Ҳукми суд нисбати 7 нафар бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Холиқмуродзода Д.А., машваратчиёни халқӣ Қодиров М.И. ва Хайруллозода Р.Х.бо котибии Ҳабибов С.С, бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Саъдуллозода С., ҳимоятгарон Абдулҳаев С., Азизов А., Ҳаитов М. ва Муртазоева Ш. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар толори суди мазкур ва дар толори тавқифгоҳи тафтишотии 9/1 СРИҶҶ Вазорати адлияи ҶТ 24 июни соли 2020 парвандаи ҷиноятиро бо айбдории:
1. Назиров Сироҷ Сулаймонович, рӯзи таваллудаш 18.09.1981 сол, зодаи ноҳияи Ш.Шоҳин, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии ҳуқуқшиносӣ, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Назиров Руҳангез Латифович, рӯзи таваллудаш 19.02.2989 сол, зодаи шаҳри Кўлоб, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 16.10.2015 сол бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в, г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол маҳкум гардидааст, соли 2019 бо татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25.10.2019 сол аз адои боқимондаи ҷазо (1 солу 5 моҳу 4 рўз) озод карда шудааст, муваққатан бекор, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Салимдодов Шамсутдин Самиевич, рӯзи таваллудаш 07.07.1981 сол, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Латифов Зоир Гадоевич, рӯзи таваллудаш 19.01.1985, зода ва сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Ш.Шоҳин, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, ихтисосаш андоз ва андозбандӣ, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, оиладор ва соҳиби 5 фарзанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Боронов Ҳикматулло Мирзоевич, рӯзи таваллудаш 05.07.1975, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи умумӣ, муваққатан бекор, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 17.03.2016 сол бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол таъин гардида, соли 2019 бо татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25.10.2019 сол аз адои боқимондаи ҷазо (1 солу 8 моҳу 9 рўз) озод карда шудааст, оиладор ва соҳиби 7 фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Қаландаров Доваршо Қаландарович, рӯзи таваллудаш 23.05.1978 сол, зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, ихтисосаш молия ва қарз, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Қурбонов Муқимҷон Шералиевич, рӯзи таваллудаш 11.01.1976 сол, зода ва сокини шаҳри Норак, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии нопурра, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, оиладор ва соҳиби 11 фарзанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ба миқдори махсусан калон) пешбинишударо баррасӣ намуда, чунин ҳукм кард.
Назиров Сироҷ Сулаймонович, Назиров Руҳангез Латифович, Салимдодов Шамсутдин Самиевич, Латифов Зоир Гадоевич, Боронов Ҳикматулло Мирзоевич, Қаландаров Доваршо Мирзоевич ва Қурбонов Муқимҷон Шералиевич бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо бо ҳамин қисми модда ҷазои зерин таъин карда шуд:
— ба Назиров Сироҷ Сулаймонович маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳабдаҳ сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт;
— ба Назиров Руҳангез Латифович маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бист сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт;
— ба Салимдодов Шамсутдин Самиевич маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати шонздаҳ сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт;
— ба Латифов Зоир Гадоевич маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳабдаҳ сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт;
— ба Боронов Ҳикматулло Мирзоевич маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бист сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт;
— ба Қаландаров Доваршо Мирзоевич маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати понздаҳ сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт;
— ба Қурбонов Муқимҷон Шералиевич маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бист сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт.
Дар асоси моддаи 101 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Қаландаров Доваршо Мирзоевич ва Қурбонов Муқимҷон Шералиевич чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар маҳалли адои ҷазо таъин карда шуд.
Инчунин, нисбат ба ҳукм тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мункин аст.
*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.
Суди шаҳри Душанбе