забон, илму адабиёти ҷаҳонгирамонро устувор ҳифз намуд

Дар воқеъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида тайи 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин муваффақиятҳо рӯз то рӯз афзун ёфта, сатҳу сифати шароити зиндагии мардум беҳтару хубтар мегардад.

Пас аз қабули Конститутсия ва барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар зарурат пеш омад, ки ҳадафҳо ва самтҳои минбаъдаи давлатро муайян намоянд. Маҳз бо қабули Конститутсия бо такя ба арзишҳои миллӣ ба бунёди  давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона, таъмини ва ҳифзи волоияти  қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намуд. Дар амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур ҳокимияти судӣ нақши аввалиндараҷа ва муҳимро ба анҷом расонидааст. Бинобар ин, боби ҳаштуми Конститутсия ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, тарзи ташкил ва фаъолияти онро муқаррар менамояд. Бори аввал истилоҳи “ҳокимияти судӣ” тавассути санади мазкур ба таври расмӣ ва баъдан тибқи дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ расман мавҷудияти худро тасдиқ намуд.

Ҳокимияти судӣ низ дар баробари дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ баҳри таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин баҳри дар амал татбиқ намудани адолати судӣ фаъолият менамояд. Бо мақсади такмил додани ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил, зарурат пеш омад, ки бо санадҳои меъёри ҳуқуқӣ тарзи ташкил ва фаъолият, принсипҳои фаъолияти судӣ, низоми ҳокимияти судиро муқаррар намоянд. Дар асоси Конститутсия санаи 3 ноябри соли 1995 Қонунҳои  конститутсионӣ “Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи суди конститутсионӣ”, “Дар бораи сохтори судӣ”, “Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайраҳо қабул гардиданд, ки дар давраҳои муайяни таърихӣ баҳри мукаммалгардонӣ ва рушди ҳокимияти судӣ нақши назаррасро бозидаанд. Қонунҳои конститусионии зикргардида аввалин санадҳои меъёри ҳуқуқие буданд, ки  асоси ташкилӣ ҳуқуқии ҳокимияти судиро муқаррар намуда, бо мурури замон бо мақсади такмили сохтор ва фаъолияти ҳокимияти судӣ, санадҳои меъёри ҳуқуқиро  дар таҳрири нав қабул намуда, бархе аз онҳо аз эътибор соқит шудаанд. Бо мақсади дар як санади муайян, муқаррар намудани тамоми ҷабҳаҳоии ташкилӣ ҳуқуқии судҳо санаи 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул гардид, ки ба ғайр  аз фаъолияти Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти ба худ хоси фаъолиятро дорост, танзими ташкилу фаъолияти тамоми низоми судҳои кишварро пешбинӣ карда, бо тағйиру иловаҳои ҷадид баҳри рушди ҳамаҷониба ва таҳкими мустақилияти он мусоидат намуданд.

Дар натиҷаи ислоҳотҳои конститутсионӣ санаи 26 сентябри соли 1999, дар таърихи сиёсии кишвар тағйиротҳои нав ба вуҷуд омаданд, ки ислоҳоти мазкур дар низоми ҳокимияти судӣ мақомоти нав, яъне “Шӯрои адлия”-ро пешбинӣ карда буд. Дар асоси ин тағйирот бо мақсади таҳкими ислоҳоти судӣ ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар мамлакат, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 таҳти №48 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, сипас 1 марти соли 2003 ба Низомонома ва сохтори он тағйиру иловаҳои нав ворид гардид. Таъсиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тақозои замон буда, қадами аввалин дар самти таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он аз ташкили кори судҳо ва таъминоти моддию техникии онҳо иборат буд. Дар фаъолияти ин ниҳод дар роҳи таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, аз тобеияти мақомоти иҷроия баровардани он ба анҷом расонида дар татбиқи раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии кишвар нақши муассир гузоштааст. Мақомоти мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2016 барҳам хӯрда, он мақсад ва вазифаҳое, ки дар наздаш гузошта шуда буд, ба хуби аз уҳдаашон баромада, фаъолияти судҳоро ҷавобгӯ ба ҳамаи меъёрҳои миллию байналмилалӣ гардонд.

Бояд қайд кард, ки баҳри рушди ҳокимияти судӣ, таҳкими қонуният, таъмини мустақилияти судӣ ва ташаккули фаъолияти судҳо даҳҳо санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Баъзе аз ин санадҳои ҳуқуқӣ гарчанде дар давраи кӯтоҳ низ амал карда бошанд баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои асосӣ онҳо мусоидат намудаанд. Мусаллам аст, ки ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта он ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ҳокимияти судӣ амру фармонҳои муфиду самаранок қабул карда мешаванд. Нақши Президенти кишвар дар таъмини мустақилияти ҳокимияти  судӣ босазо буда, маҳз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 марти соли 2013 таҳти №1440 шумораи умумии судяҳоро дар маҷмуъ ба 450 нафар бо назардошти  судяҳои Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии Иқтисодӣ муқаррар кардааст, ташкил медиҳанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими ҳокимияти судӣ 4 адад барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, ки бевосита ин барномаҳо раванди мукаммалгардонии ҳокимияти судиро зудтар, хубтар ва беҳтар менамоянд, ки ин барномаҳо бевосита самараи истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Дар заминаи ин барномаҳо ҷанбаҳои моддӣ-техникии ҳокимияти судӣ афзалтар гардида, санаи 2 августи соли 2011 бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши вазифавии судяҳо бо андозаи 100 дарсад зиёд карда шуда, маоши кормандони дасгоҳи судҳо ба кормандони дигар мақомоти ҳокимитяи давлатӣ баробар карда шуд.  Инчунин дар асоси барномаи мазкур диққати ҷиддӣ ба масоили таҳлилию иттилоотӣ ва кор бо ҷомеа ба воситаи ахбори оммаи ҳокимияти судӣ мебошад, ки судҳо дорои сомонаи интернетӣ шуда, баҳри мукотиба ва муколама дар сомонаҳо, почтаҳои электронӣ ва рақами телефонҳои боварӣ низ нишон дода шудааст. Дар доираи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, бартараф намудани норасоиҳо, баррасии одилона ва холисонаи парвандаҳои ҷиноятӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон, баланд бардоштани дониш, маҳорати касбӣ, масъулияти судҳо ва ба низоми электронӣ гузоштани коргузории судҳо мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасли худ қарор гирифта баҳри амалисозии онҳо нақша чорабиниҳои мақсаднок  гузаронида шудааст.

Баҳри шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаи судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаи мақомоти судӣ бо ВАО, ҷонок гардонидани фаъолияти судӣ, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ санаи 25 июни соли 2021 таҳти № 1783 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот ба фаъолияти судҳо” қабул гардид. Бо қабули санади мазкур фаъолияти ҳокимияти судӣ дар самти ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассиса, қонунияту адолати судӣ самараи некро ба бор хоҳад овард ва  таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ боз ҳам беҳтар ва хубтар мегардад.

Дар ин муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолии давлатӣ, ҳокимитяи судӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ,  ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятҳо, нақши муҳимро иҷро намуда кафили ин объектҳои муҳим давлативу ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Муовини раиси суди шаҳри Душанбе

Бобохонзода Асомуддин

 

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Давлатқадамов Саидқоим