Конститутсия — Қонуни Муқаддас

Конститутсия Қонуни Муқаддас

Ҳануз бисту панҷ сол муқаддам 20 июли соли 1994 Раиси Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маъруза дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти конститутсионӣ тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту тақдирсоз номидааст, ки ин асоси вокеӣ дорад. Зеро, ки Конститутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун сарқонун, ҳуҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, сарқонуне, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият бояд дар чорчубаи он сурат бигирад, барои насли имрузу ояндаи мо муқаддасу шариф аст.
6 уми ноябри соли 2019 ба фаъолияти волотарин ва муҳимтарин санади ҳуқуқии кишвар Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 25 соли расо пур мешавад.
Баъди чор соли қабули конститутсия марҳилаи душвортарини таҳкими давлатдории нав, мухолифати шадиди неруҳои сиёсӣ ва буҳрони вазнини иқтисодӣ ва ниҳоят — дарёфти сулҳи сартосарӣ, 5 ноябри соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он нуқтаро таъкид намуданд, ки «Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи ҷомеаи дар ҳақиқат демократӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пурра ҷавобгуй аст».
Баъд аз се  моҳи иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ба ихтиёрӣ ирода ва ҳукми халқ, яъне райпурсии умумӣ ё худ референдум ҳавола шуда, бо ҷонибдории аксарияти кули мардуми Тоҷикистон қабул гардид. Ҳамин тариқ, вазъи номутадил ва номуайяни ҳуқуқӣ, ки аз моҳи декабри соли 1991 то ноябри соли 1994 идома дошт ва Конститутсияи соли 1978 бо ҳама тағйироту иловаҳои баъди вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва дигаргуниҳои ҷомеаи сифатан навро инъикос карда наметавонист, бо иродаи сартосарии худи мардум бартараф сохта шуд.
Муҳимтарин хулосаи дигар ин аст, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистон тавассути ҳамин Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Дигаргуниҳое, ки тули 25 соли охир дар мамлакат сурат гирифтанд ва номбар кардани онҳо аз доираи натанҳо ин мақола, балки аз якчанд китоб ҳам берун мешавад, бидуни Конститутсия ва ислоҳотҳои баъдинаи конститутсионӣ ба амал омаданашон ғайри имкон буд.
Дар урфият мегуянд, ки вақт довари таърих аст ва маҳз муҳлати 25 соли сипаришуда, нодуруст ва ғалат будани хулосаи баъзе таҳлилгаронро собит намуд, ки гуё қабули Конститутсия ва шакли идоракунӣ ва ҳам шакли сохтори давлати қонунӣ дар соли 1994 ба нафъи ҳокимияти ҳамонвақта ва як гурӯҳи иҷтимоӣ маънидод мекарданд.  Гузашта аз ин, Конститутсияи соли 1994 нисбат ба вазифаҳои ҳуқуқию муассисиаш аз ҳама беҳтару саривақтӣ вазифаи муттаҳидгардониро ба иҷро расонид. Дар марҳилаи хеле ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба марказе табдил ёфт, ки дар меҳвари он қувваҳои солими ҷомеа падидаи хеле нодири охири асри ХХ-фарҳанги сулҳи тоҷиконаро эҷод ва дар амал татбиқ намуд, ки оламиёнро имрӯз дар ҳайрат гузошта, мавриди омузиши чандин институтҳои татқиқотию илмии ҷаҳонӣ гардидааст.
Аз рӯи анъана, консттитутсияҳо дар давраҳое қабул карда мешаванд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ё худ форматсияи ҷамъиятӣ ба сатҳи дигари инкишоф гузариш мекунад.
Табиист, ки чунин гузариш бе дарду нуқсон буда наметавонад, нороҳати ва норозигии  гурӯҳеро нисбат ба гурӯҳи дигар ба вуҷуд меорад. Дар чунин вазъ аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳаргуна ташаннуҷ, бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор будан имконпазир аст.
Пешгирии чунин ҳолат ба равиши омодагӣ ва қабули конститутсия вобастагии калон дорад ва он метавонад ба як санади ризоият ва ваҳдати умум табдил ёбад.
Маҳз конститутсияи соли 1994 ба ҳамингуна санад табдил ёфт.
Аҳамияти фавқулода бузурги Конститутсия дар таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идеологии давлати навистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани натанҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат ба таври барҷаста аён мегардад.
Сарфи назар аз он ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон  дувумин шуда баъди Руссия соҳиби Конститутсия гардид ва ин Конститутсия бинобар таҳлили коршиносони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, танҳо бо исботи он далел, ки қабули конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (на бо усулҳои дигар, масалан тавассути муассисаҳои намояндагӣ-маҷлиси муассисон, Парламент ва ғайра) сурат гирифтааст, ки гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҷавобгӯи арзишҳои демократӣ будани Конститутсия дуруст мебарорад.
Воқеан ҷавобгӯи демократия будани ин ё он Конститутсия аз мундариҷаи демократӣ доштани он бармеояд. Қабл аз ҳама Конститутсия бояд ба рушди мунтазаму устувори  институтҳои базавии демократӣ мусоидат кунад, ки интихоботи озоду шафоф интихоби будани ашхоси мансабдор, озодии афкор, дастраси ба сарчашмаҳои алтернативии иттилоот, ҳуқуқҳои умумии шаҳрвандӣ, мухторияти ассотсиатсияҳо (ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо аз рӯи манфиат, ҷамъиятҳои шаҳрвандон ва ғайра.) ба онҳо шомиланд. Ғайр аз ин ҳуқуқҳои асосӣ, мувозинати манфиатҳо, ҳисоботдиҳӣ, намояндагӣ, консенсус, идоракунии пурсамар, баровардани қарорҳои бо салоҳият, шафофият ва ошкорбаёнӣ – омилҳое мебошанд, ки аз рӯи сабт ва кафолати таъмини онҳо дар қонунҳои асосӣ инкишофи демократӣ бебозгашт хоҳад шуд. Ҳатто аз рӯи ин назария метавон бо гузашти 25- сол ба Конститутсияи Тоҷикистон баҳои мусбат дод.
Новобаста аз муҳлати хеле кӯтоҳи қабули Конститутсия институтҳои базавии демократӣ дар Тоҷикистон рушди муътадил пайдо кардаанд, чунончӣ, интихоби озоду демократӣ (интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 интихоби вакилони маҷлиси намояндагон ва интихоботи намояндагон ба маҷлисҳои маҳаллӣ, раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия) саривақт ва бо иштироки нозирони дохиливу хориҷӣ мегузарад.
Озодии афкор тавассути табақаи васеи воситаҳои ахбор ва матбуоти хусусӣ сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид тибқи (м.30) манъ аст.
Конститутсияи Тоҷикистон беҳтарин арзишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос кардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки бе инкишофи  баланди шуури иҷтимоӣ худ аз худ Конститутсия ҷомеаро дигар мекарда бошад. Сатҳи шуури иҷтимоӣ аз худшиносии иҷтимоию маънавии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад.
Маҳз ҳамин гунна сатҳи шуур ва худшиносӣ дар тинати мардуми тоҷик, буд, ки хавфи таназзули давлат дар солҳои душвори 1993-1997 аз байн рафт.
Муҳимтарин заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ислоҳи вазъи иқтисодӣ, рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ овардани Тоҷикистон қабули конститутсия дар марҳилаи душвору пурихтилофи баъди се соли истиқлолият буд.
Маҳз бо шарофати ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайгиронаи шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозии тамоми соҳаҳои зиндагӣ аз ислоҳоти қонунгузорӣ дар партави Конститутсия оғоз шуд. Хусусияти аз ҳама муҳим ва ҷолиби диққати ин Конститутсия дар он зоҳир гардидааст, ки ба ягон мафкураи ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст.
Баъди бисту панҷ соли амали конститутсия метавон хулоса кард, ки маҳз ҷиҳати такмили қонунияти конститутсионӣ пояҳои демократияи давлатӣ Тоҷикистон мустаҳакам гардонида шуданд. Дар фаҳмиши таносуби демократия ва қонуният диди ҳамаҷониба васеъ ва амиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули солҳои фаъолияти Конститутсия ҳамаруза ба мушоҳида мерасад.
На фард ё гурӯҳи алоҳида, балки шаҳрвандони Тоҷикитон ва дар маҷмуъ тамоми халқи мамлакат тибқи Конститутсия пояи иҷтимоии онро ташкил медиҳанд.
«Демократия дар ҳолате вуҷуддошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст» — чунин нуқтаи назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мақоми баланди ҳуқуқи доштани конститутсия дар системаи ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад. Хеҷ як санади ҳуқуқии дигар наметавонад, ки ягон меъёри хилофи Конститутсия дошта бошад ва агар дошта бошад, эътибори ҳуқуқӣ дошта наметавонад.
Баҳри ҳифзи конститутсия мақоми махсуси ҳокимияти судӣ оид ба дифои Конститутсия — Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки вазифаи он муайян кардани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат , Суди Олӣ, Суди Олии Иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бо меъёрҳои Конститутсия мебошад.
Оид ба масъалаи қонуният ва тартиби амалигардонии муқарароти Конститутсия тӯли 25-сол сухан ронда истода, иқрор шудан лозим аст, ки бидуни интихоби шакли мувофиқи идоракунии давлатӣ, яъне ҷумҳурии президентӣ ба ташаккули конститутсионализм – назария ва амалияи ташкили ҳаёти давлативу ҷамъияти мувофиқи конститутсия муваффақ шудан ғайри имкон буд.
Ғайр аз ин, конститутсионализми ҳозиразамон эътирофи бечунучароро ва дар амал бе монеа татбиқшавии номгӯи васеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва афзалияти ҳуқуқи инсонро нисбат ба манфиатҳои давлат пешбинӣ мекунад, ки марҳилаи ҳозираи рушди қонуният аз вокеӣ будани ин амал низ баръало гувоҳи дода метавонад. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти қонунгузор мутобиқи Конститутсия қабул гардида, меъёрҳои он бевосита ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ равона гардидаанд.
Дар қатори ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ низ иҷрои меъёрҳои конститутсия мебошад.
Дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад» дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳимояи онҳо аз ҷониби ҳокимияти судӣ ба амал бароварда мешавад.
Мувофиқи талаботи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, таъмини волоияти қонун, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон принсипҳои асосии демократия мебошанд.
Вазифаи муҳимтарин ба андешаи мо дар заминаи конститутсия коркарду таҳияи қонунҳоест, ки ба танзими оқилонаи муносибатҳо дар соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт дар ин марҳила вобаста бошанд.
Барои иҷрои ин амал аз дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бояд кард. «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳар чӣ бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад».
Дар охир ҳамаи ҳамватанони азизамро баҳри риояи талаботҳои Конститутсия даъват намуда, хоҳони онам, ки ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ озод яъне ғуломи қонун бошанд.

Судяи Суди шаҳри Душанбе
Амонзода Намози Шариф

kore dizileri : asyadiziizle.org türkçe film izlesene : filmizlesene.eu