Бетағйир монодани ҳукми суд вобаста ба муомилоти ғайриқонунии 24 кг воситаҳои нашъадор
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, дар ҳайати раисикунанда Бобохонзода А., судяҳо Юсуфзода М.Ф. ва Нарзуллозода Ш.Н. бо иштироки прокурор Раҳимов С.С., маҳкумшудаҳо Гулмирзоев А.Ш., Гулмирзоев А.Ш. ва адвокати онҳо Сатторзода Б.Х. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе, рўзи 5 майи соли 2021, парвандаи ҷиноятиро аз рўи шикоятҳои кассатсионии маҳкумшуда Гулмирзоев А.Ш. ва адвокати маҳкумшудагон Сатторзода Б.Х. нисбат ба ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 28 январи соли 2021 дида баромад, ки бо он,
Гулмирзоев Алишер Шарифович таваллудаш 20 ноябри соли 1974, зодаи ноҳияи Дарвози ВМКБ, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии нопурра, оиладор соҳиби 3 фарзанд, муваққатан кор намекунад, беҳизб, ўҳдадории ҳарбӣ надорад, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе.
бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 (сенздаҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт, таъин карда шудааст.
Гулмирзоев Алидод Шарифович таваллудаш 18 августи соли 1976, зодаи ноҳияи Дарвози ВМКБ, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, оиладор соҳиби 4 фарзанд, муваққатан кор намекунад, беҳизб, ўҳдадории ҳарбӣ надорад, ҷои истиқоматаш ноҳияи Рўдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чоряккорон.
бо моддаи 201 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нуҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзўр, таъин карда шудааст.
Бо ҳамин ҳукм Гулмирзоев Давлатмирзо Маҳмадмирзоевич низ маҳкум карда шудааст, ки ягон шикоят ва эътироз оварда нашудааст.
Маърўзаи судяи суди шаҳри Душанбе Нарзуллозода Ш.Н., баромади маҳкумшудаҳо Гулмирзоев А.Ш., Гулмирзоев А.Ш. ва адвокати онҳо Сатторзода Б.Х., ки бекор кардани ҳукм ва қаноатбахш кардани шикоятҳои кассатионӣ, хулосаи прокурор Раҳимов С.С., ки бетағйир монондани ҳукм ва беқаноат монандани шикоятҳои кассатсиониро пурсиданд, шунида коллегияи судӣ, муайян кард:
Суди марҳилаи якум Гулмирзоев Алишер Шарифович ва Гулмирзоев Алидод Шарифовичро барои он гунаҳгор дониста маҳкум намудааст, ки онҳо ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ машғул нашуда, даст ба содир намудани ҷинояти қасдона марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор задаанд.
Чунончӣ, Гулмирзоев Давлатмирзо Маҳмадмирзоевич такроран, бо мақсади ба даст овардани маводи нашъадор 26 майи соли 2020 бо шахси шахсияташ ноъмалум, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шиносоӣ пайдо намуда, тавассути телефони мобилӣ оиди ба даст овардан ва дар оянда ба муомилот баровардани маводи нашъадор маслиҳати пешакӣ намудааст. Шахси шахсияташ ноъмалум дар наздики деҳаи Жак аз рўи маслиҳати қаблан бо Гулмирзоев Д. намудааш амал намуда, дар се борхалта тахминан 24-килограмм маводи нашъадорро дар ҷои муайян намудаашон гузоштааст. Гулмирзоев Д. маводҳои нашъадори ба соҳибияти худ қабул намудаашро ба манзили зисташ воқеъ дар деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз оварда, пинҳон намудааст. Рӯзи 28 майи соли 2020 Гулмирзоев Д. маводҳои нашъадори мазкурро аз рўи маслиҳати пешакӣ бо писарамакаш Гулмирзоев Алишер Шарифович, бо автомошинаи шахсии ў тамғаи «Опел-Зефира» дар бағоҷаш ҷой намуда ба шаҳри Душанбе интиқол намуда, маводи нашъадори мазкурро Гулмирзоев А. бо мақсади пинҳон намудан ба манзили зисти бародараш Гулмирзоев Алидод Шарифович воқеъ дар ноҳияи Рўдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чорякорон, деҳаи Армуғон, ки аз кирдорҳои ҷинояткоронаи бародараш огоҳӣ дошт бурда, дар анҷомхонаи назди ҳавлиаш, дар таги хок пинҳон намудааст.
Рӯзи 03.06.2020 сол тахминан соатҳои 09:34 дақиқа, ў дар ҳудуди минтақаи хизматиаш қарор дошатааст, ки дар ин вақт бародараш Гулмирзоев Алишер аз рақамҳои мобилии худ ба рақамҳои мобилии ў занг зада, бо калимаҳои рамзӣ, яъне (сим-пимҳои сохтумони) ҷои пинҳонгоҳи воситаҳои нашъадорро дар дохили дегдонхона пинҳоншударо муайян намуда, аз ҷои пинҳонгоҳ, дар як пакети селофанӣ, як бастаи маводи нашъадорро бо худ гирифта, бидуни маслиҳати пешакӣ, бе огоҳии ў дар бораи ба муомилот баровардани маводи нашъадор бо Гулмирзоев Давлатмирзо Маҳмадмирзоевич барои минбаъд ба соҳибияти каси дигар додан ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд.
Гулмирзоев Д.М. ҳангоми дар маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе расиданашон ба Гулмирзоев Алишер ваъда намудааст, ки пас аз ба фурўш баровардани маводҳои нашъадор ба ў ҳаққи хизмат 10 000-сомонӣ медиҳад ва худ аз автомашина мефарояд.
Худи ҳамон рўз тахминан соатҳои 11:30 дақиқа Гулмирзоев Д. маводи нашъадори бо худ доштаро ба шахси мусоидаткунандаи кормандони милитсия бо номи рамзии «О», ки таҳти коркарди оперативӣ қарор дошт, бар ивази маблағи 10 000-сомонии қаблан гирифтааш фурўхтааст, ки бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, ба бинои ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе дастрас гардида, зимни кофтукови шахсӣ аз ў як пакети селофанӣ, ки дар дохили он маводи ба маводи нашъадор монанд мавҷуд буда, ёфта гирифта шудааст.
Мувофиқи хулосаи суди кимиёвӣ РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №349 аз 13.06.2020 сол, маводҳои аз Гулмирзоев Д., ки дар пакети селофани, дар дохилаш маводи рангаш ҷигарӣ дар намуди малҳам, ба маводи нашъадори навъи «АФЮН» мансуб буда, вазни умумиаш (бидуни бастаҳо) 1 180,0 (як ҳазору як саду ҳаштод) -граммро ташкил медиҳад.
Ҳамон рўз аз рўи нишондоди Гулмирзоев Д. дар идомаи чорабиниҳои оперативи ҷўстуҷўӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе Гулмирзоев Алишер Шарифович ва бародари ў, Гулмирзоев Алидод Шарифович аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рўи нишондоди Гулмирзоев Алидод зимни азназаргузарони манзили зисти ў, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рўдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чорякорон, деҳаи Армуғон, аз дегдонхона 6-пакети селофанӣ, ки дар дохили онҳо 23-(бисту се) бастаи селофани маводи нашъадор дарёфт карда гирифта шудааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-кимиёвӣ РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №349 аз 13.06.2020 сол маводҳои аз манзили зисти Гулмирзоев Алидод Шарифович, ёфта гирифташуда, ки шумораи онҳо аз 23 (бисту се) баста, ки дар дохили бастаҳо маводи рангаш ҷигарӣ дар намуди малҳам, ба маводи нашъадори навъи «АФЮН» мансуб буда, вазни умумиаш 23 030,0 (бисту сеҳазору си) граммро ташкил медиҳад.
Суди марҳилаи якум ҳукми дар боло номбаршударо баровардааст.
Гунаҳгории маҳкумшудаҳо Гулмирзоев А.Ш. ва Гулмирзоев А.Ш. барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор интиқол ё фиристонидан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаҳои нашъадор, бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон, бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ба ғайр аз нишондоди шоҳидон, бо гузориши корманди милитсия аз 4.06.2020 сол, бо протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, бо хулосаи мутахасис №687 аз 3.06.2020 сол, бо хулосаи мутахасис №686 аз 3.06.2020 сол, бо протоколи рӯбарӯкунӣ байни Гулмирзоев Давлатмирзо ва Гулмирзоев Алишер, бо протоколи рӯбарӯкунӣ байни Гулмирзоев Давлатмирзо ва Гулмирзоев Алидод, бо нишондодҳои пай дар пай додаи маҳкумшуда Гулмирзоев Давлатмирзо Маҳмадмирзоевич ва дигар маводҳои дар қабати парванда мавҷудбуда, исботи бебаҳси худро ёфтаанд.
Бинобар ин, дар асоси ҳолатҳои дар боло қайдшуда, коллегияи судӣ ба хулоса омад, ки ҳукми суд қонунӣ, асоснок ва одилона буда, асосҳои кофӣ барои бекор кардани ҳукми суди марҳилаи якум мавҷуд намебошад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии сархати 1 моддаи 371 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи судӣ таъин кард, ки ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 28 январи соли 2021 нисбати Гулмирзоев Алишер Шарифович ва Гулмирзоев Алидод Шарифович бетағйир, шикоятҳои кассатсионии маҳкумшуда Гулмирзоев А.Ш. ва адвокати онҳо Сатторзода Б.Х. беқаноат мононда шаванд.
Суди шаҳри Душанбе