Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе падар барои содир намудани таҷовузи якчандкарата ба номуси духтараш ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуд.
Суди шаҳри Душанбе 28 майи соли 2019 парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Искандаров Сайвалӣ Ҳусайнович, ки дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои таҷовуз ба номус, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар шахсони ба ӯ наздик ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зане, ки баръало нисбати хеши наздик содир шуда бошад муқаррар мекунад, баррасӣ намуд.
Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 28 майи соли 2019 Искандаров Сайвалӣ Ҳусайнович бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш махсус таъин карда шуд.
Суди шаҳри Душанбе
*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.