Ҳукми суди шаҳри Душанбе бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҷабалиев И.М.

Имрӯз, дар толори судии суди шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҷабалиев Иномҷон Маҳмадҷонович, ки дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳҳои 401(ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳӣ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳӣ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо) ва 3073 қисми 2 (барои иштирок дар  фаъолияти ташкилоте, ки нисбат ба он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз шабакаи интернет ё тарзи дигар)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешуд, ба итмом расид.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 04.04.2019 сол Раҷабалиев И.М. дар содир намудани маҷмуи ҷиноятҳо бо моддаҳҳои 4011 ва 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳруми аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт таъин карда шуд.

Суди шаҳри Душанбе

 

Хабари суди шаҳри Душанбе