Баргузории машғулияти омӯзишӣ бо судяҳо ва кормандони суди шаҳри Душанбе
Имрӯз, 5 августи соли 2021 аз соати 16:00 то 17:00 дақиқа дар асоси нақшаи баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ бо судяҳои суди шаҳри Душанбе дар соли 2021 машғулияти омӯзишӣ бо иштироки роҳбарият ва судяҳои суди шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар оғози баргузории машғулият дар асоси сархати 7-уми, банди 2 нақшаи мазкур судяи суди шаҳри Душанбе Амонзода Н.Ш. дар мавзӯи «Марҳилаҳои содиршавии ҷиноят. Таъини ҷазо вобаста ба марҳилаҳои содиршавии ҷиноят (моддаҳои 32-34 ва 64 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба мазмун ва моҳияти ин меъёрҳо ба ҳозирин баён намуд.
Суди шаҳри Душанбе