Таъиноти кадрӣ

11.06.2019 11:03, шаҳри Душанбе

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Акрамов Аҳтам Маҳрамович бо сабаби вазъи саломатӣ муддати дароз вазифаҳои худро иҷро карда натавонистан, дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Шавкат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Шавкат, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Давлатзода Хусрав, Раҳмонзода Маҳмад, Ҳаким Рухшона ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Абдусалом, Маликзода Нарзулло, Меликзода Қаъбатулло муовинони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Мавод аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

kore dizileri : asyadiziizle.org türkçe film izlesene : filmizlesene.eu