Ҳукми суд нисбати қочоқчиёни тилло ва асъорҳои хориҷӣ
Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ки Сафаров М.Д. ва Назаров С. давоми солҳои 2018-2020 бо шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, аз ҷумла бо ному насаби “Наим Расолӣ” ва “Муҳаммад Зариф” шиносоӣ пайдо намуда, бо онҳо барои ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи қочоқ ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия интиқол додани асъори хориҷӣ ва металли қиматбаҳои навъи “тилло”, ки дар шакли сабиқаи худсохт омода шудааст, маслиҳати пешакӣ намуданд.
Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи худ Сафаров М.Д. барои иҷрои ин кор бародари худ Сафаров Ф. домодҳояш Раҳмонов М. ва Саидов Ҳ-ро низ ҷабл намуда, аз ширкатҳои “Suhrob Gheyasi Jewelliry” — (Суҳроб Ҷувайши Ҷевелирӣ) ва “Abdul Naseem Qarizada Jewelliry”- роҳбараш Абдул Насим Қаризада барои интиқоли асъор ва тилло ваколатнома гирифтанд.
Пасон Назаров С. бо ҳаммаслаконаш Сафаров М.Д., Сафаров Ф.Д., Давлатзода А., Саидов Ҳ.А., Саидзода Ф. ва Раҳмонов М.Н. аз 4 сентябр то 14 ноябри соли 2020 бо қасди умумӣ ва мақсади ягона дар 37 ҳолат, ҷамъ асъори хориҷӣ 207 594 515 риоли Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, 2 565 510 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб, 55 560 000 доллари ИМА, 1 010 000 фунт стерлинги ШБК, 4 460 000 Евро, 585 431 динори Қувайт, 200 000 доллари Канада ва 1 тоннаю 376 кг 756 гр металли қиматбаҳои навъи “тилло”, ки дар шакли сабиқа омода шуда буд ва миқдори калонро ташкил медод, дар Гумрукии Панҷи Поёни РМГ дар вилояти Хатлон дар шакли бағоҷи ҳамроҳинашаванда ғайриқонунӣ бидуни ҳуҷҷатҳои содиротии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қабул намуда, онро бо роҳи фиреб ва ҳуҷҷатҳои рӯякиву сохтакорона омода карда, яъне нусхаи шартномаҳои хариду фурӯши металли қиматбаҳо байни ширкатҳои “Suhrob Gheyasi Jewelliry” бо “Muhammad Zarif Baha General Trading” таҳти № 0508\01 аз 05.08.2020 сол ва “Abdul Naseem Qarizada Jewelliry” бо “Muhammad Zarif Baha General Trading” ба воситаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия ҳамчун борҷомаи дастии ҳамроҳишавандаи шахсони дарҷшуда интиқолдода, ба намояндаҳои шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, аз ҷумла боному насаби “Наим Расолӣ”ва “Муҳаммад Зариф” супориданд.
Инчунин, 14 ноябри соли 2020 тахминан соати 18 Назаров С.Р. бо ҳамроҳии Сафаров Ф.Д. баъди гузаштани ҳамаи дидбонгоҳҳои дохили Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми ба толори парвози ҳавопаймои самти Душанбе-Дубай раҳсипор шудан дастгир гашта, аз онҳо далелҳои шайъӣ, яъне 13 489 638 риоли ШАС ва 200 000 фунт стерлинги ШБК, 89 кг 350 гр металли қаматбаҳои навъи “тилло” ёфта гирифта шуд.
Ҳамин тариқ, Назаров Субҳиддин Розакович дар ҳайати гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ дар 37 ҳолат бо қасди умумӣ ва мақсади ягона, ки барои ба миқдори калон содиркардани қочоқи асъори хориҷӣ ва металли қиматбаҳо равона буд, ҷинояти вазнин содир намуд.
Шарипов М.З. (Нозири калони дидбонгоҳи Гумруки Панҷи поёни РМГ дар вилояти Хатлон) дар 12 ҳолат ҳангоми бо ҳуҷҷатҳои руякиву сохта ва бидуни эъломияҳои байналмилалии гумрукии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз тарафи Назаров С.Р. ва ҳаммаслаконаш интиқол додани меттали қиматбаҳои навъи “тилло”, ҷамъ ба миқдори 590 кг 001 гр ба вазифаҳои хизматии худ бепарвоӣ намуда, бо ҳуҷҷатҳои рўякиву сохта ва бидуни эъломияҳои байналмилалии гумрукии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои транзити байналмилалии гумруки пешниҳод шудани меттали қиматбаҳои навъи “тилло”-ро муайян накарда, бепарвоёна ба хизмат муносибат намуда, бархилофи талаботи моддаи 462 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 19.12 дастурамал дар бораи тақсимоти вазифаҳо, ки бо фармоиши сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 04 аз 11.09.2019 сол тасдиқ шудааст, содир гаштани қочоқи калони молро муайян ва пешгирӣ накарда, баръакс онҳоро бе қасди содир кардани ҷинояти қочоқ ҳамчун транзити гумрукии байналмилалӣ барасмият дароварда, деклоратсияҳо ва декларатсияҳои транзити дохилӣ тартиб дод ва бо ин хунукназарии худ ба манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлатро ба таври ҷиддӣ поймол карда, барои аз тарафи гурўҳи ҷиноятӣ бо роҳбарии Назаров С.Р. тариқи қочоқ аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва содир кардани миқдори калони меттали қиматбаҳои навъи “тилло” шароит фароҳам овардааст.
Аслонов З.Ю. ва Сайфуллоев Қ. (нозирони мушояти гумрукӣ) тибқи вазифаҳои хизматӣ барои аз Гумруки Панҷи поёни РМГ дар вилояти Хатлон, ки дар ноҳияи Ҷайҳун ҷойгир аст, то дигар минтақаҳои гумрукӣ мушоият намудани мол ва воситаҳои нақлиёт вазифадор гардида, дар давраи фаъолият аз 8 сентябр то 14 ноябри соли 2020 Аслонов З.Ю. дар 11 ҳолат ва Сайфуллоев Қ. дар 15 ҳолат барои то Дидбонгоҳи гумрукии майдони ҳавоии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мушоият намудани металли қиматбаҳои навъи “тилло” вазифдор гардиданд.
Дар ин давом, онҳо дар асоси варақаҳои роҳбаладӣ металли қиматбаҳои навъи “тилло”-ро, ки аз тарафи Назаров С.Р. ва дигарон дар асоси ҳуҷҷатҳои руякиву сохта ва бидуни эъломияҳои байналмилалии гумрукии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо хунукназарии нозири калони дидбонгоҳ Шарипов М.З. ва ҳамкоронаш ҳамчун транзити гумрукии байналмилалӣ барасмият дароварда шуда буданд, қабул намуда, бо қасди умумӣ ва мақсади ягона барои то Дидбонгоҳи гумрукии майдони ҳавоии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе интиқол додани моли мазкур бо нияти ғаразнок ваколатҳои хизматии худро бархилофи манфиатҳои хизматӣ суистифода бурда, аз Назаров С.Р. ва ҳаммаслаконаш ғайр аз хироҷи гумрукии муқарраршуда аз 700 то 1500 сомонӣ барои ҳар як рўзи мушоият, ҷамъ аз 7000 то 15 000 сомонӣ маблағи пулӣ гирифта, дурустии ҳуҷҷатҳои моли мазкурро бар хилофи талаботи 2.8 ва 4.4 Низомномаи шуъбаи мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти РМГ дар вилояти Хатлон аз 22.09.2019 сол насанҷида, манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлатро ба таври ҷиддӣ поймол карданд.
Одиназода Қ. (ваколатдори фаврии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун) аз 20 октябр то 14 ноябри соли 2020 дар 16 ҳолат бо қасди умумӣ ва мақсади ягона бо истифода аз ваколатҳои хизматии худ аз қисми навбатдории ШВКД ноҳияи Ҷайҳун бо баҳонаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ силоҳи хизматии тамғаи “Макаров” силсила ва рақами ПМ 180-ро гирифта, онро бар хилофи манфиатҳои идоравӣ истифода бурда, ҳангоми аз тарафи Сафаров М.Д. ва дигарон аз Гумруки Панҷи поён ба шаҳри Душанбе интиқол додани ҷамъ 51800440 риоли ШАС, 4 580 000 доллари ИМА, 875750 дирҳами АМА, 1 880 000 Евро, 460 000 Фунт стерлинги ШБК ва 625 кг 304 гр меттали қиматбаҳои навъӣ “тилло” ҳамчун муҳофизи мусаллаҳ иштирок намуда, барои ҳар як ҳолати чунин хизматрасонии ғайриқонунии худ аз Сафаров М.Д. ва ҳаммаслаконаш аз 200 то 350 сомонӣ, ҷамъ аз 3200 то 5600 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтаст.
Ҳамин тариқ, манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлатро ба таври ҷиддӣ поймол карда, барои аз тарафи гурўҳи ҷиноятӣ бо роҳбарии Назаров С.Р. тариқи қочоқ аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва содир кардани миқдори калони асъори хориҷӣ ва меттали қиматбаҳои навъӣ “тилло” шароит фароҳам овардааст.
Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Назаров Субҳиддин Розакович, Сафаров Муҳамадалӣ Давлатович, Сафаров Фирдавсӣ Давлатович, Саидов Ҳасан Асадуллоевич, Раҳмонов Меҳрубон Нахимович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипов Маҳмадризо Зарифович бо моддаи 322 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфуллоев Қурбоналӣ Нуралиевич, Аслонов Зариф Юсупович ва Одназода Қудбиддин Назрӣ бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,
Ба Назаров Субҳиддин Розакович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) солу 6 (моҳ), бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр,
Ба Сафаров Муҳаммадалӣ Давлатович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) солу 6 (моҳ), бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр,
Ба Сафаров Фирдавсӣ Давлатович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр,
Ба Саидов Ҳасан Асадуллоевич бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр,
Ба Раҳмонов Меҳрубон Нахимович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр,
Ба Сайфуллоев Қурбоналӣ Нуралиевич бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ,
Ба Аслонов Зариф Юсупович бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ,
Ба Одиназода Қудбиддин Назрӣ бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ,
Ба Шарипов Маҳмадризо Зарифович бо моддаи 322 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол корҳои ислоҳӣ дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқомати маҳкумшуда, бо нигоҳ доштани 30 фоизи музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.
Далелҳои шайъӣ 89 кг 343 гр 52 млг. металли қимматбаҳои тилло ва асъори хориҷӣ 13 489 539 риоли ШАС ва 200 000 фунт стерлинги ШБК, ки дар Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.
Парвандаи ҷиноятӣ таҳти раисии муовини раиси суди шаҳри Душанбе — Бобохонзода Асомуддин баррасӣ гардид.
*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.
Суди шаҳри Душанбе