Эълонҳо

Санаи 18 майи соли равон роҳбарият ва ҳайати шахсии суди шаҳри Душанбе (судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд) ва судҳои ноҳияҳои тобеъи он дар чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ “Дави миллӣ ва мусобиқаи велосипедронӣ” бо рӯҳия ва масъулияти баланд фаъолона ширкат варзиданд. Муҳаммади Сафарзод                             […]
Имрӯз 30 майи соли 2025, дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишии навбатӣ миёни кормандони дастгоҳи судҳо баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, такмили малакаи касбӣ ва мустаҳкамсозии риояи меъёрҳои қонунгузорӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони суд доир шуд. Қобили зикр аст, ки ҷаласаи омӯзишӣ бо
Имрӯз ҳайати шахсии суди шаҳри Душанбе бо иштироки раиси суд Зикирзода Л.Х. дар чорабинии умумиҷумҳуриявии «Дави миллӣ», фаъолона иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва рушди оммавии варзиш миёни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, баргузор шуда, ҳазорон сокинони пойтахт, намояндагони вазорату идораҳо, донишҷӯён
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе, риояи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя, ҳифз ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояи интизоми хизматӣ ва дар ин замина пешрафти фаъолияти корӣ дар асоси дастуру супоришҳои раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л.Х. рӯзҳои
Санаи 30 апрели соли равон кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д., ва Муҳаммади Сафарзод бо мақсади фаҳмондадиҳии қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ алайҳи муқовимат бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла, терроризму экстремизм, ифротгароӣ, коррупсия ва амсоли инҳо дар пахши мустақими  “Радиои садои Душанбе” суханронӣ намуданд.
Муқовимат бо ҷинояткорӣ қисми сиёсати Ҳукумати мамлакатро ташкил медиҳад. Мақомоти судӣ низ дар ростои мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дар радифи дигар сохторҳои давлатӣ истодагарӣ намуда, дар ин самт ҳама гуна имконияту шароити мавҷударо дар доираи салоҳияти бо қонун муқарраршуда амалӣ намуда истодааст. Гузаронидани мурофиаи сайёри судӣ яке аз роҳҳои маъмултарини муқовимат ба
Мусаллам аст, ки тайи солҳои охир пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар заминаи иқдомҳои беназири Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар роҳи дигаргунсозиҳо ҳусни зебоеро фатҳ кардааст. Яке аз чунин зебогиҳо дар ҷилои сабзрангии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо роҳи шинонидани ниҳолу дарахтони
СУРАТГУЗОРИШ: Шанбегӣ аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд  бо тозаву озода намудани гирду атрофи бино, мавзеъҳои сабзаву гулзорҳо ва ҳуҷраҳои корӣ гузаронида шуд.     Муҳаммади САФАРЗОД                                                       […]
Ваҳдати миллӣ рамзи ободкориву дӯстӣ, кафли пешравии давлату ҷомеа ва заминаи шукуфоии меҳан аст. Ваҳдати миллӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик низ аз ҷумлаи неъматҳои бузург ва ба даст оварданаш дастоварди нодири таърихӣ маҳсуб меёбад Санаи 25 июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои Суди шаҳри Душанбе бо иштироки раиси суд Зикирзода Л.Х., муовини якуми раиси […]