Баргузории ҷаласаи Раёсати суди шаҳри Душанбе
Қаблан дар асоси нақшаи кории суди шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2021 фаъолияти суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар давраи нимсолаи дуюми соли 2020 ва семоҳаи соли 2021 санҷида, ҳамзамон ба судяҳои суди мазкур ёрии амалӣ расонида шуда буд.
Рӯзи 10.06.2021 сол дар толори суди шаҳри Душанбе ҷаласаи Раёсати суди шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он натиҷаи санҷиши фаъолияти суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва семоҳаи аввали соли 2021 мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷаласа таҳти раисии раиси Раёсати суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., бо иштироки муовинони раис, аъзоёни Раёсат, раис, муовинони раис ва судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Раёсат раисони коллегияҳои судии суди шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи натиҷаи санҷиши фаъолияти суди ноҳияи Сино ва чораҳо барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта баромад намуданд.
Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рушанзода С. дар баромади худ қайд намуд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2021 ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолияти суди ноҳия ҷойдошта чораҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Аксҳо аз ҷараёни ҷаласа:
Суди шаҳри Душанбе