Иштироки кормандони суди шаҳри Душанбе дар машқи пагоҳирӯзӣ

Субҳи имрӯз, яъне соати 07:00 дақиқаи 22 майи соли 2021 дар асоси мактуби муовини раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ ҷиҳати иҷрои банди 22-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2021, таҳти №251 тасдиқ гардидааст, машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони суди шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҷамъомади машқи пагоҳирӯзӣ мазкур дар назди «Шаршара»-и Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.

Аксҳо аз макони ҷамъомад

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе