Баргузории омӯзиши забони англисӣ дар суди шаҳри Душанбе.
21 майи соли 2019.
Имрӯз, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақша-чорабинии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди шаҳри Душанбе, баҳри сайқал додани таҷриба ва малакаи корбарӣ, дар суди шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани донишу таҷрибаи кормандон ва дастгирии мутахассисони соҳа омӯзиши навбатии забони англисӣ баргузор карда шуд.
Омӯзиши забони англисӣ бо иштироки Раис, Муовини якум ва муовини Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе дар як ҳафта се рӯз, яъне рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин, бо ташаббуси кормандони суд, охири рӯзи ҳафтаи корӣ, яъне ҷумъа, аз соати 17 то 19 соатҳои забони хориҷӣ эълон шудааст, ки шахсони ба омӯзиши забони хориҷӣ фарогирифта, кӯшиш карда мекунанд бо забони хориҷӣ гуфтугӯ кунанд.
Омӯзиши занбони англисӣ бо ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба роҳ монда шуд. Омӯзиши забони мазкур ба зиммаи омӯзгорӣ забони хориҷии Донишкадаи болозикргардида – Нематуллоев вогузор карда шудааст.
Ҳамзамон кормандони суди шаҳри Душанбе миннатдории худро баҳри ташкил намудани чунин машғулиятҳо иброз намуда, қайд намуданд, ки бо дарки масъулиятшиносии баланд забони мазкурро аз худ менамоянд.
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе