Вохӯрии Раиси суди шаҳри Душанбе бо кормандони суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе

25 ноябри соли ҷорӣ раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ. дар якҷоягӣ бо муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе Қурбониён А. ва муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А. бо кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷлиси корӣ баргузор намуданд. Дар маҷлиси корӣ раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат, муовини раиси суд Кабирзода С.М., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок доштанд.

Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ. қайд карданд, ки санаи 21 ноябри соли 2019 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо

кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Дастгоҳ, роҳбарияти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди конститутсионӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони судҳо ва судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Мақсад аз баргузории мулоқоти Сарвари давлат ин таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, таъмини адолати судӣ, нақш ва мавқеи

ҳокимияти судӣ дар ҷомеа буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиҳои соҳа ёдовар шуда, қайд карда гузаштанд, ки дар фаъолияти кории судҳо дар баъзан маврид риоя накардани муҳлатҳои баррасии парвандаҳои судӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар сабаби ба талаботи қонунгузории амалкунанда ҷавобгӯ набудани сифати таҳияи санадҳои судӣ, онҳо аз тарафи судҳои болоӣ бекор карда мешаванд. Дар давоми даҳ сол бинобар сабаби бемасъулиятӣ ва дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаи хизматӣ, ба ҷиноят даст задани баъзе судяҳо, 25 нафар бо ҳукми Суди Олӣ маҳкум карда шуданд. Дар ин давра ҳамчунин 16 нафар корманди дастгоҳҳои судҳо барои содир кардани ҷиноят маҳкум гардиданд. Фаъолияти нокифояи судӣ дар аксар маврид

боиси норозигии шаҳрвандон мегарданд.

Дар охири ҷаласа раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ.  ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти мақомоти судӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, саривақт, босифат ва тибқи талаботи қонунгузории кишвар таҳия кардани санадҳо, сари вақт ва бо сифати баланд таҳия ва омода намудани протоколҳои маҷлиси судӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, риояи қатъии интизоми меҳнатӣ ва дигар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хабари котиби матбуотии суди н. И. Сомонии ш. Душанбе.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе